Афсона: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
→‎Таърих: танзим
Сатри 5: Сатри 5:


Афсона дар эҷодиёти шифоҳии халқи тоҷик дорои сохтори махсусест: он аз ибтидо ('''''«Буд, набуд, як подшоҳ буд…», «Рӯзе аз рӯзҳо…», «Дар як замоне, дар як маконе…»'''''), гузариш ('''''«Акун бачаро ин ҷо монем, гапро аз духтар шунавем…»'''''), интиҳо ('''''«Онҳо ба муроду мақсадашон расиданд…»''''') иборат аст. Баъзе афсонаҳо танҳо ибтидо ва интиҳо доранд. Дар афсонаҳо тахайюли бадеии гӯянда зоҳир мешавад, қаҳрамонҳо ва шахсиятҳои хос амал мекунанд, онҳо барои саргарм, машғул ва тарбия кардани шунаванда аҳаммият доранд. [[Мавлоно Ҷалолуддини Муҳаммади Румии Балхӣ|Ҷалолуддини Румӣ]] сирру панди дар афсона нуҳуфтаро ганҷ донистааст:
Афсона дар эҷодиёти шифоҳии халқи тоҷик дорои сохтори махсусест: он аз ибтидо ('''''«Буд, набуд, як подшоҳ буд…», «Рӯзе аз рӯзҳо…», «Дар як замоне, дар як маконе…»'''''), гузариш ('''''«Акун бачаро ин ҷо монем, гапро аз духтар шунавем…»'''''), интиҳо ('''''«Онҳо ба муроду мақсадашон расиданд…»''''') иборат аст. Баъзе афсонаҳо танҳо ибтидо ва интиҳо доранд. Дар афсонаҳо тахайюли бадеии гӯянда зоҳир мешавад, қаҳрамонҳо ва шахсиятҳои хос амал мекунанд, онҳо барои саргарм, машғул ва тарбия кардани шунаванда аҳаммият доранд. [[Мавлоно Ҷалолуддини Муҳаммади Румии Балхӣ|Ҷалолуддини Румӣ]] сирру панди дар афсона нуҳуфтаро ганҷ донистааст:

''Кӯдакон афсонаҳо меоваранд,''
''Дарҷ дар афсонашон бас сирру панд.''
{{иқтибос|муаллиф=|'''Кӯдакон афсонаҳо меоваранд,'''|'''Дарҷ дар афсонашон бас сирру панд.'''|'''Ҳазлҳо гӯянд дар афсонаҳо,'''|'''Ганҷ меҷӯ дар ҳама вайронаҳо.'''}}
''Ҳазлҳо гӯянд дар афсонаҳо,''
''Ганҷ меҷӯ дар ҳама вайронаҳо.''


== Мавзуъ, мазмун ва мундариҷа ==
== Мавзуъ, мазмун ва мундариҷа ==

Нусха 10:45, 15 Январ 2017

Афсонá — яке аз навъҳои (жанрҳои) эҷодиёти шифоҳи (фолклор)-и мардуми тоҷик ва халқҳои гуногуни дунё. Афсонаро мардуми минтақаҳои Тоҷикистон, тоҷикони Осиёи Марказӣ, тоҷикон ва форсизабонони кишварҳои дунё авсона, авсуна, кампирафсона, байдак, матал, мақал, суринчик, сӯг, шуг, ушуг, шавқот, шабгуфт ва ғайра талаффуз мекунанд.

Таърих

Афсона аз жанрҳои қадими фолклорист. Нишонаҳо, пораҳои ба афсона монандро дар Авесто, осори адабиёти паҳлавӣ («Ёдгори Зарирон», «Дарахти асурик», «Худойнома», «Бундаҳиш» ва ғайра) мушоҳида метавон кард. Дар идомаи анъанаи адабиёти паҳлавӣ, тақрибан дар асрҳои 8–9 китобе ба  номи «Ҳазор афсона» вуҷуд доштааст, ки баъдан он заминае барои пайдоиши «Ҳазору як шаб» гардид. Дар осори манзуму мансури адабиёти гузаштаи форс-тоҷик аз аспи 9 то ба асри 20 ва дар адабиёти муосири тоҷик афсонаҳои дар дохили осори бадеӣ – «Калила ва Димна», «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Таърихи Табарӣ», достонҳои Аттор, Саноӣ, Низомии Ганҷавӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, маҷмӯаҳои «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» ва ғайра ба назар мерасанд. Дар «Ёддоштҳо»С. Айнӣ, баъзе асарҳои А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода (либретои «Тоҳир ва Зуҳро»), М. Миршакар (достони «Қишлоқи тиллоӣ») ва ғайра афсонаҳо оварда шудаанд.

