Душанбе: Тафовут байни таҳрирҳо
No edit summary |
No edit summary |
||
Сатри 1: | Сатри 1: | ||
{{МА |
{{МА |
||
|унвон = |
|унвон = Шаҳр |
||
|номи тоҷикӣ = Душанбе |
|номи тоҷикӣ = Душанбе |
||
|номи аслӣ = |
|номи аслӣ = |
Нусха 05:28, 24 июни 2016
Маҳалли аҳолинишин | |||
|
|||
38°24′23″ с. ш. 68°47′11″ в. д.HGЯO | |||
Кишвар | [[|]] | ||
Вилоят | Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ | ||
Тақсимоти дохилӣ | 4 ноҳия (Исмоили Сомонӣ, Сино, Шоҳмансур, Фирдавсӣ) | ||
Мири шаҳр | Маҳмадсаид Убайдуллоев аз 1996 | ||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||
Таъсис | асри XVII |чоряки якуми асри XVII | ||
Аввалин номбарӣ | 1676 | ||
Номҳои пешина | Сталинобод 1929 - 1961 | ||
Масоҳат | 126,6 км² | ||
Баландии марказ | 706 м | ||
Минтақаи замонӣ | {{{минтақаи замонӣ}}} | ||
Аҳолӣ | |||
Аҳолӣ | ▲802 200 тан | ||
Зичӣ | 6 366 тан/км² | ||
Агломератсия | ▲ 1 485 100 (2016) | ||
Номи қавмӣ | душанбегӣ | ||
Забони расмӣ | тоҷикӣ | ||
Шиносаҳои ададӣ | |||
Пешшумораи телефон | +992 37 | ||
Нишонаи почта | 734000 | ||
Коди мошин | 01 ва 05 | ||
|
|||
dushanbe.tj (тоҷ.)(рус.)(англ.) |
|||
|
|||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Душанбе (форсӣ: دوشنبه) – калонтарин шаҳр ва пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Масоҳати шаҳр 124,6 км кв аст ва дар он 788,7 ҳазор нафар (Соли 2015) шаҳрванд зиндагӣ мекунанд. Аммо дар асл дар шаҳри Душанбе зиёда аз 1 миллион шахс зиндагӣ мекунад. Дарозии умумии кӯча, гузаргоҳҳо, роҳҳои соҳилӣ, пулҳо, роҳҳои зеризаминиаш – 705,6 км аст. Масоҳати фазои сабз ва дарахтонаш – 74800 метри мураббаъ мебошад. Шаҳр дорои чаҳор ноҳияи маъмурӣ: Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Сино мебошад.[1] Пойтахти Тоҷикистон аз ҷумла - 230 корхонаи саноатӣ, 38 корхонаи таробарӣ, 132 корхонаи сохтмонӣ, 40 банк, 8 меҳмонхона, 35 бемористон, 21 масҷид, 121 мактаби таҳсилоти умумӣ, 14 омӯзишгоҳ, 12 коллеҷ, 21 донишгоҳ, 7 осорхона ва 7 намоишсаро-ро дорад.
