Афродита: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1: Сатри 1:
[[File:Statue of Venus - Статуя Венеры.jpg|thumb|200px]]
[[File:Statue of Venus - Статуя Венеры.jpg|thumb|200px]]
'''Афродѝта''' — дар асотири Юнони Қадим илоҳаи ишқу зебоӣ, духтари Зевс ва Диана. Мувофиқи ривоятҳои асотирии дигар аз кафки баҳр пайдо шудааст. Афродита дар шакли зебоиҳои баҳору табиат падидор мегардад, дар байни гулҳои садбарг, шақоиқу нуъмон, бунафшаву наргис, савсану сунбул тасвир ёфтааст. Афродита нигаҳбони ҳосили фаровон, баҳрнавардон, зебоибахши замин, ақди никоҳ, кӯҳсорон, дарёҳо ва ғайра мебошад. Афродита дар дили ошиқон ҳарорати меҳру муҳаббатро афзун менамояд ва худаш низ бо эзадон Анхес, Арес ишқварзӣ мекунад. Афродита дар устураҳо хеле зебо, соҳибҷамол, дилрабо тасвир ёфтааст. Камарбанде дошт, ки аз миён боло мебаст ва бо ин зебоии андоми ӯ зиёдтар мегашт. Ҳамин гуна камарбанд­ро дар асотири ориёӣ Аредвисура Аноҳита – илоҳаи ишқу зебоӣ, илоҳаи обҳо дорад. Афродита ба илоҳаҳои финиқиҳо Астарта, бобилиҳо Иштар, мисриҳо Исида монанд аст. Ин илоҳаҳо дар тасвироти боқимонда якҷоя бо тӯдаи ҳай­во­ноти ваҳшии ромшуда – шер, гург, хирс ва ғайра пайдо мешаванд. Дар баъзе нигораҳо Афродита низ ба ҳамин шакл тасвир ёфтааст. Ба ғайр аз Юнон, дар кишварҳои дигар – Рим, Сурия, Форс, Арабистон маъбадҳои Афродита вуҷуд доштанд. Дар осори адибону файласуфон Лукретсий, Эсхил, Афлотун, шоира Сапфо ва дигар Афродита чун илоҳаву зани зебо тасвир ёфтааст. Машҳуртарин муҷассамаи Афродита, ки дар он тамоми назокату латофат, зебоии зан таҷассум ёфтааст, ба муҷассамасози Юнон Приксител (тақрибан 390–330 то м.) тааллуқ дорад. Яке аз муҷассамаҳои қадимии Афродита дар осорхонаи Луври Париж маҳфуз аст. Дар таърихи санъати тасвирӣ беҳтарин асар тимсол (портрет)-и Афродита (офаридаи Апеллес) эътироф гардидааст.
'''Афродѝта''' — дар [[Асотири Юнони Қадим|асотири]] [[Юнони Қадим]] илоҳаи ишқу зебоӣ, духтари [[Зевс]] ва [[Диана]]. Мувофиқи ривоятҳои асотирии дигар аз кафки баҳр пайдо шудааст. Афродита дар шакли зебоиҳои баҳору табиат падидор мегардад, дар байни гулҳои садбарг, шақоиқу нуъмон, бунафшаву наргис, савсану сунбул тасвир ёфтааст. Афродита нигаҳбони ҳосили фаровон, баҳрнавардон, зебоибахши замин, ақди никоҳ, кӯҳсорон, дарёҳо ва ғайра мебошад. Афродита дар дили ошиқон ҳарорати меҳру муҳаббатро афзун менамояд ва худаш низ бо эзадон Анхес, Арес ишқварзӣ мекунад. Афродита дар устураҳо хеле зебо, соҳибҷамол, дилрабо тасвир ёфтааст. Камарбанде дошт, ки аз миён боло мебаст ва бо ин зебоии андоми ӯ зиёдтар мегашт. Ҳамин гуна камарбанд­ро дар асотири ориёӣ Аредвисура Аноҳита – илоҳаи ишқу зебоӣ, илоҳаи обҳо дорад. Афродита ба илоҳаҳои финиқиҳо Астарта, бобилиҳо Иштар, мисриҳо Исида монанд аст. Ин илоҳаҳо дар тасвироти боқимонда якҷоя бо тӯдаи ҳай­во­ноти ваҳшии ромшуда – шер, гург, хирс ва ғайра пайдо мешаванд. Дар баъзе нигораҳо Афродита низ ба ҳамин шакл тасвир ёфтааст. Ба ғайр аз Юнон, дар кишварҳои дигар – [[Рим]], [[Сурия]], Форс, [[Арабистони Саудӣ|Арабистон]] маъбадҳои Афродита вуҷуд доштанд. Дар осори адибону файласуфон Лукретсий, Эсхил, [[Афлотун]], шоира Сапфо ва дигар Афродита чун илоҳаву зани зебо тасвир ёфтааст. Машҳуртарин муҷассамаи Афродита, ки дар он тамоми назокату латофат, зебоии зан таҷассум ёфтааст, ба муҷассамасози Юнон Приксител (тақрибан 390–330 то м.) тааллуқ дорад. Яке аз муҷассамаҳои қадимии Афродита дар осорхонаи Луври Париж маҳфуз аст. Дар таърихи санъати тасвирӣ беҳтарин асар тимсол (портрет)-и Афродита (офаридаи Апеллес) эътироф гардидааст.<ref>[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]], Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.122-123</ref> / М. Диловаров.
<ref>[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]], Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.122-123</ref> / М. Диловаров.