Афсона дар эҷодиёти шифоҳии халқи тоҷик дорои сохтори махсусест: он аз ибтидо («Буд, набуд, як подшоҳ буд…», «Рӯзе аз рӯзҳо…», «Дар як замоне, дар як маконе…»), гузариш («Акун бачаро ин ҷо монем, гапро аз духтар шунавем…»), интиҳо («Онҳо ба муроду мақсадашон расиданд…») иборат аст. Баъзе афсонаҳо танҳо ибтидо ва интиҳо доранд. Дар афсонаҳо тахайюли бадеии гӯянда зоҳир мешавад, қаҳрамонҳо ва шахсиятҳои хос амал мекунанд, онҳо барои саргарм, машғул ва тарбия кардани шунаванда аҳаммият доранд. Ҷалолуддини Румӣ сирру панди дар афсона нуҳуфтаро ганҷ донистааст:

« Кӯдакон афсонаҳо меоваранд,
Дарҷ дар афсонашон бас сирру панд.
Ҳазлҳо гӯянд дар афсонаҳо,
Ганҷ меҷӯ дар ҳама вайронаҳо.
»

Мавзуъ, мазмун ва мундариҷа

Афсонаҳоро аз ҷиҳати мавзӯъ, мазмун, мундариҷа ба афсонаҳои сеҳромез, тамсилӣ (афсонамасал, афсонаҳо дар бораи ҳайвонот), маишӣ, ишқӣ ва ғайра ҷудо мекунанд. Дар афсонаҳои сеҳромез қаҳрамонон бо ёрии сеҳру ҷоду, дуд кардани мӯй ва пари ҷонварон, кордчаи сеҳрнок ва ғайра ба мақсад мерасанд. Намунаҳои афсонаҳои сеҳромез «Подшоҳ ва духтари оҳангар», «Духтари ҷасур», «Заркокулу Маҳпешонӣ», «Салимпаҳлавон», «Булбули саргашта», «Чил кафтар» ва ғайра мебошанд. Дар афсонаҳои тамсилӣ ҳайвонот, ҳашарот, хазандаҳо, парандаҳо ва баъзе ашёи беҷон амал мекунанд. Сарчашмаи ин қабил афсонаҳо тасаввуроти мардум дар бораи ҷондор пиндоштани олами мавҷудот (анимизм), парастиши ҳайвонот, рустаниҳо, ки баъзе қабилаҳо онҳоро ҳомии худ мепиндоштанд (тотемизм), ба чизҳои беҷон хислатҳои одамиро нисбат додан (антропоморфизм) мебошанд. Намунаи афсонаҳои тамсилӣ: «Гунҷишки гапнодаро», «Кайкак ва канаяк», «Гург ва рӯбоҳ», «Рӯбоҳ ва паланг», «Бузаки ҷингилапо», «Акка ва мусича» «Момогамбусак» ва ғайра Дар афсонаҳои маишӣ муносибаҳои маишӣ ва иҷтимоии одамон, зиндагии мардум инъикос меёбад. Баъзе афсонаҳои маишӣ хусусияти ҳаҷвӣ доранд. Намунаи афсонаҳои маишӣ: «Тадбири Бибихонум», «Ятимча ва хоҷа», «Ақлам ҳасту пулам нест», «Ишқи духтари бой ва ятим», «Ин рӯзоям мегузараду меравад», «Лаку Пак», «Алдаркӯса», «Писари нодони шоҳи Бухоро», «Қиссаи кали Аҳматак» ва ғайра афсонаҳои дар байни мардуми Шарқ машҳуру паҳншуда афсонаҳои ишқӣ мебошанд, ки ҳам дар варианти асари адабӣ-бадеӣ ва ҳам дар эҷодиёти шифоҳии халқ вомехӯранд: «Лайлӣ ва Маҷнун», «Фарҳод ва Ширин», «Юсуф ва Зулайхо», «Тоҳир ва Зуҳро», «Давлатхотун», «Наҷмо», «Муғулдухтар» ва ғайра афсона аз эҷодиёти шифоҳии халқ ба адабиёти бадеӣ (хаттӣ) роҳ ёфт. Дар адабиёти Шарқу Ғарб шоирону нависандагонеро, аз қабили А. С. Пушкин, А. М. Горкий, А. Н. Толстой, С. Я. Маршак метавон ном бурд, ки дар баробари осори гуногуни бадеӣ афсонаҳо навиштаанд ва ё нависандагоне ҳастанд, ки чун афсонанавис машҳуранд: Ҳ. К. Андерсен, В. Ҳауф, Ш. Перро ва дигар Адибони тоҷик Ҳ. Карим, Б. Раҳимзода, П. Толис, А. Шукӯҳӣ, Гулчеҳра, У. Раҷаб, Ғ. Мирзо, Б. Ҳоҷӣ, Азизи Азиз, Ҷ. Ҳошимӣ, Н. Бақозода, А. Баҳорӣ, А. Шарифӣ, Латофат, Н. София, Б. Ортиқов, Н. Розиқ ва дигарон на танҳо афсонаҳои халқиро бозгӯ кардаанд ё ба назм даровардаанд, балки худашон афсона навиштаанд.