Таърих
Сарзамине, ки ҳамакнун шаҳри Душанбе дар он ҷой дорад, дар садаҳои миёна «Шумон» (форсӣ: «شومان») ном доштааст ва дар роҳномаҳо ва таърихномаҳои қадим ба гунаи «Сумон» (форсӣ: «سومان») низ навишта шудааст. Дар «Ҳудуд-ул-олам мин-ал-Машриқ илал-Мағриб» омада: «Шумон шаҳрест устувор ва бабаро кӯҳ ниҳода ва гирди ӯ борае кашида ва ӯро куҳандизест бар сари кӯҳ ниҳода ва андар миёни куҳандиз чашмаи обаст бузург. Аз вай заъфарон хезад бисёр».[2] Шумон дар қисмати болооби рӯди Қубодиён ва шимоли Пули Сангин ва шаҳри Вошҷирд (Висагирд, акнун - Файзобод) воқеъ буд, ки ба гуфтаи Истахрӣ ба андозаи Тирмиз вусъат дошт ва ба масофати андаке дар ҷануби он қалъаи бузурги Шумон вокеъ буд. Муқаддасӣ дар «Аҳсан ал-тақосим» гӯяд: «Шумон маконе пурҷамъият ва ободу неку аст». Шарафуддин Алии Яздӣ дар «Зафарномаи Темурӣ» аз ин қалъа ба номи «Ҳисори Шодмон» (форсӣ: «حصار شادمان») ёд карда ва ғолибан онро ба сурати мухтасар «Ҳисор» (форсӣ: «حصار») ё «Ҳисорак» (форсӣ: «حصارک») навишта ва имрӯз ҳам «Ҳисор» маъруф аст.[3] Шоёни ёдоварист, ки вожаи «ҳисор» арабӣ ва маънояш «диж» ва «қалъа» аст. Қалъае, ки ҳамакнун дар 5-километрии шимолу ғарбии шаҳри Душанбе қарор дорад, бозмонда аз ҳамон шаҳри Шумон аст, ки дар садаҳои XV – XVII м. «ҳисори Шодмон», яъне «қалъаи Шодмон», номида мешуд. Бар асари касрати талаффуз «Шодмон» аз он афтоду «ҳисор» монд ва исми хос - «Ҳисор» – гашт.
Дар оғози садаи XX ин қалъа тахтгоҳи беки Ҳисор Шоҳимардонқул буд ва дар заминларзаи 8 сентябри соли 1907 вайрон шуд ва аз он танҳо як дарвоза ва ду бурҷ дар миёни ду кӯҳ барҷой монда аст. Пас аз он заминларза Шоҳимардонқул ба қалъаи Душанбе кӯчид ки дар он замон маркази яке аз амлокдориҳояш буд ва аз он пас Душанбе тахтгоҳи беки Ҳисор шуд.
Аз ҷойноми «Душанбе» (форсӣ: «دوشنبه») барои нахустин бор дар китоби донишманди балхӣ Маҳмуд ибни Валӣ «Баҳр ул-аъроф фи маноқиб ал-хайр» (оғози садаи XVII м.) ва номаи хони Балх Субҳонқул Баҳодур ба шоҳи давлати Рус Фёдор Алексеевич (декабри 1676) ёд шудааст. Дар санаде бозмонда аз соли 1826 ин шаҳр «Душанбе-қурғон» (форсӣ: «دوشنبه قورغان») номида шудааст. «Қурғон» вожаи туркӣ ва маънояш «қалъа» ва «ҳисор» аст. Қалъаи Душанбе дар канораи чапи рӯди Варзоб ҷой дошта ва ҳар рӯзи душанбе дар назди он бозор баргузор мешудааст. Номи кунунии пойтахти Тоҷикистон ёдовари ҳамин бозор аст. Азбаски ин ҷойро «душанбебозор» мегуфтанд, деҳкадае, ки бо гузашти замон дар ҷои «душанбебозор» пайдо шуд, Душанбе ном гирифт.
Соли 1924, пас аз ташкил кардани Ҷумҳурии Мухтории Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон дар таркиби Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон, Душанбе шаҳр ва пойтахт эълон гардид.
