Нерӯгоҳи барқи обии «Хоруғ»: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х Шухрат Саъдиев moved page Нерӯгоҳи Помир-1 to Нерӯгоҳи барқи обии «Хоруғ»: Ғалат дар номи сабтшуда
х →‎Пайвандҳои беруна: гурӯҳ, таҳрир
Сатри 16: Сатри 16:
* [http://www.pamirenergy.com/services/production/ Сомонаи ҶСК "Помир Энерҷӣ"]
* [http://www.pamirenergy.com/services/production/ Сомонаи ҶСК "Помир Энерҷӣ"]
{{stub}}
{{stub}}
[[Гурӯҳ:Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Энергетикаи Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Энергетикаи Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Нерӯгоҳҳои барқии обии Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Нерӯгоҳҳои барқии обии Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]

Нусха 14:41, 14 августи 2016

Нерӯгоҳи барқи обии «Хоруғ» - дар ш. Хоруғ ҷойгир аст. НБО «Хоруғ» дар соли 1970 ба истифода дода шуда, 5-то дастгоҳи он ҳамагӣ 9000 кВт барқро истеҳсол мекунанд.

Таърих

19 марти соли 1933 бюрои КМ ҲК(б) Тоҷикистон хоҳиши бюрои обкоми ВМКБ-ро дар бобати бунеди неругоҳи барқӣ ба инобат гирифт. Ба Нарком (вазири) хоҷагии коммуналӣ супориш дод, ки карори КМ КМ ҲК(б) Тоҷикистонро дар бобати бунеди неругоҳи барқӣ дар Помир иҷро намояд.

Дар натиҷаи кушишҳои Ҳукумати ВМКБ баҳори соли 1934 дар Бадахшон нерӯгоҳи дизелӣ ба кор даромад. Нерӯгоҳи дизелӣ имконият дод, ки муассисоти давлатӣ, беморхона нонвойхона ва алоҳида хонаҳои шахри Хоруғ чароғон гардад. Баробари ин пайдост, ки нерӯгоҳи дизелӣ хеч гоҳе имконият надорад, ки ба рушди саноатӣ ва муассисаҳои хизматрасонӣ мусоидат намояд. Ҳукумати вилоят 10 марти соли 1934 масъалаи бунеди нерӯгоҳи барқии Хоруғро мавриди муҳокима қарор дода, таъкид кард ки кудрати нерӯгоҳи баркӣ бояд аз 1000 кВт кам набошад. Ба ин хотир кумиссиюни давлатӣ таъсис дода шуд. Ҳукумати вилоят ба хотири ҳар чи тезтар сомон ёфтани кор фикру дархости кумиссиюнро ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кард. Ҳукумати Тоҷикистон 24 августи соли 1934 фикру андешаҳои кумиссиюни Ҳукуматӣ бунеди нерӯгоҳи баркии Хоруғро бо кулӣ чузъиёташ тасдиқ кард. Яъне 1000 кВт арзиши бунёди неругоҳи баркӣ 2296 сӯм буд.

26-уми октябри соли 1939 Ҳукумати вилоят масъалаи рафти кор дар нерӯгоҳи баркии Хоруғро мухокима намуда, қайд кард, ки таввасути имдоди Ҳукумати ҷумхурӣ соли 1939 то ҳолати 25 октябр иҷрои нақшаи солона 104,8 дар сад иҷро гардид. Дар сохтмон ба ҷойи 3400 ҳазор дар нақша пешбини шуда 3522,4 ҳазор сум корҳо сомон дода шуд.

ҶСК Ширкати «Помир Энерҷӣ»

Баъди таъсисёбии ҶСК Ширкати «Помир Энерҷӣ» азнавсозии таҷҳизоти гидромеханикӣ ва системаи идоракунии он амалӣ гардид. Бо мақсади таъмини фаъолияти самарабахши НБО-и «Хоруғ» ду намуди ситема – системаи ПУМА – панели идоракунӣ бо дастгоҳҳои хурд, ва системаи САУ - тарзи идоракунии автоматикии гидроагрегатҳо ҷорӣ гардид.

Нигаред

Пайвандҳои беруна