Ҷанги Бузурги Ватанӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 16: Сатри 16:
Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ходисаи ҷамъияти, бо роҳи зури давом додани сиёсат буда, мазмуни онро муборизаи муташаккилонаи мусаллаҳона ташкил медиҳад. Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945), ҷанги одилонаю озодихохонаи халқи собиқ Шӯравӣ барои озодӣ ва [[ҳимояи Ватан]] алайҳи фашизм буд. Рохбарони сиесии Германия бо иттифоқчиёнашон Италия, Венгрия, Финляндия, Руминия, Испания 110 дивизияро зидди ИҶШС ба ҷанг сафарбар намуданд. Мақсади истилогарон дар муддати кутоҳ несту нобуд кардани Армияи Сурх ва шикаст додани ИЧШС буд. Новобаста аз омодагии амик ва бартарӣ аз ҳисоби дороии техникаи ҷангӣ ба мардуми шарафманд ва бо нангу номуси Шурави муяссар шуд, ки зафар ебад. Халки советӣ дар ҳама самтҳои асосии амалиети ҷангӣ: Ленинград, Москва, Сталинград, Курск, Днепр ва ғайра бо курбонии зиёд муқобили душман истодагарӣ намуда, қушунҳои фашистиро маҳв месохт. Неруи тавоноии мардум руҳи «шикастнопазирии» душманро шикаст. 8 майи соли 1945 Германия ба акти таслимшавӣ имзо гузошт. 9 май Рузи иди Ғалаба эълон гардида, анъанаи таърихӣ гардид. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) 27 миллион мардуми шӯравӣ ҳалок шудааст, зиёда аз 1700 шаҳрҳо вайрон карда шуданд, миллионҳо бе хонву хоҷагидорӣ монданд.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ходисаи ҷамъияти, бо роҳи зури давом додани сиёсат буда, мазмуни онро муборизаи муташаккилонаи мусаллаҳона ташкил медиҳад. Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945), ҷанги одилонаю озодихохонаи халқи собиқ Шӯравӣ барои озодӣ ва [[ҳимояи Ватан]] алайҳи фашизм буд. Рохбарони сиесии Германия бо иттифоқчиёнашон Италия, Венгрия, Финляндия, Руминия, Испания 110 дивизияро зидди ИҶШС ба ҷанг сафарбар намуданд. Мақсади истилогарон дар муддати кутоҳ несту нобуд кардани Армияи Сурх ва шикаст додани ИЧШС буд. Новобаста аз омодагии амик ва бартарӣ аз ҳисоби дороии техникаи ҷангӣ ба мардуми шарафманд ва бо нангу номуси Шурави муяссар шуд, ки зафар ебад. Халки советӣ дар ҳама самтҳои асосии амалиети ҷангӣ: Ленинград, Москва, Сталинград, Курск, Днепр ва ғайра бо курбонии зиёд муқобили душман истодагарӣ намуда, қушунҳои фашистиро маҳв месохт. Неруи тавоноии мардум руҳи «шикастнопазирии» душманро шикаст. 8 майи соли 1945 Германия ба акти таслимшавӣ имзо гузошт. 9 май Рузи иди Ғалаба эълон гардида, анъанаи таърихӣ гардид. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) 27 миллион мардуми шӯравӣ ҳалок шудааст, зиёда аз 1700 шаҳрҳо вайрон карда шуданд, миллионҳо бе хонву хоҷагидорӣ монданд.
==Саҳми Тоҷикистон==
==Саҳми Тоҷикистон==
Ҳазорон нафар фиристодагони Тоҷикистон дар ин муҳорибаҳо ва озод кардани халқҳои Аврупо аз фашистон диловарона иштирок намуда, аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд. Умуман дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 260 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок намудаанд. Онҳо барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Ба нишони қадрдонии далерию қаҳрамонӣ 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии ифтихории Ватан - [[Қаҳрамони Иттифоқи Шўравӣ]], 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз шуданд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон қариб 300 ҳазор нафарро ташкил медод. Аз ин ҳисоб 49973 нафари онҳо ба баталёнҳои коргарӣ сафарбар шуданд. Дар муҳорибаҳои шадид тоҷикистониён ҷасорату шуҷоати беҳамто нишон доданд. Дар байни онҳо - Қаҳрамонони Иттифоқи Шўравӣ Неъмат Қарабоев, [[Ҳоди Кенҷаев]], [[Туйчи Эрҷигитов]], [[Сафар Амиршоев]], [[Исмоил Ҳамзаалиев]], [[Эргаш Шарипов]] ва чандин ҷанговарони тоҷикистониро номбар кардан мумкин аст, ки баҳри дифои Ватан дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонӣ нишон додаанд.
Ҳазорон нафар фиристодагони Тоҷикистон дар ин муҳорибаҳо ва озод кардани халқҳои Аврупо аз фашистон диловарона иштирок намуда, аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд. Умуман дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 260 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок намудаанд. Онҳо барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Ба нишони қадрдонии далерию қаҳрамонӣ 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии ифтихории Ватан - [[Қаҳрамони Иттифоқи Шўравӣ]], 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз шуданд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон қариб 300 ҳазор нафарро ташкил медод. Аз ин ҳисоб 49973 нафари онҳо ба баталёнҳои коргарӣ сафарбар шуданд. Дар муҳорибаҳои шадид тоҷикистониён ҷасорату шуҷоати беҳамто нишон доданд. Дар байни онҳо - Қаҳрамонони Иттифоқи Шўравӣ [[Неъмат Қарабоев]], [[Ҳоди Кенҷаев]], [[Тӯйчӣ Эрҷигитов]], [[Сафар Амиршоев]], [[Исмоил Ҳамзаалиев]], [[Эргаш Шарипов]] ва чандин ҷанговарони тоҷикистониро номбар кардан мумкин аст, ки баҳри дифои Ватан дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонӣ нишон додаанд.
Меҳнаткашони Тоҷикистон баробари мустаҳкам кардани ақибгоҳ, инчунин ба қисмҳои ҳарбӣ содиқона ёрӣ мерасонданд. Онҳоро ба сару либос, озуқаворӣ, аслиҳаи ҷангӣ таъмин менамуданд. Дар давраи ҷанг халқи тоҷик барои фронт 151 вагон, 532500 адад либоси гарм, 123800 килограм пашм, бештар аз 25000 метр газвор ва дигар лавозимот фиристониданд. Ба захираи мудофиавии Ватан 30 миллиону 500 ҳазор сўм пули нақд ва 40750 пуд ғалладона ҷамъоварӣ карда супурданд. Барои сохтмони танки «Колхозчии Тоҷикистон» зиёда аз 84 миллион сўм ва барои сохтмони эскадрилияи «Тоҷикистони Советӣ» 35,2 миллион сўм ҷамъоварӣ намуданд. Хотираи неки қаҳрамонии тоҷикистониён дар арафаи таҷлили 70 солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қалби насли муосир [[абадӣ]] хоҳад монд.
Меҳнаткашони Тоҷикистон баробари мустаҳкам кардани ақибгоҳ, инчунин ба қисмҳои ҳарбӣ содиқона ёрӣ мерасонданд. Онҳоро ба сару либос, озуқаворӣ, аслиҳаи ҷангӣ таъмин менамуданд. Дар давраи ҷанг халқи тоҷик барои фронт 151 вагон, 532500 адад либоси гарм, 123800 килограм пашм, бештар аз 25000 метр газвор ва дигар лавозимот фиристониданд. Ба захираи мудофиавии Ватан 30 миллиону 500 ҳазор сўм пули нақд ва 40750 пуд ғалладона ҷамъоварӣ карда супурданд. Барои сохтмони танки «Колхозчии Тоҷикистон» зиёда аз 84 миллион сўм ва барои сохтмони эскадрилияи «Тоҷикистони Советӣ» 35,2 миллион сўм ҷамъоварӣ намуданд. Хотираи неки қаҳрамонии тоҷикистониён дар арафаи таҷлили 70 солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қалби насли муосир [[абадӣ]] хоҳад монд.