16 октябри соли 1929 Душанбе ба Сталинобод, (бахшида ба роҳбари ҳамонвақтаи ИҶШС Иосиф Сталин (1924-1953) номаш иваз гардид. Соли 1961 дубора Душанбе номида шуд. Чунин иваз кардани номҳои шаҳру маҳалҳои аҳолинишин дар натиҷаи тағйир ёфтани сохти ҷамъиятиву сиёсӣ дар Тоҷикистон ба вуқуъ омадааст ( Ниг:Рӯйхати номгузориҳои навини шаҳрҳои Тоҷикистон)
Аҳолӣ
(ҳазор нафар) (Мувофиқи барӯйхатгирии аҳолӣ)
Соли 1926 – 5,6;
Соли 1939 – 82,6;
Соли 1959 – 233,5;
Соли 1970 – 376,2;
Соли 1979 – 492,2;
Соли 1989 – 594,1;
Соли 2000 – 562,0;
Соли 2010 – 724,8;
Соли 2012 – 747,5;
Соли 2013 – 764,3;
Соли 2014 – 778,5;
- – Мувофиқи маълумоти фаврӣ ба ҳолати 01.01.2015.[1]
Иқлим
Иқлими Душанбе | |||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Нишондод | Янв. | Фев. | Март | Апр. | Май | Июн | Июл | Авг. | Сен. | Окт. | Нояб. | Дек. | Сол |
Максимуми мутлақ, °C | 21,6 | 23,1 | 29,6 | 33,8 | 38,8 | 42,8 | 49,0 | 42,8 | 38,9 | 36,8 | 29,7 | 24,3 | 49,0 |
Максимуми миёна, °C | 9,4 | 10,6 | 15,6 | 20,6 | 26,1 | 32,8 | 35,6 | 34,4 | 30,0 | 23,3 | 15,6 | 10,6 | 22,1 |
Ҳарорати миёна, °C | 1,7 | 4,0 | 8,8 | 15,1 | 19,7 | 24,8 | 27,4 | 25,4 | 20,3 | 14,2 | 8,6 | 4,0 | 14,5 |
Минимуми миёна, °C | −0,6 | 1,7 | 5,6 | 9,4 | 13,3 | 17,8 | 19,4 | 17,2 | 12,8 | 7,8 | 3,3 | 0,6 | 9,0 |
Минимуми мутлақ, °C | −26,6 | −17,3 | −13,4 | −7,8 | 1,2 | 8,4 | 10,9 | 8,1 | 3,0 | −4,4 | −13,5 | −19,5 | −26,6 |
Андозаи бориш, мм | 66 | 75 | 108 | 105 | 66 | 6 | 3 | 1 | 3 | 31 | 45 | 60 | 568 |
Сарчашма: Sistema de Clasificación Bioclimática Mundial Hong Kong Observatory |
Саноат
Душанбе ба калонтарин маркази саноатӣ табдил ёфтааст. Дар пойтахт ба миқдори 40 фисад (%) иқтидори саноати мамлакат ҷойгир буд. Дар пойтахт тақрибан 15 фисади (%) аҳолии ҷумҳурӣ зиндагӣ мекард ва чоряки маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакатро истеҳсол мекард. Комплекси саноатии пойтахт ҳоло 230 корхонаи саноатии гуногуншаклро дар бар мегирад, ки дар он зиёда аз 19 ҳазор аҳолии пойтахт фаъолият доранд.[5] Аз ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот 30 % молҳои сермасриф(аз ҷумла хурокворӣ) ташкил медиҳад. Маҳсулоти аз коргоҳҳои пойтахт ба фуруши беруна мерафтаро: матоъҳои пахтагин, ресмони пахтагин, коркарди маҳсулоти ҷуроббарорӣ, маҳсулоти кабелбарорӣ, арматура ва маҳсулоти коркарди кишоварзӣ ва диг. ташкил медиҳад. Зиёда аз 10 корхонаҳои якҷоя бо ширкатҳои хориҷӣ дар Душанбе фаъолият доранд.
Тақсимоти корхонаҳои истеҳсолӣ аз нуқтаи назари соҳаҳои бартарӣ дошта.
- Саноати сабук – соҳаи бештар тараққикардаи саноати комплексии пойтахт мебошад. Чунин ҳолат ба он маънидод мешавад, ки манбаи асосии ашёҳо (пахта, нахи маҳинах ва ғайра) дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсол мешаванд. На танҳои корхонаҳои шаҳр, балки корхонаҳои бузурги ҷумҳуриро ба мисли ташкилоти истеҳсолии ҶММ «Насоҷӣ» (корхонаи бофандагӣ ва ресандагӣ ), ки бо қувваи истеҳсолӣ дар як сол коркарди пахтаи маҳинахро ба 25 ҳазор тонна мерасонад, дар бар мегирад. ҶС «Чевар» корхонаи барои истеҳсоли махсулоти дузандагии тайёр, ҶС «Нафиса» корхонаи коркарди маҳсулоти ҷуроббарорие, ки дар айни замон асосан маҳсулоти худро ки аз нахи пахта иборат аст, истеҳсол меамоянд.
