Донишгоҳи давлатии Бохтар: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 18: Сатри 18:


== Таърих ==
== Таърих ==
Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав соли [[1978]] ҳамчун шӯъбаи қӯрғонтепагии [[Донишкада]]и омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (айни ҳол [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ]]) таъсис гардида, соли [[1991]] тибқи Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз [[11 март]]и соли [[1991]] ва фармони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз [[13 март]]и соли [[1991]] шӯъба (филиал) ба [[Донишкада]]и давлатии омӯзгории шаҳри Қӯрғонтеппа табдил ёфт.
Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав соли [[1978]] ҳамчун шуъбаи қӯрғонтепагии [[Донишкада]]и омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (айни ҳол [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ]]) таъсис гардида, соли [[1991]] тибқи Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз [[11 март]]и соли [[1991]] ва фармони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз [[13 март]]и соли [[1991]] шӯъба (филиал) ба [[Донишкада]]и давлатии омӯзгории шаҳри Қӯрғонтеппа табдил ёфт.


Соли [[1992]] [[Донишкада]] ба Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа мубаддал гардида, ба номи олим ва файласуф, фарзанди Хатлонзамин [[Носири Хусрав]]и Қубодиёнӣ гузошта шуд.
Соли [[1992]] [[Донишкада]] ба Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа мубаддал гардида, ба номи олим ва файласуф, фарзанди Хатлонзамин [[Носири Хусрав]]и Қубодиёнӣ гузошта шуд.

Нусха 05:56, 26 Декабри 2015

*
*
Шумо донишҷӯ ё омӯзгор? Дар лоиҳаи Мактабҳо ва донишгоҳҳо иштирок кунед.

Шаблон:Донишгоҳи кутти

Акс:Монумент в г. Кургантюбе (Таджикистан).jpg
ш. Қӯрғонтеппа
Акс:КТГУ (Таджикистан).jpg
Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав

Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав яке аз дошишгоҳҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон мебошад.

Маълумоти мухтасар

Донишгоҳ соли 1978 дар ш. Қӯрғонтеппа вилояти Хатлон таъсис ёфтааст. Дар замони шӯравӣ номгузориаш Донишкадаи давлатии педагогии Қӯрғонтеппа буд. Мақоми донишгоҳ мактаби олии омӯзгорӣ буда, дорои иҷозатномаҳои (литсензияҳои) давлатии Вазорати маорифи Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ мебошад.

Таърих

Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав соли 1978 ҳамчун шуъбаи қӯрғонтепагии Донишкадаи омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (айни ҳол Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) таъсис гардида, соли 1991 тибқи Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 1991 ва фармони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 1991 шӯъба (филиал) ба Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Қӯрғонтеппа табдил ёфт.

Соли 1992 Донишкада ба Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа мубаддал гардида, ба номи олим ва файласуф, фарзанди Хатлонзамин Носири Хусрави Қубодиёнӣ гузошта шуд.

Дар 9 бинои таълимии донишгоҳ 7 факулта, 24 кафедра, 144 синфхона, 19 озмоишгоҳи таълимӣ, 2 озмоишгоҳи таълимӣ-таҳқиқотӣ, коллеҷи омӯзгорӣ, гимназия ҷойгир шудаанд. Масоҳати таълимии донишгоҳ 68579 м2 ташкил дода, барои таҳсили 3150 донишҷӯ дар як баст ҷойи нишаст муҳайё карда шудааст. Дарсҳои амалӣ ва таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯён дар 2 хоҷагии таълимӣ-таҷрибавӣ дар масоҳати 7 га замин гузаронида мешаванд. Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав аъзои шабакаи Донишгоҳҳои Евроосиё мебошад.

Факултетҳо

  1. Таҳсилоти ибтидоӣ ва варзиш
  2. Филология
  3. Таърих ва ҳуқуқ
  4. Химия ва биология
  5. Физика ва математика
  6. Иќтисодӣ
  7. Информатика

Маъмурият

1. Ректор: номзади илми физикаю математика, досент Шодиев Маҳмад Султонович


2. Ноиби ректор оид ба таълим

Абдураҳимов Қудратулло Саидович,

профессор, доктори илмҳои педагогӣ.


3. Ноиби ректор оид ба илм

Абдураҳимов Алимурод Одинаевич,

номзади илмҳои физика ва математика, дотсент


4. Ноиби ректор оид ба тарбия

Каримова Хуҷабӣ,

номзади илми педагогика, дотсент.


5. Ноиби ректор оид ба корҳои байналмилалӣ

Абдулҳай Комилӣ,

номзади илми таърих.


6. Ноиби ректор оид ба иқтисод

Қараев Исломиддин,

номзади илми педагогика.

Пайвандҳои беруна

Сомонаи расмӣ