Усмон Олим: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 69: Сатри 69:
* “[[Қиссаи қисмат|Қиссаи қисмат]]” (1995),
* “[[Қиссаи қисмат|Қиссаи қисмат]]” (1995),
* “[[Дуои хайр|Дуои хайр]]” (1996),
* “[[Дуои хайр|Дуои хайр]]” (1996),
* “[[Номбардорон|Номбардорон]]” (повест, 2000),
* “[[Номбардорон (повести Усмон Олим)|Номбардорон]]” (повест, 2000),
* “[[Синопеша|Синопеша]]” (повест),
* “[[Синопеша (повести Усмон Олим)|Синопеша]]” (повест),
* “[[Муроди халқ|Муроди халқ]]” (китоб-очерк бо забони русӣ ва тоҷикӣ),
* “[[Муроди халқ (китоб)|Муроди халқ]]” (китоб-очерк бо забони русӣ ва тоҷикӣ),
* “[[Армуғони шоир|Армуғони шоир]]” (2001),
* “[[Армуғони шоир|Армуғони шоир]]” (2001),
* “[[Марзи сулҳу оштӣ|Марзи сулҳу оштӣ]]” (маҷмӯаи шеърҳо, 2002),
* “[[Марзи сулҳу оштӣ (шеърҳо)|Марзи сулҳу оштӣ]]” (маҷмӯаи шеърҳо, 2002),
* “[[Ҳубби Ватан|Ҳубби Ватан]]” (2006),
* “[[Ҳубби Ватан|Ҳубби Ватан]]” (2006),
* “[[Бақои умр|Бақои умр]]” (2006),
* “[[Бақои умр|Бақои умр]]” (2006),
Сатри 80: Сатри 80:
* “[[Мероси фардо|Мероси фардо]]” (2013)
* “[[Мероси фардо|Мероси фардо]]” (2013)
* "[[Шахри сулҳу оштӣ]]"(2013
* "[[Шахри сулҳу оштӣ]]"(2013
* “[[Рохи падар ]]”(повест)(2014)(нашриети Меъроч)
* “[[Роҳи падар( повест)|Рохи падар]]”(повест)(2014)(нашриети Меъроч)
* "[[Достони ватанхохи]]"(2008)"нашриети ховарон"
* "[[Достони ватанхохи]]"(2008)"нашриети ховарон"
* "[[Асолати Имоми Аъзам]]"(2004)"(нашриети Ношир)"(Хучанд)
* "[[Асолати Имоми Аъзам]]"(2004)"(нашриети Ношир)"(Хучанд)
* "[[Пайрохаи умр]]"(2001)(нашриети Ношир)(повест)
* "[[Пайроҳаи умр]]"(2001)(нашриети Ношир)(повест)
* "[[Шеърҳои "Аз дафтари Эрон"]]"(2011)(форсӣ)
* "[[Шеърҳои "Аз дафтари Эрон"]]"(2011)(форсӣ)
* "[[Ситорахои гулшани адаб]]"(наср)(2005)(наш.Ношир)
* "[[Ситорахои гулшани адаб]]"(наср)(2005)(наш.Ношир)

Нусха 11:04, 27 ноябри 2016

Усмон Олим
Таърихи таваллуд: 1936
Навъи фаъолият: нависанда

Усмон Олим (1936) — нависанда ва шоири шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зиндагинома

Шоир ва носир Усмон Олим 30-юми июли соли 1936 дар оилаи Олимхоҷа ном шахс, дар қишлоқи Пастиғави ноҳияи Мастчоҳ, таваллуд ёфта, он ҷо маълумоти миёна гирифтааст. Соли 1953 ба Институти педагогии шаҳри Хуҷанд дохил шуда, соли 1957 факултаи забон ва адабиётро хатм кардааст. Соли 1971 шӯбаи журналистикаи мактаби Олии ҳизбии шаҳри Москваро хатм намуд. Солҳои 1958-1960 дар рӯзномаҳои “Комсомоли Тоҷикистон”, “Ҳақиқати Ленинобод” ва “Машъал”-и ноҳия Мастчоҳ ба ҳайси ходими адабӣ, мудири шӯба, ҷонишини муҳаррири газетаи вилоятӣ ва муҳаррири рӯзномаи “Машъал” кор кардааст.

Аз сентябри соли 1961 то январи соли1962 шунавандаи шуъбаи журналистикаи мактаби Олии назди КМ  ВЛКСМ-и шахри Москва будааст.

Муаллифи зиёда аз 25 асарҳои назмию насрӣ. Беш аз 200 мақолаҳои публисистию адабӣ-бадеӣ ба табъ расонидааст. Ба зиёда аз 20 матни ашъораш овозхонҳои хушсалиқа сурудҳо эҷод кардаанд. Туфайли меҳнати доманадори эҷодиаш бо унвони ифтихории Корманди Шоистаи фарҳанги ҷумҳурӣ, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чандин медалҳо сарфароз гардидааст. Ӯ ҳамчун узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, Академики академияи мардумии “Нури Хуҷанд”, пайваста ба кори эҷодӣ машғул аст ва ҳифзи якпорчагии мамлакат, сиёсати миллӣ, сулҳ, ваҳдат, дӯстии халқҳо, сиёсати хирадмандонаи сарвари давлат (Эмомалӣ Раҳмон), эҳёи панду ахлоқ ва суннатҳои ниёгонро пайваста тараннум менамояд. Бо дастгирии Ҳукумати вилояти Суғд зиёрати “хонаи Худо” (Макка ва Мадина) насибаш гардидааст.

Усмон Олим

Эҷодиёти шоир

Эҷодиёти шоир асосан аз асарҳои назмию насрӣ бой мебошад, ки қисми зиёди онро назм ташкил мекунад. Хусусан, шеърҳои шоир дар бораи модар ва ватан машҳур гардидаанд. Ҳамчунин шоир рубоиётҳое навиштааст, ки дар зери забони мардум сабт гардидаанд.

Намунаи рубоиётҳои шоир
Сад умр равад, кори ҷаҳон мемонад,
Коре ки накуст, ҷовидон мемонад.
Аз раҳбари доною ба халқаш мушфиқ
Меҳре ба дили пиру ҷавон мемонад.

***
Ман бо ватану ватан бо ман хоҳад монд!
З-он дур шавам, дил аз задан хоҳад монд!
Гар душмани дун пой ниҳад бар марзаш
Афтад ба даҳону бе кафан хоҳад монд!
               ***
Сад шукри Худо дар хонаи хаштодам,
Бар чои ганои Оллох хаминро додам.
               ***
Хар, ки тарфи миллаташ бардошт мушт,
Окибат худро ба дасти хеш кушт.
               ***
Хочи Усмон пир шуд асобадаст,
Ин асомусоии душманкуш аст.
  Хар он мулке зи доно бенасиб аст,
  Бувад мисли маризе бе табиб аст
"Хар он мулке зи доно бенасиб аст,
"Бувад мисли маризе бетабиб аст.

Мақолаҳо

Якчанд нусхаи китобҳои адиб

Мукофоту ҷоизаҳо

Барои хизматҳои арзандааш бо унвони ифтихории “Ходими Шоистаи фарҳанги Тоҷикистон” (1986), ду ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ, ифтихорномаҳои ҳукумати вилояти Суғд, панҷ ифтихорномаи Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, нишонаи олии иттифоқи нависандагон – “Нишони сухан” ва дигар мукофотҳои маънавӣ сарфароз гардидааст.

Мероси адабӣ ва илмии Усмон Олим

Манбаъ