- Соҳаҳои барқӣ, мошинсозӣ ва металлургӣ - корхонаҳои азими ҷумҳурӣ ба ҳисоб мераванд. ИИВД «Текстилмаш» (истеҳсоли дастгоҳҳо ва таҷҳизот барои саноати пахтатозакунӣ, хоҷагии қишлоқ, истеҳсоли ҳисобкунакҳои газӣ, неъругоҳҳои барқии хурд ва автономӣ, васл намудани техникаи хоҷагии қишлоқ) ҶС «Тоҷиккабел» - корхонаи истеҳсли маҳсулоти кабелӣ (зиёда 40 номгӯи ва намуд сар карда, аз кабелҳои телефонӣ то кабеҳои пуриқтидори электронӣ) ҶС «Сомон-таҷҳизот» корхонаи истеҳсоли техникаи электронӣ, молҳои электрикӣ маиши, ҶС «Торгмаш» - корхонаи истеҳсоли таҷҳизот барои муассисаҳои савдо, ҶС «Заводи арматурбарорӣ»- корхонаи истеҳсоли рехти чуян, арматура.
- Саноати хурокворӣ ва коркардабарорӣ: Тамоми намуди маҳсулоти хуроквориро истеҳсол менамоянд, инчунин молҳои машруботиро. Яке аз соҳаҳои калонтарин ин комбинати ширбарорӣ ва гушту консерва, заводи машруботи шаҳри Душанбе, комбинати хуроквории Тоҷикистон, корхонаҳои маҳсулоти нон «Нонпаз», қанодӣ, фабрикаи «Ширин» мебошанд.
- Саноати масолеҳи бинокорӣ - заводи сементбарории шаҳри Душанбе, заводи шифербарорӣ, заводи хишбарорӣ ва инчунин дигар корхонаҳоро, ки масолеҳи бинокорӣ конструксияи бетонӣ истеҳсол менамоянд, дар бар мегирад.
- Соҳаи электроэнергетикӣ - корхонаҳои ТЭТС-и Душанбе ва неругоҳҳоии барқии Варзоб - корхонаҳои коркарди электроэнергетикӣ ва гармиро дар бар мегирад.
- Саноати кимиёвии пойтахт - аз корхонаҳои коркардбарории масолеҳи нефтӣ ва истеҳсоли ашёи пластмассагӣ иборат аст.
- Саноати ҷангал, коркарди чӯб, қоғаз ва селюлоза – ба худ корхонаҳои истеҳсоли коркарди ҷангал, истеҳсоли ашё барои мебел, ки ба стандартҳои давлатӣ таносуб аст, дар бар мегирад.
- Саноати полиграфӣ - зиёда аз 20 коргоҳҳро дар бар гирифта, ки китоб ва дигар намуди чопи полиграфиро истеҳсол менамоянд.[6]
Маркази илмӣ-фарҳангӣ
Душанбе яке аз калонтарин маркази илмӣ-фарҳангӣ ба шумор меравад. Дар Академияи илмҳои Тоҷикистон, ки ба он 20 Пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ шомил буда, дар онҳо дар соҳаҳои физика, астрофизика, риёзиёт, зилзилашиносӣ, кимиё, геология, гастроэнтрология, зоология, ботаника, растаниҳои физиологӣ, генетика, иқтисод, фалсафа, ҳуқуқ, таърих ва бостоншиносӣ, этнографӣ, забон ва адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ тадқиқотҳо бурда мешаванд. 21 донишгоҳҳу донишкадаҳои пойтахт ҳар сол ҳазорҳо мутахассисони соҳаи гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳуриро тайёр менамоянд.
Нақши Душанбе дар рушди фарҳанг бузург аст. Устодони барҷастаи назму насри муосири тоҷик Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Мирсаид Миршакар, Мӯъмин Қаноат, Боқӣ Раҳимзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Лоиқ Шералӣ ва дигарҳо дар рушди адабиёти муосири тоҷик на танҳо дар Ватани худ, балки дар дигар мамлакатҳои Шарқу Ғарб машҳур буда, саҳми беандозае гузоштаанд.[7] Соли 2011 дар Душанбе бузургтарин дар Осиёи Марказӣ Китобхонаи миллии Тоҷикистон бунёд карда шудааст, теъдоди хазинаи китобҳояш зиёда аз 6 000 000 нусхаро ташкил медиҳад.