Ҷамъоварии афсонаҳо

Дар байни навъҳои эҷодиёти даҳанакии халқ аз ҳама бештар афсона мавриди таваҷҷуҳи донишмандони фолклоршинос қарор гирифтааст. Фаъолияти қиссахонон, ноқилон, афсонагӯён, ки дар таърихи илму фарҳанги тоҷик дар асрҳои миёна оғоз ёфтааст, як навъ ҷамъоварии афсонаҳо ва ба мардум расондани онҳо буд. Дар асри 17 адиб Мирзо Бархурдори Фароҳӣ мутахаллис ба «Мумтоз» тақрибан 400 афсонаро ҷамъ оварда, дар асараш «Маҳбуб-ул-қулуб» ҷой додаст. Ҷамъоварию таҳқиқи афсонаҳои тоҷикӣ дар охири асри 19 – ибтидои асри 20 ва минбаъд идома ёфт. Дар ин кор саҳми мардумшиносон, таърихнависон, забоншиносон – омӯзандагони лаҳҷаҳо ва фолклоршиносони тоҷику рус А. А. Семёнов, М. С. Андреев, О. А. Сухарева, С. Айнӣ, А. Деҳотӣ, Ҷ. Икромӣ, Б. Ниёзмуҳаммадов, К. Улуғзода, Р. Аминов, А. З. Розенфелд, Б. Шермуҳаммадов, Д. Обидов, И. М. Стеблин-Каменский, А. Л. Грюнберг, Д. Карамшоев, Ҷ. Рабиев, Гулрухсор, Р. Раҳмонӣ ва дигарон арзанда аст. Дар маҷмӯаҳои «Фолклори сокинони саргаҳи Зарафшон» (1960), «Фолклори Норак» (1963), «Афсонаҳои Самарқанд» (1965), «Фолклори водии Қаротегин» (1986), «Афсонаҳои Ӯротеппа» (1992), «Фолклори тоҷикони Қашқадарё. Афсонаҳо» (ҷилдҳои 1–2, 1998), «Шугҳои Бухоро дар сабти Равшан Раҳмонӣ» (1997) ва ғайра ба табъ расидаанд.

Афсонашиносӣ

Гирдоварии афсона ва афсонашиносӣ дар тамоми дунё густариш ёфтааст. Дар асри 19 бародарон Гримм афсонаҳои мардуми Олмонро гирдоварӣ ва нашр намуданд. Муҳаққиқи Финландия Аарне ба омӯзиши афсонаҳои халқҳои ҷаҳон аз ҷиҳати типологӣ оғоз намуд. Кори Аарнеро фолклоршиноси амрикоӣ С. Томпсон, баъдан муҳаққиқи олмонӣ Ҳанс Ҷорҷ Утҳер идома доданд. Ҷилди якуми «Куллиёти фолклори тоҷик. Масалҳо ва афсонаҳо» (М., 1981), ки дар таҳияи он И. Левин, Ҷ. Рабиев, М. Явич иштирок кардаанд, дар асоси усули кори Аарне таҳия шудааст. Дар шаҳри Гутингени Олмон «Энсиклопедияи афсона» таҳия шуда истодааст, ки 14 ҷилди он (аз 50 ҷилди ба нақша гирифташуда) ба табъ расид. [1]          

Афсона қисса, шӯг. Жанри ҳамосавии фолклори тоҷик. Як навъ ҳикояҳои насри шифоҳӣ, ки мазмунҳои рамзию тамсилӣ,сеҳромезӣ ва саргузаштию маишӣ доранд ва бунёди сужети онҳоро одисаҳои бофтаю хаёлӣ ва тасвирҳои фантастикию ғайриоддӣ ташкил медиҳанд. Афсона навъҳои сеҳромез, тамсилӣ, ҳаҷвӣ, маишӣ, ишқӣ-романтикӣ ва саргузаштӣ дорад. Дар саросари кишвар фаъол аст[2] [3]

Нигаред

Манобеъ

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.126 / Р. Раҳмонӣ
    • Обидов Д. Афсонаҳои ҳаҷвии маишии тоҷикӣ. Д., 1978;
    • Куллиёти фолклори тоҷик. Масалҳо ва афсонаҳо. Ҷ. 1. М., 1981;
    • Раҳмонӣ Р. Афсона ва жанрҳои дигари насри шифоҳӣ. Д., 1999;
    • Раҳмонӣ Р. Таърихи гирдоварӣ, нашр ва пажӯҳиши афсонаҳои мардуми форсизабон. Д., 2001;
    • Пропп В. Морфология сказки. Л., 1928; Рошияну Н. Традиционные формулы сказки. М., 1974;
    • Кербелите Б. Историческое развитие структур и семантики сказок. Вилнюс, 1991;
    • Marzolph U.Typologiedes Persischen Volksmärchens(Typology of Persian Folk Tales). Wiesbaden, 1984;
    • Uther H-J. The Types of International Folktales. A Classification and Bibliography. Based in the System of Antti Aarne and Stith Thompson. Part 1–3. Helsinki, 2004.
  2. Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ./ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ - Душанбе: "Ирфон", 2014, - С. 64
  3. ПИТФИ Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