Профессор: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х таҳрир
→‎Манобеъ: илова, гурӯҳ
Сатри 12: Сатри 12:
{{Унвонҳо}}
{{Унвонҳо}}


[[Гурӯҳ:Унвонҳо]]
[[Гурӯҳ:Унвон ва дараҷаи илмӣ]]
[[Гурӯҳ:Донишгоҳ]]
[[Гурӯҳ:Донишгоҳ]]

Нусха 13:42, 29 ноябри 2016

*
*
Шумо донишҷӯ ё омӯзгор? Дар лоиҳаи Мактабҳо ва донишгоҳҳо иштирок кунед.
профессор Намоз Ҳотамов

Профессор (лот. professorомӯзгор) — Унвони илмӣ ва вазифаи хизматии омӯзгорӣ дар муассисаи олии касбии таълимӣ ё, ки ходими илмӣ дар пажӯҳишгоҳи (институти) илмӣ-тадқиқотӣ мебошад. Унвон бори аввал дар асри XVI дар донишгоҳи Оксфорд мавриди истифода қарор гирифтааст.[1]

Дар Тоҷикистон

Мувофики Санадҳои меъѐрии ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар макотиби олӣ унвонҳои илмии профессор ва дотсент муқаррар карда мешавад. Унвони илмии профессор ба шахсе дода мешавад, ки маъмулан дараҷаи илмии доктори илм дошта, дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ корҳои омӯзгорӣ, илмӣ ва методӣ мебарад.[2]

Донистаниҳои ҷолиб

Дар Испания (исп. Profesor), Португалия, Франсия (фр. Professeur) ва Америкаи Лотинӣ вожаи «профессор» - нисбати ҳамаи омӯзгорони мактаб, донишкада, мактаби техникӣ, омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ, коллеҷу донишгоҳҳо истифода мебаранд. «Профессор» инчунин, номгузории омӯзгори мактаби ибтидоӣ ва миёна аст. Аммо, агар ӯ дар донишгоҳ дарс диҳад, омӯзгорро "профессори донишгоҳ" меноманд. Мудири кафедраро - "профессори кафедра". Дар Испания ва Португалия омӯзгорони донишгоҳро танҳо "профессор" ном мебаранд.[3]

Манобеъ

  1. Профессор — Большой Энциклопедический словарь. 2000.
  2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣМоддаи 28/2. Унвонҳои илмӣ
  3. Профессор — Википедиаи русӣ