Маориф
- Миқдори мактабҳои маълумоти олӣ - 20;
дар онҳо:
- Донишҷӯён, ҳазор нафар – 97,2;
- Мутахассисони хатмкунанда, ҳазор нафар – 17,1;
- Миқдори омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ - 9;
дар онҳо:
- Хонандагон, ҳазор нафар – 9,0;
- Коргарони мутахассиси хаимкунанда, ҳазор нафар – 2,1;
- Миқдори мактабҳои таҳсилоти умумӣ - 140;
дар онҳо:
- Хонандагон, ҳазор нафар – 172;
- Омӯзгорон, ҳазор нафар – 7,2;
- Миқдори муассисаҳои бачагонаи томактабӣ - 112;
- Бача дар онҳо, ҳазор нафар – 24,1
Илм
- Ташкилотҳои илмӣ - 45;
- теъдоди кормандони илмӣ - 2828;
Дорандагони унвони илмӣ дар онҳо:
- докторони илм, нафар – 231;
- номзадҳои илм, нафар – 583.
аз ҷумла:
- Институтҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон -15;
- теъдоди кормандони илмӣ - 883;
Дорандагони унвони илмӣ дар онҳо:
- докторони илм, нафар – 115;
- номзадҳои илм, нафар – 229.[8]
Мактабҳои олӣ
Дар шаҳри Душанбе (феврали 2012) мактабҳои олии зерин фаъолият мекунанд:
- Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов (КМТ ба номи Т. Сатторов)
- Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шотемур (ДАТ ба номи Ш. Шотемур)
- Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
- Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (ДДТТ ба номи Абӯалӣ Ибни Сино)
- Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ (ДТТ ба номи М.Осимӣ)
- Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (ДТТ)
- Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (ДДТТ)
- Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (ДСРТ)
- Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон(ДМИТ)
- Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит
- Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода(ДДСТ ба номи М. Турсунзода)
- Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улугзода (ДДЗТ ба номи С. Улугзода)
- Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон(ДСХ)
- Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов (ДТҶТ ба номи С. Раҳимов )
- Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (АВКДТ)
- Донишкадаи ҳарбии Вазорати Мудофиаи Тоҷикистон
- Мактаби олии Вазорати амнияти Тоҷикистон
- Омӯзишгоҳи олии сарҳадии Вазорати амнияти Тоҷикистон
- Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Михаил Ломоносов дар шаҳри Душанбе
- Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии МИСиС дар шаҳри Душанбе
Ёдгориҳои меъморӣ – таърихӣ
- 1. Муҷтамаи ёдгории оштии миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо ҳайкали Исмоили Сомонӣ, дар майдони "Дӯстӣ";
- 2. Ҳайкали Садриддин Айнӣ;
- 3. Ҳайкали Абуалӣ ибни Сино;
- 4. Ҳайкали Мирзо Турсунзода;
- 5. Ҳайкали А. Фирдавсӣ;
- 6. Ҳайкали В. В. Куйбишев;
- 7. Ҳайкали А. Рӯдакӣ;
- 8. Ҳайкали Садриддин Айнӣ ва Максим Горкий;
- 9. Ҳайкали Абулқосим Лоҳутӣ;
- 10. Ҳайкали Умари Хайём;
- 11. Нимпайкараи академик Бобоҷон Ғафуров;
- 12. Нимпайкараи Махатма Гандӣ;
- 13. Муҷтамаи ёдгории Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ("Ситораҳои Шарқ");
- 14. Муҷтамаи нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- 15. Муҷтамаи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Осорхонаҳо
- Осорхонаи миллии Тоҷикистон (соли 2012 таъсис ёфтааст)
- Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод (соли 1934 таъсис ёфтааст)
- Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон (2001)
- Осорхонаи мардумшиносии АИ Тоҷикистон(этнографӣ)(1954)
- Хона - музейи Садриддин Айнӣ (1963)
- Осорхонаи ҷумҳуриявии фарҳанги мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ дар Душанбе (1991)
- Хона - музейи Муҳаммадҷон Раҳимӣ (1968)
- Хона - музейи Муҳиддин Аминзода (1974)
- Осорхонаи Турсунзода - Хона - музеи Мирзо Турсунзода (1978)
- Осорхонаи шарафи ҷангии шаҳри Душанбе (1995)
- Осорхонаи Лоҳутӣ (1963)
- Осорхонаи заминшиносии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (2011)
- Осорхонаи асбобҳои мусиқии ба номи Гурминҷ Завқибеков
Муассисаҳои театрӣ
Муассисаҳои консертӣ
Боғу гулгаштҳо
- Боғи А. Рӯдакӣ
- Боғи фароғат ва истироҳати ба номи С. Айнӣ
- Боғи ҳайвонот
- Кӯли ҷавонон
- Боғи «Ирам»
- Боғи Лучоб
- Боғи Ғалаба
- Боғи кӯдакон (Душанбе)
- Боғи ноҳияи Шоҳмансур
- Гулбоғи ба номи А. Мироненко
- Гулбоғи ба номи В. Куйбышев (Душанбе)
- Гулбоғи «Бӯстон»
- Гулгашти ба номи академикҳо Раҷабовҳо
Шоми Душанбе |
Нашрияҳо
Миқдори рӯзнома ва маҷалаҳои ҷумҳуриявии дар шаҳр нашршаванда:
- рӯзнома – 66
- маҷалла – 49
аз ҷумла Маҷаллаи «Тоҷикистон»,«Илм ва ҳаёт»,Маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон», «Фарҳанг», «Тоҷикистон»,«Адабиёт ва санъат», Рӯзномаи «Ҷумҳурият», «Народная газета», «Азия-плюс», «Паёми Душанбе», «Вечерний Душанбе» «Нидои ранҷбар» ва диг. нашр мешаванд.
Дар пойтахт 4 Оҷонсиҳои Иттилоотии Тоҷикистон амал карда истодаанд: Оҷонсии иттилоотии «СИМОНЮС», Оҷонсии иттилоотии «Азия-Плюс», АМИТ «ХОВАР»,Оҷонсии умумимиллии иттилоот «ТОҶНЮС»(«TOJNEWS»).
Тандурустӣ
- Теъдоди беморхонаҳо – 39;
- Кати беморони онҳо – 5454;
- Теъдоди духтурони ҳамаи тахассусҳо, нафар – 5889;
- Теъдоди муассисаҳои тиббии ёрии амбулаторӣ-дармонӣ диҳанда – 18.
Иншоотҳои варзишӣ
- Стадионҳо – 8;
- Толорҳои варзишӣ – 121;
- Ҳавзҳои шиноварӣ – 4;
- Толорҳои теннисбозӣ – 3;
- Майдонҳои футболбозӣ – 57;
- Машқгоҳи тирандозӣ – 3;
- Муҷтамаи майдонҳои варзишӣ – 140;
- Теъдоди ҷой дар иншоотҳои асосии варзишӣ:
- Стадиони Фрунзе – 26 ҳазор;
- Стадиони Спартак – 6 ҳазор;
- Стадиони Динамо – 3 ҳазор;
- Стадиони Авиатор – 2 ҳазор. http://www.dushanbe.tj/capital/passport/
Шахсиятҳои маъруф
- Нусратулло Махсум – ходими намоёни давлатӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон
- Шириншо Шотемур – ходими намоёни давлатӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон
- Садриддин Айнӣ – нависанда, олим, ходими намоёни ҷамъиятӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон
- Бобоҷон Ғафуров – олим, ходими намоёни давлатӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон
- Мирзо Турсунзода – шоир, ходими намоёни ҷамъиятӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон
- Эмомалӣ Раҳмон - ходими намоёни давлатӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон
- Турсун Ӯлҷабоев - ходими намоёни давлатӣ
- Ҷаббор Расулов - ходими намоёни давлатӣ
- Раҳмон Набиев - ходими намоёни давлатӣ
- Айнӣ Камол - олими ховаршинос, академик
- Алоуддин Баҳоваддинов - олими файласуф, академик
- Ғулом Алиев - олим, академик
- Муҳаммадҷон Қосимов - актёри театр ва кинои тоҷик.
