Энсиклопедияи миллии тоҷик: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х →‎Манбаъ: ивази гурӯҳ
Сатри 53: Сатри 53:
[[Гурӯҳ:Донишномаҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Донишномаҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Китобҳо аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Китобҳо аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Фарҳанг]]
[[Гурӯҳ:Фарҳанги Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Рӯихати:Маданият]]
[[Гурӯҳ:Китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон]]

Нусха 12:22, 7 августи 2016

Энсиклопедияи миллии тоҷик — энсиклопедия ва ё донишномаи миллии Тоҷикистон мебошад. Аз соли 2008 сар карда таълифу тадвини Энсиклопедияи миллии тоҷик, дар Тоҷикистон шурӯъ шудааст. Ҷилди якуми ЭМТ 5 ҳазор нусха бо сарфи 350 ҳазор сомонӣ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон нашр шудааст. Дар донишнома 3200 мақола ҷой гирифтааст, ки ба қалами 650 муаллиф тааллуқ дорад.[1]

Ҷилди аввали ин энсиклопедия аз ҳарфи «А» шурӯъ шуда, бо калимаи «Асос»-и ин ҳарф анҷом ёфтааст.

Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик 20 марти соли 2013 ҷилди дуввуми донишномаи бисёрҷилдаи «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик»-ро ба нашр расонд. 25 дарсади иттилоот марбут ба ҳарфи «А» ба ҷилди дувум гузаштааст.[2]

Таърих

Бинобар ин бо Фармони Президенти Тоҷикистон дар давлати соҳибистиқлол, куҳанфарҳанг, мутамаддин, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди мо низ ба таҳияу тадвини энсиклопедияи миллии бисёрҷилда пардохта шуд, зеро дар китобҳои энсиклопедӣ таърихи кишвар, илм, иқтисодиёт, хоҷагии деҳот, маданият, адабиёту санъат, урфу одат, маросимҳо, ҳаёту фаъолияти шахсиятҳои бузург, ходимони маъруфи ҷамъият, намояндагони мумтози илму маърифат, адибон, ҳунармандон ва санъатварони маъруф дарҷ хоҳанд шуд. Дар айни замон дар саҳифаҳои «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» бахше аз матолиб оид ба таърихи ҷаҳон, муҳимтарин дастовардҳои илму техника ва фарҳанги ҷаҳонӣ, ҳаёт ва кору пайкори нобиғагони ҷаҳонӣ, ки аз ҷиҳате ба ҳаёти миллати мо иртибот доранд ва ё ибратомӯзанд, сабт хоҳад гардид. Зеро «таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки ҳеҷ як миллат наметавонад бидуни баҳравар шудан аз тамаддуни муштараки миллатҳову қавмҳои ҳамҷавор ба сари худ миллати тавонову бофарҳанг созад ва дар тӯли ҳазорсолаҳо бобақову поянда монда тавонад».[3]

Хати машйи кишвари мо, ки тарафдори сиёсати эътироф ва эҳтироми меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ, дахолат накардан ба истиқлолияти сиёсӣ ва иқтисодии кишварҳои ғайр, рушду тавсеаи ҳамкориҳо ва робитаҳои манфиатбахши дутарафа бо мамлакатҳои дунёст, ҳамеша аз арзишҳои милливу фарҳангии тоҷикон дар тамоми сатҳҳо ва арсаҳо пуштибонӣ мекунад.

Оғози фаъолият

Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик аз ибтидои оғози кори китоби бисёрҷилдаи «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» ба муассисаҳои илмӣ, идораҳои давлатӣ, донишгоҳ ва донишкадаҳои олӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, мутахассисони алоҳидаи тамоми соҳаҳои илму фарҳанг ва ҳатто пажӯҳишгоҳҳои хориҷию мутахассисини ҷудогонаи бурунмарзӣ бо Лоиҳаи луғатномаи нашри мазкур муроҷиат намуда онҳоро ба ҳамкорӣ ва мадад даъват карда буд, ки дар натиҷа Луғатнома мавриди муҳокимаи васеи аҳли ҷамъият қарор гирифта то андозае такмил ёфт. Таҷрибаи нашр шудани 8 ҷилди Энсиклопедияи Советии Тоҷик мабнӣ бар тақризу нақдҳои фаровони дар васоити ахбори омма ба табърасида собит намуд, ки аксари эродҳои мутахассисон ва хонандагони одӣ ба ҷой дода шудани шахсиятҳо дар китоб оид буданд. Ба хотири минбаъд ҷилавгирӣ кор кардан аз чунин эродҳо дар Энсиклопедияи Миллии Тоҷик Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 439 аз 2 сентябри соли 2010) «Дар бораи меъёрҳои ворид намудани шахсиятҳои маъруфи таърихӣ ва муосир ба «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» ба тасвиб расид, ки Сарредаксия тибқи он амал менамояд.

