Гиёҳхорӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Барчасбҳо: вироишгари дидорӣ вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 9: Сатри 9:
Дар маданияти ниёгони форсу тоҷик низ ишора ба гиёхӯрй аз замонҳои қадим омадааст.
Дар маданияти ниёгони форсу тоҷик низ ишора ба гиёхӯрй аз замонҳои қадим омадааст.
Дар Шоҳномаи Фирдавсй дар бораи шоҳ Заҳҳок омадааст, ки ошпазе ба хизмати Заҳҳок меояд ва бори аввал ба ӯ аз гӯшти ҳайвонҳо хӯрок омода карда медиҳад:
Дар Шоҳномаи Фирдавсй дар бораи шоҳ Заҳҳок омадааст, ки ошпазе ба хизмати Заҳҳок меояд ва бори аввал ба ӯ аз гӯшти ҳайвонҳо хӯрок омода карда медиҳад:

“ Чу бишнид Заҳҳок, бинвохташ
“ Чу бишнид Заҳҳок, бинвохташ

Зи баҳри хуриш ҷойгаҳ сохташ
Зи баҳри хуриш ҷойгаҳ сохташ

Калиди хуришхонаи подшо
Калиди хуришхонаи подшо

Бад-ӯ дод дастури фармонраво.
Бад-ӯ дод дастури фармонраво.

Фаровон набуд он замон парвариш
Фаровон набуд он замон парвариш

Ки камтар буд аз куштаниҳо х(в)ариш.
Ки камтар буд аз куштаниҳо х(в)ариш.

Ҷуз аз рустаниҳо нахурданд чиз
Ҷуз аз рустаниҳо нахурданд чиз

Зи ҳарч-аз замин сарбаровард низ.
Зи ҳарч-аз замин сарбаровард низ.

Пас Оҳармани бадкуниш рой кард
Пас Оҳармани бадкуниш рой кард

Ба дил куштани ҷонвар ҷой кард.
Ба дил куштани ҷонвар ҷой кард.

Зи ҳар гуна аз мурғу аз чорпой
Зи ҳар гуна аз мурғу аз чорпой

Хуриш карда овард як – як ба ҷой.”
Хуриш карда овард як – як ба ҷой.”

Мувофиқи гуфтаҳои Доктор Паллан Ичапория ишорае дар бораи гиёҳхурӣ дар матни зардуштӣ дар Китоби 6-уми Динкард, ки бо забони форсии миёна (Паҳлавӣ) аз тарафи рӯҳонӣ Атрупати Эметан навишта шудааст, омадааст:
Мувофиқи гуфтаҳои Доктор Паллан Ичапория ишорае дар бораи гиёҳхурӣ дар матни зардуштӣ дар Китоби 6-уми Динкард, ки бо забони форсии миёна (Паҳлавӣ) аз тарафи рӯҳонӣ Атрупати Эметан навишта шудааст, омадааст:
"ku.san enez a-on ku urwar khwarishn bawed shmah mardoman ku derziwishn bawed, ud az tan-i gospand pahrezed, ce amar was, eg Ohrmaz i khwaday hay.yarih i gospand ray urwar was dad,"
"ku.san enez a-on ku urwar khwarishn bawed shmah mardoman ku derziwishn bawed, ud az tan-i gospand pahrezed, ce amar was, eg Ohrmaz i khwaday hay.yarih i gospand ray urwar was dad,"

Нусха 01:54, 29 феврали 2016

Рӯи дастархони гиёҳхӯрон

Гиёҳхӯрӣ ё ки вегетарианизм - як намуди бурдани ҳаёт бе истеъмоли гӯшти ҳамагуна ҳайвон мебошад. Чандин навъи гиёҳхурӣ вуҷуд дорад. Пайравони гиёҳхӯри асил, аз истеъмол ё истифодаи ҳамагуна маҳсулоти аз ҳайвон тайёршударо парҳез мекунанд. (Масалан: хӯрокворӣ: шири ҳайвонҳо, тухм, асал; либос: пӯст, пашм в. ғ.). Онҳо дар канори нахӯрдани ғизоҳои ҷонварй ба озор ва куштори ҷонварон низ мухолифат мекунанд. Ин намуди гиёҳхуронро баъзан "Гиёҳхӯри комил" ё ки "Веган" меноманд. Имрӯз дар ҳама кишварҳои ҷаҳон гиёҳхӯрон вуҷуд доранд ва дар баъзе кишварҳо гиёҳхӯрӣ дорои решаҳои таърихӣ ва мазҳабӣ аст.

