Гиёҳхорӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 57: Сатри 57:
Нимгиёххурон: гиёҳхуроне ки гушти сурхро парҳез мекунанд, аммо гушти мург ва моҳиро истифода мекунанд.
Нимгиёххурон: гиёҳхуроне ки гушти сурхро парҳез мекунанд, аммо гушти мург ва моҳиро истифода мекунанд.
Пескетарианҳо: гиёҳхуроне ки аз гушти сурх ва мург парҳез мекунанд, аммо гушти моҳиро истифода мебаранд.
Пескетарианҳо: гиёҳхуроне ки аз гушти сурх ва мург парҳез мекунанд, аммо гушти моҳиро истифода мебаранд.
==Саломатӣ ва нигарониҳо==


==Ҷуғрофия==
==Ҷуғрофия==

Нусха 16:24, 14 марти 2016

Рӯи дастархони гиёҳхӯрон

Гиёҳхӯрӣ ё ки вегетарианизм - як намуди бурдани ҳаёт бе истеъмоли гӯшти ҳамагуна ҳайвон мебошад. Чандин навъи гиёҳхурӣ вуҷуд дорад. Пайравони гиёҳхӯри асил, аз истеъмол ё истифодаи ҳамагуна маҳсулоти аз ҳайвон тайёршударо парҳез мекунанд. (Масалан: хӯрокворӣ: шири ҳайвонҳо, тухм, асал; либос: пӯст, пашм в. ғ.). Онҳо дар канори нахӯрдани ғизоҳои ҷонварй ба озор ва куштори ҷонварон низ мухолифат мекунанд. Ин намуди гиёҳхуронро баъзан "Гиёҳхӯри комил" ё ки "Веган" меноманд. Имрӯз дар ҳама кишварҳои ҷаҳон гиёҳхӯрон вуҷуд доранд ва дар баъзе кишварҳо гиёҳхӯрӣ дорои решаҳои таърихӣ ва мазҳабӣ аст.

Таърих

Маълумоти аввалин дар бораи гиёҳхӯрӣ аз Тамаддуни Водии Ҳинд дар асрҳои VII пеш аз мелод бармеояд. Гиёҳхӯрӣ боз дар солҳои 30 – 50 уми мелодӣ дар заминҳои имрӯзаи Сербия ва Булғория аз тарафи қабилаи Моеси риоя карда мешуд. Ғизои онҳо асал, шир ва панир буд. Дар маданияти Ҳинд гиёҳхӯрй бо сабаби ранҷу шиканҷа надодани ҷонварон (дар Ҳиндустон Ахимса номида мешавад) риоя карда мешуд ва аз тарафи мазҳабҳои динӣ ва файласуфон ташфиқот мешуд. Дар байни Юнониҳо, Мисриҳо ва дигарон гиёҳхӯрӣ бо максади тиббӣ ва ё ритуалӣ риоя карда мешуд.

Дар маданияти ниёгони форсу тоҷик низ ишора ба гиёхӯрй аз замонҳои қадим омадааст. Дар Шоҳномаи Фирдавсй дар бораи шоҳ Заҳҳок омадааст, ки ошпазе ба хизмати Заҳҳок меояд ва бори аввал ба ӯ аз гӯшти ҳайвонҳо хӯрок омода карда медиҳад:

“ Чу бишнид Заҳҳок, бинвохташ

Зи баҳри хуриш ҷойгаҳ сохташ

Калиди хуришхонаи подшо

Бад-ӯ дод дастури фармонраво.

Фаровон набуд он замон парвариш

Ки камтар буд аз куштаниҳо х(в)ариш.

Ҷуз аз рустаниҳо нахурданд чиз

Зи ҳарч-аз замин сарбаровард низ.

Пас Оҳармани бадкуниш рой кард

Ба дил куштани ҷонвар ҷой кард.

Зи ҳар гуна аз мурғу аз чорпой

Хуриш карда овард як – як ба ҷой.”

Мувофиқи гуфтаҳои Доктор Паллан Ичапория ишорае дар бораи гиёҳхурӣ дар матни зардуштӣ дар Китоби 6-уми Динкард, ки бо забони форсии миёна (Паҳлавӣ) аз тарафи рӯҳонӣ Атрупати Эметан навишта шудааст, омадааст: "ku.san enez a-on ku urwar khwarishn bawed shmah mardoman ku derziwishn bawed, ud az tan-i gospand pahrezed, ce amar was, eg Ohrmaz i khwaday hay.yarih i gospand ray urwar was dad,"

