Ноҳияи Панҷакент: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
таҳрир
х тасвир
Сатри 3: Сатри 3:
|Номи тоҷикӣ = Ноҳияи Панҷакент
|Номи тоҷикӣ = Ноҳияи Панҷакент
|Номи аслӣ =
|Номи аслӣ =
|Нишон =
|Нишон = Panjakent1.JPG
|Парчам =
|Парчам =
|Бари нишон =
|Бари нишон =

Нусха 21:54, 3 июли 2016

Ноҳияи Панҷакент
Нишон
Нишон
39°30′11″ с. ш. 67°36′54″ в. д.HGЯO
Кишвар  [[|]]
Шомили 1 шаҳрак, 8 ҷамоат
Маркази маъмурӣ Панҷакент
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 23 ноябри 1930
Масоҳат 3670,9 км²
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 231 200 [2] нафар нафар (2015)
Зичӣ 73,5 нафар/км²
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Сарвожа FA
Рамзи ISO 3166-2 TJ.RR.FA
Коди телефон +992 3445
Нишонаи почта 735500
Ноҳияи Панҷакент дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ноҳияи Панҷакент (форсӣ: ناحیۀ پنجيكند‎) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Суғд аст. Маркази ин ноҳия шаҳри Панҷакент (форсӣ: پنجيكند‎) Аҳолӣ:231 200 гафар. Масоҳат: 3670,9 км². Масофа: 270 км ҷанубу ғарбтар аз шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Аз Панҷакент то Душанбе 240 км роҳ аст.

Ҷойгоҳ

Ноҳияи Панҷиканд бо сарзамине 3670,9 км² дар водии Зарафшон ҷой дорад. Дар шимол, ғарб ва ҷануб бо вилоятҳои Дизак, Самарқанд, Кешрӯд ва Сурхондарё аз бахшҳои Узбакистон ҳаммарз ва дар шарқ бо ноҳияи Айнӣ аз бахшҳои вилояти Суғд ҳамсоя аст.

Иқлим

Таърих

Ин ноҳия 23 ноябри 1930 дар бахше аз вилояти Панҷиканд дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта аст.

Мардум

Мардуми Панҷакент ба забонҳои тоҷикӣ ва узбакӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2010, ноҳияи Панҷакент 231 200 тан ҷамъият дошт ва зичии аҳолияш 73,5 кас дар км² буд[3].

Бахшбандӣ

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Панҷакент 1 шаҳр ва 14 ҷамоат дорад[4]:

Ҷамоатҳои ноҳияи Панҷиканд
Ҷамоат Аҳолӣ
шаҳри Панҷакент
Ҷамоати Ёрӣ
Ҷамоати Амондара
Ҷамоати Ворӯ
Ҷамоати Лоиқ Шералӣ
Ҷамоати Косатарош
Ҷамоати Моғиён
Ҷамоати Рӯдакӣ
Ҷамоати Сӯҷина
Ҷамоати Фароб
Ҷамоати Чимқӯрғон
Ҷамоати Чинор
Ҷамоати Шинг
Ҷамоати Қӯштеппа[5]

Ҳукумат

Сарвари ноҳияи Панҷакент Раиси Ҳукумати он аст, ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Панҷакент Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Панҷакент барои 5 сол интихоб мекунанд.

Иқтисод

Ноҳияи Панҷакент 13 корхонаи саноатӣ, 547 хоҷагии кишоварзӣ, аз ҷумла 529 хоҷагии деҳқонӣ, дорад. Ҳаҷми умумии заминҳои корами ноҳия 18,7 ҳазор га, аз ҷумла 11,3 ҳазор га замини обӣ, аст. Маҳсули аслии кишоварзии ноҳия рустаниҳои техникӣ, сабзавот, ғалла ва качолу аст[6].

Пайвандҳои беруна

  1. 1.0 1.1 https://web.archive.org/web/20221010195817/https://stat.tj/storage//1.01.2022.pdf
  2. Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2015 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан.
  3. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. 2010
  4. Феҳристи ҷамоатҳо. UN Coordination, Tajikistan. 29 марти 2011 санҷида шуд.
  5. Бахшбандии вилояти Суғд. UN Coordination, Tajikistan. 29 марти 2011 санҷида шуд.
  6. Шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд. Панҷакент