- Тӯҳфа Фозилова – овозхони театри опера, актёри театр ва кинои тоҷик
- Лутфи Зоҳидова – раққосаи балет,
- Ғуломҳайдар Ғуломалиев – балетмейстер
- Аслӣ Бурҳонов – актёри театр ва кинои тоҷик
- Ҳанифа Мавлонова – сарояндаи тоҷик (сопранои лирикӣ-драмавӣ)
- Аҳмад Бобоқулов – сарояндаи тоҷик (овозаш тенори лирикӣ ва драмавӣ).
- Малика Собирова – раққосаи балет.
- Ғаффор Валаматзода – раққос ва балетмейстери тоҷик.
- Ҷӯрабек Муродов – ҳофиз, мутриб ва оҳангсози тоҷик (тенори лирикӣ)
- Малика Қаландарова – раққосаи тоҷик.
- Зебо Аминзода – раққоса ва балетмейстери тоҷик.
- Ҳошим Гадоев – актёр ва режиссёри тоҷик.
- Азиза Азимова – раққоса ва балетмейстери тоҷик.
- Тоҳир Собиров– актёр, режиссёр ва сенариянависи кино.
- Давлатназар Худоназаров – ходими намоёни кинои тоҷик, сиёсатмадор ва ходими ҷамъиятӣ.
- София Тӯйбоева – актёри театр ва кинои тоҷик.
- Гурминҷ Завқибеков – актёри театр ва кинои тоҷик.
- Барно Исҳоқова – сарояндаи тоҷик (сопранои лирикӣ).
- Зиёдулло Шаҳидӣ - оҳангсози тоҷик.
- Толиб Шаҳидӣ - оҳангсози тоҷик.
- Маҳмуд Воҳидов - актёри театр ва кинои тоҷик.
- Зафар Нозимов – овозхони тоҷик.
- Валерий Аҳадов – кинорежисёр, филмноманавис
- Тоҳир Собиров – кинорежисёр, актёри кинои тоҷик.
- Мирсаид Миршакар – Шоири халқии Тоҷикистон
- Боқӣ Раҳимзода – Шоири халқии Тоҷикистон
- Лоиқ Шералӣ – Шоири халқии Тоҷикистон
- Ғанӣ Абдулло - Нависандаи халқии Тоҷикистон
- Фатҳиддин Муҳаммадов - авиаконструктор (ихтироъкори ҳавопаймо)
- Фазлиддин Муҳаммадиев - Нависандаи халқии Тоҷикистон
- Фотеҳ Ниёзӣ - Нависандаи халқии Тоҷикистон
- Сотим Улуғзода - Нависандаи халқии Тоҷикистон
- Гулчеҳра Сулаймонӣ - Нависандаи халқии Тоҷикистон
ва дигар шаҳрвандони Душанбе ба он дохил мешаванд.
Робитаҳои байналмилалӣ
Бародаршаҳрҳо
Айни замон Душанбе- пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 15 шаҳри давлатҳои Осиё, Аврупо, Амрико, Африқо, ИДМ бародаршаҳр мебошад[9]:
- Лусака, Замбия (1966)
- Санъо, Яман (25 июни 1967)
- Монастир, Тунис (24 ноябри 1967)
- Клагенфурт, Австрия (1972)
- Лоҳур, Покистон (15 сентябри 1976)
- Боулдер, ИМА (8 майи 1987)
- Мазори Шариф, Афғонистон (13 июли 1991)
- Ройтлинген, Олмон (5 октябри 1991)
- Санкт-Петербург, Русия (6 октябри 1991)
- Шероз, Эрон (16 феврали 1992)
- Минск, Беларус (21 июли 1998)
- Урумчӣ, Хитой (10 сентябри 1999)
- Теҳрон, Эрон (12 марти 2001)
- Анкара, Туркия (11 декабри 2003)
- Сямин, (чинӣ: 厦门) Чин (21 июни 2013)
Шаҳрҳои шарик
Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе бо шаҳри Москваи Федератсияи Россия пайваста дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ҳамкорӣ менамояд.[10]:
Дар баробари ин, пойтахти Тоҷикистон аъзои фаъоли Ташкилоти умумиҷаҳонии Шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ (ОГМВ), Ассамблеяи байналмилалии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо, Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо (МОГП), Ташкилоти Боулдер-Душанбе бародаршаҳрҳо (БДГП) мебошад.