Нусха 19:50, 13 Январ 2017

Башарият аз замони пайдоиши олам ин гуна ҷанги хонумонсўз ва фоҷиаи мудҳишро аз сар нагузаронидааст. Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939-1945) аз рўи миқёсу андоза даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи башарият буда, дар он беш аз 72 давлати хурду бузурги олам ширкат варзида, доманаи амалиётҳои ҳарбӣ ба ҳудуди 40 давлати ҷаҳон вусъат ёфтанд. Теъдоди сафарбаршуда зиёда аз 110 миллионро ташкил медод. Дар натиҷаи ин ҷанг кишварҳои зиёде хароб гаштанд ва бештар аз 50 миллион нафар қурбон ва садҳо миллион нафар аҳолии мамалакатҳое, ки ба гирдоби ҷанг кашида шуда буданд, ба маҳрумияту азоби тоқатшикан гирифтор гаштанд. Солҳои 1941 - 1945 Ҷанги Бузурги Ватании ИҶШС бо Германияи Фашистӣ гузаштааст. Халқҳои 15 ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ баҳри дифои ватани азиз бар зиди истилогарони фашистӣ бар хестанд.

Ватан!
Ватан то ман сазовори ту бошам,
Бароят то шавам арзанда фарзанд.
Равам бо роҳи мардони накуят,
Бигирам аз хирадмандони ту панд.
Ватан то, ки бимонад ҷовидона,
Дар оғуши чу ҳар як каҳрамонат.
Биомузам ҳамеша каҳрамонӣ,
Зи ҳар як каҳрамони ҷовидонат.


Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ходисаи ҷамъияти, бо роҳи зури давом додани сиёсат буда, мазмуни онро муборизаи муташаккилонаи мусаллаҳона ташкил медиҳад. Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945), ҷанги одилонаю озодихохонаи халқи собиқ Шӯравӣ барои озодӣ ва ҳимояи Ватан алайҳи фашизм буд. Рохбарони сиесии Германия бо иттифоқчиёнашон Италия, Венгрия, Финляндия, Руминия, Испания 110 дивизияро зидди ИҶШС ба ҷанг сафарбар намуданд. Мақсади истилогарон дар муддати кутоҳ несту нобуд кардани Армияи Сурх ва шикаст додани ИЧШС буд. Новобаста аз омодагии амик ва бартарӣ аз ҳисоби дороии техникаи ҷангӣ ба мардуми шарафманд ва бо нангу номуси Шурави муяссар шуд, ки зафар ебад. Халки советӣ дар ҳама самтҳои асосии амалиети ҷангӣ: Ленинград, Москва, Сталинград, Курск, Днепр ва ғайра бо курбонии зиёд муқобили душман истодагарӣ намуда, қушунҳои фашистиро маҳв месохт. Неруи тавоноии мардум руҳи «шикастнопазирии» душманро шикаст. 8 майи соли 1945 Германия ба акти таслимшавӣ имзо гузошт. 9 май Рузи иди Ғалаба эълон гардида, анъанаи таърихӣ гардид. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) 27 миллион мардуми шӯравӣ ҳалок шудааст, зиёда аз 1700 шаҳрҳо вайрон карда шуданд, миллионҳо бе хонву хоҷагидорӣ монданд.

Саҳми Тоҷикистон

Ҳазорон нафар фиристодагони Тоҷикистон дар ин муҳорибаҳо ва озод кардани халқҳои Аврупо аз фашистон диловарона иштирок намуда, аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд. Умуман дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 260 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок намудаанд. Онҳо барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Ба нишони қадрдонии далерию қаҳрамонӣ 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии ифтихории Ватан - Қаҳрамони Иттифоқи Шўравӣ, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз шуданд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон қариб 300 ҳазор нафарро ташкил медод. Аз ин ҳисоб 49973 нафари онҳо ба баталёнҳои коргарӣ сафарбар шуданд. Дар муҳорибаҳои шадид тоҷикистониён ҷасорату шуҷоати беҳамто нишон доданд. Дар байни онҳо - Қаҳрамонони Иттифоқи Шўравӣ Неъмат Қарабоев, Ҳоди Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрҷигитов, Сафар Амиршоев, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарипов ва чандин ҷанговарони тоҷикистониро номбар кардан мумкин аст, ки баҳри дифои Ватан дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонӣ нишон додаанд.

Меҳнаткашони Тоҷикистон баробари мустаҳкам кардани ақибгоҳ, инчунин ба қисмҳои ҳарбӣ содиқона ёрӣ мерасонданд. Онҳоро ба сару либос, озуқаворӣ, аслиҳаи ҷангӣ таъмин менамуданд. Дар давраи ҷанг халқи тоҷик барои фронт 151 вагон, 532500 адад либоси гарм, 123800 килограм пашм, бештар аз 25000 метр газвор ва дигар лавозимот фиристониданд. Ба захираи мудофиавии Ватан 30 миллиону 500 ҳазор сўм пули нақд ва 40750 пуд ғалладона ҷамъоварӣ карда супурданд. Барои сохтмони танки «Колхозчии Тоҷикистон» зиёда аз 84 миллион сўм ва барои сохтмони эскадрилияи «Тоҷикистони Советӣ» 35,2 миллион сўм ҷамъоварӣ намуданд. Хотираи неки қаҳрамонии тоҷикистониён дар арафаи таҷлили 70 солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қалби насли муосир абадӣ хоҳад монд.

