Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
х иловаи {{Тоҷикистон}}
(бе тафовут)

Нусха 16:43, 24 Декабри 2015

Кумитаи телевизион ва радио - идораи ҷумҳуриявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба фаъолияти телевизион ва радиошунавонии ҷумҳурӣ роҳбарӣ намуда, дар баланд бардоштани савияи ғоявию сиёсӣ ва бадеии барномаҳои телевизионӣ ва радиошунавонӣ, вазъият ва инкишофи минбаъдаи кори телевизион ва радиошунавонӣ масъул аст.

Кумита соли 1957 дар назди Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфта, аз соли 1962 ба Кумитаи давлатии Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон табдил ёфт. Соли 1971 Кумитаи давлатии Шӯрои Вазорати ҶШС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ ном гирифт. Кумита айни ҳол аз чор телевизиони давлатӣ - Телевизиони Тоҷикистон (Шабакаи якум), Муассисаи давлатии Телевизиони "Сафина", телевизиони кӯдакон ва наврасон «Баҳористон», телевизиони иттилоотии «Ҷаҳоннамо», радиои «Фарҳанг», радиои «Овози тоҷик» ва радиои «Садои Душанбе» иборат буда, бо 5 забон, радиои «Овози тоҷик» бо 8 забон барномаҳо омода мекунанд. Барномаҳои иттилоотии «Ахбор», «Навид», «Хабар», силсилафилмҳои гурӯҳҳои эҷодии «Субҳ», «Фаросӯ», «Пайванд», силсилабарномаҳои «Рисолаи таърихӣ», барномаҳои ҳарҳафтаина аз [[радиои «Садои Душанбе»]] - «Шумон», аз «Радиои Тоҷикистон» - «Ҳафриёт» ва ғайраҳо барои тарғиби ҷашни 3000-солагии Ҳисори Шодмон саҳми назаррас доранд.

Дар назди Кумита дастаҳои ҳунарӣ ва рақсии «Гулшан», «Дарё», «Фалак», «Шашмақом», «Зебо» ва «Гулрез» фаъолият менамоянд. Айни ҳол тамоми шабакаҳои иттилоотии телевизион ва радиошунавонии Кумита тавассути моҳвора ва Шабакаи баландсуръати ҷаҳонии Интернет бо сифати баланд ба тамоми гӯшаҳои олам паҳн мегарданд. Фаъолияти хуби назарраси кормандони Кумита бо нишони «Аълочии телевизион ва радио» қадр карда мешавад. [1]

Нигаред

Манбаъ

  1. Донишномаи Ҳисор -Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 308