Дар Душанбе намояндаҳои Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Фонди байналхалқии асъор ва дигар институтҳои байналмилалии бонуфуз, корпуси дипломатии давлатҳои хориҷӣ мустақар мебошанд. Барои саҳми беандозаи Душанбе дар таҳкими сулҳ ва арзишҳои башарӣ, ҳамфикрӣ ва ҳамрайъӣ дар ҳайёти ҳамарӯза 4 августи соли 2004 бо қарори ЮНЕСКО ба шаҳри Душанбе Ҷоизаи «Шаҳри Сулҳ»-и ЮНЕСКО дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором барои солҳои 2002-2003 дода шуд.[7]
Боиси зикр аст, ки дар шаҳри Душанбе соли 31 августи соли 2011 рекорди нави ҷаҳонӣ гузошта шуд. Ин рекорди нави ҷаҳонӣ, - ифтитоҳи парчами баландтарини дунё, ки баландии он 165 метрро ташкил мекунад, ба ҳисоб меравад.
Донистаниҳо
Ба ифтихори 90-умин солгарди шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе аз ҷониби Форуми байналмилалии Мегаполис асри XXI бо Дипломи VII – умин озмуни байналмилалии таҷрибаҳои шаҳрии шаҳрҳои ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё «Шаҳре, ки он ҷо зистан мефорад» - 2014 барои ободонӣ, рушди инфарасохтории муосири шаҳрӣ ва дар сатҳи олии ташкилӣ баргузор намудани чорабиниҳои байнидавлатии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкориҳои Шанхай сарфароз гардид.[11]
Аксҳои Душанбе
-
Бинои "Dushanbe-Plaza"
-
Бинои Tcell
-
Бинои баландошёна дар хиёбони Рӯдакӣ
-
Маркази миллии ташхис
-
Арки боғи устод Рӯдакӣ
-
Хиёбони Рӯдакӣ. Меъмории замони шӯравӣ
-
Гулбоғи шаҳрӣ
-
Бинои Кумитаи андози ҷумҳурӣ
Пайнавиштҳо
- ↑ 1.0 1.1 http://www.dushanbe.tj/capital/passport/
- ↑ «Ҳудуд-ул-олам мин-ал-Машриқ илал-Мағриб» (соли 372 хиҷрии қамарӣ = 982 милодӣ). Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда. Теҳрон: Китобхонаи Таҳурӣ, Ширкати офсети «Гулшан». 1983 – саҳ. 110
- ↑ ЛеСтренж, Ги. «Сарзаминҳои Хилофати шарқӣ». Тарҷумаи Маҳмуд Ирфон. Теҳрон: Бунгоҳи тарҷума ва нашри китоб. 1336 ҳ.ш. = 1958 м. – саҳ. 468
- ↑ [ http://dushanbe.tj/info/information/ Маълумоти умумӣ]
- ↑ Отголоски приватизации, или Столица без заводов…
- ↑ [ http://www.dushanbe.tj/economic/industry/]
- ↑ 7.0 7.1 http://www.dushanbe.tj/capital/capital/
- ↑ Шиносномаи шаҳр
- ↑ Бародаршаҳрҳо. Муносибатҳои хориҷӣ Сайти расмии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе(тоҷ.)(рус.)(англ.)
- ↑ Шаҳрҳои шарик. Муносибатҳои хориҷӣ Сайти расмии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе(тоҷ.)(рус.)(англ.)
- ↑ Шаҳре, ки он ҷо зистан мефорад
Пайвандҳои беруна
- Дар сайти http://www.dushanbe.tj/ метавонед донистаниҳое ба забони русӣ дар бораи шаҳри Душанбе дастрас кунед.
- Душанбе – Любовь Моя.