Адабиёт

  • http://oktj.ru/
  • Раҳмон Э. Иди пирўзии сулҳ бар ҷанг [Матн]:Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шарафи 60- умин солгарди Ѓалаба бар фашизм, 7 майи соли 2005 //Ҷумҳурият. – 2005. – 12 маӣ.
  • Дар бораи сарфароз намудан бо медали ҷашни «60- солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» [Матн]: Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон // Ҷумҳурият. – 2005. – 7 маӣ.
  • Бобоҷон, Алӣ. Ҳоди Кенҷаев [Матн]: Очерк. – Душанбе: Ирфон, 1970. – 48 с.
  • Бобоҷон, Алӣ. Ҳоди Кенҷаев [Матн]. – Душанбе: Ирфон,1970. – 24 с.
  • Сидқӣ, А. Раҳимбоӣ Раҳматов [Матн]: Очерк. – Душанбе: Ирфон, 1970. – 90 с.
  • Узоқов, М. Эргаш Шарипов [Матн]. – Душанбе: Ирфон,1972. – 42 с.
  • Раҳмонов, М. Ҳама ба фронт, ҳама барои ғалаба! [Матн].– Душанбе: Ирфон, 1973.- 112 с.
  • Сафаров, Р. Сафар Амиршоев [Матн]. – Душанбе: Ирфон,1973. – 122 с.
  • Бобоҷон, Алӣ. Нахустқаҳрамонони тоҷик [Матн]: Дар бораи Неъмат Қарабоев. – Душанбе: Маориф,1975. – 62 с.
  • Ҳеҷ гоҳ фаромўш намешавад [Матн]: Маҷмўа. – Душанбе: Ирфон, 1979. – 144 с.
  • Фидокорон [Матн]: Очерку ҳикояҳо ва ёддоштҳо дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ /Тарт. Т.Усмонов. – Душанбе: Ирфон,1982. – 160 с.
  • Файзиев, Ҳ. Дар ҷанг ва баъди ҷанг [Матн]. – Душанбе: Ирфон, 1984. – 400 с.
  • Бозорбоева, М., Бобохонов, М. Сарбозони шуҷоъ [Матн]. – Душан¬бе: Ирфон,1985. – 128 с.
  • Сафаров,Р. Қаҳрамони Вахш ва Днепр [Матн]. – Душанбе: Ирфон, 1985. – 192 с.
  • Сафаров, Р. Сарбаландон [Матн]: Маҷмўа.– Душанбе: Ирфон, 1985. – 52 с.
  • Шарифов, Х. Онҳо партизан буданд [Матн]: Дар бораи ҷанговарони тоҷик. – Душанбе: Ирфон,1985. – 96 с.
  • Исҳоқов, Б. Далерон [Матн]. – Душанбе: Ирфон,1991. – 212 с.
  • Муродов, М. Садоқат ба Ватан [Матн]. – Душанбе: Ирфон,1991. – 44 с.
  • Абдуллоев, Р. Меҳнаткашони Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ [Матн]. – Душанбе: Ирфон, 1994. – 96 с.
  • Сафаров, Р. Ҳазору як корнома [Матн] /Иборат аз 3 ҷилд. – Душанбе: Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе,1995.
  • 1995. – Ҷ.1. – 568 с.
  • 1998. – Ҷ.2. – 495 с.
  • 2005. – Ҷ.3. – 447 с.
  • Файзиев, Ҳ. Мардони майдон [Матн]. – Душанбе, 1995. – 126 с.
  • Шарифов, Х. Мардони палангошўб [Матн]: Дар бораи тоҷикону тоҷикистониён дар ҷанги партизанӣ солҳои 1941-1945. – Хуҷанд: Раҳим Ҷалил, 2004. – 448 с.
  • Исмоилов, И. Шуҷоат ва Зафар ба рўи Ӻалаба [Матн]. – Душанбе: Эҷод, 2005. – 72 с.
  • Раҳимов,С. А. Дар ҷустуҷўи қаҳрамонҳо [Матн]. – Душанбе: Эҷод, 2009. – 128 с.

Нигаред