== Манбаъ ==
== Манбаъ ==
<references />
<references />
*Саъдуллоҳи Наим. Қомуси асотир ва ишороти фарҳангӣ. Д., 2006.
*Саъдуллоҳи Наим. Қомуси асотир ва ишороти фарҳангӣ. Душанбе, 2006.
[[Гурӯҳ:Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]]
[[Гурӯҳ:Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]]
[[Гурӯҳ:Асотир]]
[[Гурӯҳ:Асотир]]

Нусха 06:54, 4 ноябри 2015

Афродѝта — дар асотири Юнони Қадим илоҳаи ишқу зебоӣ, духтари Зевс ва Диана. Мувофиқи ривоятҳои асотирии дигар аз кафки баҳр пайдо шудааст. Афродита дар шакли зебоиҳои баҳору табиат падидор мегардад, дар байни гулҳои садбарг, шақоиқу нуъмон, бунафшаву наргис, савсану сунбул тасвир ёфтааст. Афродита нигаҳбони ҳосили фаровон, баҳрнавардон, зебоибахши замин, ақди никоҳ, кӯҳсорон, дарёҳо ва ғайра мебошад. Афродита дар дили ошиқон ҳарорати меҳру муҳаббатро афзун менамояд ва худаш низ бо эзадон Анхес, Арес ишқварзӣ мекунад. Афродита дар устураҳо хеле зебо, соҳибҷамол, дилрабо тасвир ёфтааст. Камарбанде дошт, ки аз миён боло мебаст ва бо ин зебоии андоми ӯ зиёдтар мегашт. Ҳамин гуна камарбанд­ро дар асотири ориёӣ Аредвисура Аноҳита – илоҳаи ишқу зебоӣ, илоҳаи обҳо дорад. Афродита ба илоҳаҳои финиқиҳо Астарта, бобилиҳо Иштар, мисриҳо Исида монанд аст. Ин илоҳаҳо дар тасвироти боқимонда якҷоя бо тӯдаи ҳай­во­ноти ваҳшии ромшуда – шер, гург, хирс ва ғайра пайдо мешаванд. Дар баъзе нигораҳо Афродита низ ба ҳамин шакл тасвир ёфтааст. Ба ғайр аз Юнон, дар кишварҳои дигар – Рим, Сурия, Форс, Арабистон маъбадҳои Афродита вуҷуд доштанд. Дар осори адибону файласуфон Лукретсий, Эсхил, Афлотун, шоира Сапфо ва дигар Афродита чун илоҳаву зани зебо тасвир ёфтааст. Машҳуртарин муҷассамаи Афродита, ки дар он тамоми назокату латофат, зебоии зан таҷассум ёфтааст, ба муҷассамасози Юнон Приксител (тақрибан 390–330 то м.) тааллуқ дорад. Яке аз муҷассамаҳои қадимии Афродита дар осорхонаи Луври Париж маҳфуз аст. Дар таърихи санъати тасвирӣ беҳтарин асар тимсол (портрет)-и Афродита (офаридаи Апеллес) эътироф гардидааст.[1] / М. Диловаров.


Манбаъ

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.122-123
  • Саъдуллоҳи Наим. Қомуси асотир ва ишороти фарҳангӣ. Душанбе, 2006.