Вобаста ба татбиқи технологияи навтарини саҳифабандию ороиши китоб ва бодарназардошти сифати чопи китоб аз аксҳо ва расмҳои аксаран сиёҳу сафеди кӯҳнашуда, ки барқарор карданашон ғайриимкон буд, сарфи назар гардид. Ҳамчунин шахсиятҳое, ки акси худро пешниҳод накарданд, аз ҷилди аввал берун мондаанд. Ҳаҷми мақолаҳо вобаста ба мавқею манзалати мавзӯи пешниҳодшуда, муҳимияти он ва таклифи муаллифон бо мадди назар гирифтани маълумоти иловагӣ барои муҳаққиқони оянда муайян ва таъйин гардидааст.

Аксари мақолаҳои энсиклопедиро вобаста ба тахассусҳои гуногун олимони маъруф навишта, мақолаҳои мураттибӣ ва тарҷумавиро низ мутахассисони варзида аз маъхазу манбаъҳои мӯътамад тартиб додаанд, ё тарҷума кардаанд.

Тамоми мақолаҳои ҷилди аввали ЭМТ-ро бидуни олимон-мутахассисони ҷудогонаи соҳаҳои гуногуни илм, аъзои Шӯрои илмӣ-таҳририи аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда хонда маъқулу манзур ва ба чоп тавсия намудаанд. Тартиби омода кардани ҷилдҳои минбаъдаи ЭМТ низ ба ҳамин усул идома хоҳад ёфт.

Мундариҷа

Донишномаи «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» ҷанбаи илмию оммавӣ дошта нахуст энсиклопедияи миллист. Дар Қомуси «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» мақолаҳо дар бораи таърихи кишвар, илм, иқтисодиёт, хоҷагии деҳот, фарханг, адабиёту санъат, урфу одат, маросимҳо, ҳаёту фаъолияти шахсиятҳои бузург, ходимони маъруфи ҷамъият, намояндагони илму маърифат, адибон ҳунармандон ва санъаткорони маъруф дарҷ шудаанд. Дар айни замон дар Қомус бахше аз матолиб оид ба таърихи ҷаҳон, мухимтарин дастовардхои илму техника ва фарханги ҷаҳонӣ, хаёт ва кору пайкори нобиғагони ҷаҳонӣ, ки ибратомузанд оварда шудаанд.

Мутолиаи ройгон

Хонандагон ройгон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон китоби номбурдаро мутолиа карда метавонанд. Нусхаи электронии он дар сомонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон - kmt.tj гузошта шудааст.

Нашрҳои Энсиклопедияи Миллии Тоҷик

Ҷилд Ном Сана Манбаъ
1 Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди I (А – АСОС) 2012 ЭМТ. Ҷилди I
2 Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди II (АСОС - БОЗ) 2013 ЭМТ. Ҷилди II
3 Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди III (БОЗ - ВИЧКУТ) 2014 ЭМТ. Ҷилди III
4 Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди IV (ВИЧЛАС – ГӮЯНДА) 2015 ЭМТ. Ҷилди IV

Боз нигаред

Манбаъ

  1. Нашри ҷилди аввали Энсиклопедияи миллии тоҷик дар Қазоқистон - Tojnews [1]
  2. Ҷилди дуввуми Энсиклопедияи Миллии Тоҷик ба нашр расид - Ховар [2]
  3. Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориёӣ то Сомониён. Душанбе, 2009, саҳ. 8.