Таърих

Маълумоти аввалин дар бораи гиёҳхӯрӣ аз Тамаддуни Водии Ҳинд дар асрҳои VII пеш аз мелод бармеояд. Гиёҳхӯрӣ боз дар солҳои 30 – 50 уми мелодӣ дар заминҳои имрӯзаи Сербия ва Булғория аз тарафи қабилаи Моеси риоя карда мешуд. Ғизои онҳо асал, шир ва панир буд. Дар маданияти Ҳинд гиёҳхӯрй бо сабаби ранҷу шиканҷа надодани ҷонварон (дар Ҳиндустон Ахимса номида мешавад) риоя карда мешуд ва аз тарафи мазҳабҳои динӣ ва файласуфон ташфиқот мешуд. Дар байни Юнониҳо, Мисриҳо ва дигарон гиёҳхӯрӣ бо максади тиббӣ ва ё ритуалӣ риоя карда мешуд.

Дар маданияти ниёгони форсу тоҷик низ ишора ба гиёхӯрй аз замонҳои қадим омадааст. Дар Шоҳномаи Фирдавсй дар бораи шоҳ Заҳҳок омадааст, ки ошпазе ба хизмати Заҳҳок меояд ва бори аввал ба ӯ аз гӯшти ҳайвонҳо хӯрок омода карда медиҳад:

“ Чу бишнид Заҳҳок, бинвохташ

Зи баҳри хуриш ҷойгаҳ сохташ

Калиди хуришхонаи подшо

Бад-ӯ дод дастури фармонраво.

Фаровон набуд он замон парвариш

Ки камтар буд аз куштаниҳо х(в)ариш.

Ҷуз аз рустаниҳо нахурданд чиз

Зи ҳарч-аз замин сарбаровард низ.

Пас Оҳармани бадкуниш рой кард

Ба дил куштани ҷонвар ҷой кард.

Зи ҳар гуна аз мурғу аз чорпой

Хуриш карда овард як – як ба ҷой.”

Мувофиқи гуфтаҳои Доктор Паллан Ичапория ишорае дар бораи гиёҳхурӣ дар матни зардуштӣ дар Китоби 6-уми Динкард, ки бо забони форсии миёна (Паҳлавӣ) аз тарафи рӯҳонӣ Атрупати Эметан навишта шудааст, омадааст: "ku.san enez a-on ku urwar khwarishn bawed shmah mardoman ku derziwishn bawed, ud az tan-i gospand pahrezed, ce amar was, eg Ohrmaz i khwaday hay.yarih i gospand ray urwar was dad,"

Ичапория ба забони англисй чунин тарҷума кардааст: "They hold this also: Be plant eaters (urwar khwarishn i.e. vegetarian), O you, men , so that you may live long. Keep away from the body of cattle (tan-i gospand), and deeply reckon that Ohrmazd, the Lord has created plants in great number for helping cattle (and men)". Тарчума ба забони тоҷикӣ: “онҳо инро низ мегуянд: Гиёҳхӯр бошед (urwar khwarishn, яъне гиёҳ хӯр), шумо мардумон то ки дарозумр бошед, даст аз тани гӯспанд парҳезед ва дарк кунед ки Ҳурмузи худой барои ёрӣ ба гӯспанд растаниҳоро офаридааст,”

Гиёҳхӯрӣ дар асрҳои 19 ва 20 аз нав эҳё шуд ва дар бисёр мамлакатҳо паҳн гашт. Соли 1847 якумин Ҷамъияти Гиёҳхурон дар Британияи Кабир ва баъдан дар Олмону Нидерланду дигар мамлакатҳо ташкил карда шуданд. Дар соли 1908 Иттифоқи Байналхалқии Гиёҳхурон ташкил карда шуд, ки он ҷамъиятҳои миллиро ба ҳам пайваст. Дар давлатҳои Ғарб гиёҳхӯрӣ бо сабабҳои парҳезӣ, этикӣ, иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист дар асри 20 хеле паҳн гардид.

Маълумоти умумӣ

Хел ва тарзҳои гиёҳхӯрӣ

Ҷуғрофия

Ошхонаи гиёҳхӯрӣ

Бингаред