Ичапория ба забони англисй чунин тарҷума кардааст: "They hold this also: Be plant eaters (urwar khwarishn i.e. vegetarian), O you, men , so that you may live long. Keep away from the body of cattle (tan-i gospand), and deeply reckon that Ohrmazd, the Lord has created plants in great number for helping cattle (and men)". Тарчума ба забони тоҷикӣ: “онҳо инро низ мегуянд: Гиёҳхӯр бошед (urwar khwarishn, яъне гиёҳ хӯр), шумо мардумон то ки дарозумр бошед, даст аз тани гӯспанд парҳезед ва дарк кунед ки Ҳурмузи худой барои ёрӣ ба гӯспанд растаниҳоро офаридааст,”

Гиёҳхӯрӣ дар асрҳои 19 ва 20 аз нав эҳё шуд ва дар бисёр мамлакатҳо паҳн гашт. Соли 1847 якумин Ҷамъияти Гиёҳхурон дар Британияи Кабир ва баъдан дар Олмону Нидерланду дигар мамлакатҳо ташкил карда шуданд. Дар соли 1908 Иттифоқи Байналхалқии Гиёҳхурон ташкил карда шуд, ки он ҷамъиятҳои миллиро ба ҳам пайваст. Дар давлатҳои Ғарб гиёҳхӯрӣ бо сабабҳои парҳезӣ, этикӣ, иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист дар асри 20 хеле паҳн гардид.

Маълумоти умумӣ

Хел ва тарзҳои гиёҳхӯрӣ

Гиёҳхӯрон дар асоси тарзи фикрронй ва ҳадафашон аз гиёҳхӯрӣ ба дастаҳои мухталифе таксим мешаванд: Веган: як равиши хурокхурӣ ва зиндагй аст, ки ҳадафи он ҳифзи ҳар навъ маҳсулоти ҷонварӣ чӣ дар ғизо ва чӣ дар маводи масрафй аст. Муҳимтарин далели веган шудани афрод (касоне ки ба веганизм эътиқод доранд) масъалаҳои этикӣ ва риояи ҳуқуқи ҳайвонот, ҳифзи муҳити зист, ҳифзи саломатӣ, масъалаҳои маънавӣ ва ё мазҳабӣ аст. Бисёре аз шахсони веган ба парвариши саноатии ҳайвонот ва озмоиши онҳо мухолифат мекунанд. Аз мухимтарин маҳсулоти ҳайвонӣ, ки веганҳо аз истифодаашон худдорӣ мекунанд метавон намудҳои гушт (гӯшти сурх, моҳй, мурғ ва гайра), шир, тухм, асал, абрешим, чарм, ва ғайраро ном бурд, ва низ маҳсулоте ки, дар онҳо аз маҳсулоти ҳайвонй (ба монанди желе ки аз желатин ба даст меояд) истифода шудааст. Хомгиёҳхурон: дар ин равиши таомхурӣ гӯшт, шир ва маҳсулоти ширй, тухми мурғ ба ҳеҷ навъ ва сурате масраф намешавад. Хомгиёҳхурон аз маводи монанди қаҳва, чой нушокиҳои спиртӣ ё сигор худдорй мекунанд ва онҳоро ба кор намебаранд. Ғизоҳои онҳо аз намудҳои меваҷот, сабзавот ва салатҳои хом, хушкмева монанди чормагз, писта, финдиқ, бодом, кунҷит ва донаҳои гандум, наск, мош, нахуд, соя ва шириниҳо мисли мавиз, хурмо анҷир иборат аст, ва онҳоро дар сурати хом ва табиӣ истифода мебаранд. Мевахурон: Он даста аз хом гиёҳхуроне ҳастанд ки танҳо аз меваҳо ва маҳсулоти гиёҳон истифода мекунанд. Лакто-вегетарианҳо: гиёҳхуроне ки намудҳои гушт ва тухми мургро истифода намекунанд, аммо шир ва маҳсулоти шириро истифода мабаранд. Ово- вегетарианҳо: гиёҳхуроне ки маҳсулти гуштӣ ва шириро истифода намебаранд, лекин тухми мурғро истифода мебаранд Ово-лакто вегетарианҳо: гиёҳхуроне ки маҳсулоти ширӣ ва тухми мурғро истифода мебаранду аз гушт ва маҳсулоти гуштӣ парҳез мекунанд. Нимгиёххурон: гиёҳхуроне ки гушти сурхро парҳез мекунанд, аммо гушти мург ва моҳиро истифода мекунанд. Пескетарианҳо: гиёҳхуроне ки аз гушти сурх ва мург парҳез мекунанд, аммо гушти моҳиро истифода мебаранд.

Саломатӣ ва нигарониҳо

Ҷуғрофия

Ошхонаи гиёҳхӯрӣ

Бингаред