Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х илова
х таҳрир
Сатри 34: Сатри 34:
|Эзоҳот=
|Эзоҳот=
}}
}}
'''Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон''' ([[ҶМШС Тоҷикистон]]) - солҳои 1924 -1929 яке аз воҳидҳои маъмурии ҶШС Узбекистон (ИҶШС).
'''Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон''' ([[ҶМШС Тоҷикистон]]) - солҳои 1924 -1929 яке аз воҳидҳои маъмурии ҶШС Ӯзбекистон (дар ҳайати [[ИҶШС]]).
== Таърих ==
== Таърих ==
[[14 октябр]]и [[соли 1924]] дар натиҷаи таъиноти ҳудуди миллию давлатии ҷумҳуриҳои шӯравии [[Осиёи Миёна]] дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт. ҶМШС Тоҷикистон - иборат аз вилоятҳои Қаротегин ([[Ғарм]] ва Дарвозу Ванҷ), [[Кулоб]], [[Қурғонтеппа]], [[Ҳисор]], [[Панҷакент|ноҳияи Панҷакент]] (ва Фалғар - [[ноҳияи Айнӣ]]), Ӯратеппа - [[ ноҳияи Истаравшан]] (ва [[Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ]]) ва қисман Сариосиё (аз ҳисоби Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро) ва 12 ноҳия буд.
[[14 октябр]]и [[соли 1924]] дар натиҷаи таъиноти ҳудуди миллию давлатии ҷумҳуриҳои шӯравии [[Осиёи Миёна]] дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ([[ИҶШС]]) таъсис ёфт. ҶМШС Тоҷикистон - иборат аз вилоятҳои Қаротегин ([[Ғарм]] ва Дарвозу Ванҷ), [[Кулоб]], [[Қурғонтеппа]], [[Ҳисор]], [[Панҷакент|ноҳияи Панҷакент]] (ва Фалғар - [[ноҳияи Айнӣ]]), Ӯратеппа - [[ ноҳияи Истаравшан]] (ва [[Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ]]) ва қисман Сариосиё (аз ҳисоби Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро) ва 12 ноҳия буд.
Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар маҷлиси якуми худ, ки [[9 декабр]]и [[соли 1924]] дар шаҳри [[Тошканд]] баргузор шуд, масъалаҳои тартиби ба таври расмӣ эълон кардани таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ба шаҳри [[Душанбе]] кӯчида омадани ҳайати ҳукумат, тасдиқи сохтори дастгоҳи ҳукумат, буҷети ҷумҳурӣ ва дигар масъалаҳои муҳимтарин, аз ҷумла масъалаи муайян намудани маълумоти мушаххас оид ба шумораи аҳолии ба ҳайати ҷумҳурӣ дохилшаванда, ҳудуди [[Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]], ки ба Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳамроҳ карда мешуд, дар бораи расонидани ёрӣ ба хоҷагиҳое, ки аз ҷанги босмачигарӣ зарар дидаанд ва ғайраҳоро муҳокима кард.
Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар маҷлиси якуми худ, ки [[9 декабр]]и [[соли 1924]] дар шаҳри [[Тошканд]] баргузор шуд, масъалаҳои тартиби ба таври расмӣ эълон кардани таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ба шаҳри [[Душанбе]] кӯчида омадани ҳайати ҳукумат, тасдиқи сохтори дастгоҳи ҳукумат, буҷети ҷумҳурӣ ва дигар масъалаҳои муҳимтарин, аз ҷумла масъалаи муайян намудани маълумоти мушаххас оид ба шумораи аҳолии ба ҳайати ҷумҳурӣ дохилшаванда, ҳудуди [[Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]], ки ба Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳамроҳ карда мешуд, дар бораи расонидани ёрӣ ба хоҷагиҳое, ки аз ҷанги босмачигарӣ зарар дидаанд ва ғайраҳоро муҳокима кард.

Нусха 18:01, 18 Январ 2017

Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон
جمهوريت اجتماعی شوروى مختار تاجيكستان
Çumhūrijati Sūsiolistiji Şūraviji Muxtori Toçikston
[[Image:{{{Парчам}}}|Парчам|130px]] [[Image:{{{Нишон}}}|Нишон|90px]]
Шиор: нест
Суруди миллӣ: «[[Суруди миллии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон|]]»
Рӯзи истиқлолият
Забони расмӣ тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ
Пойтахт Душанбе
Шаҳри калонтарин Душанбе, Кулоб, Ӯратеппа
Идораи давлат
раиси КИМ ҶМШС Тоҷикистон Нусратулло Махсум
Масоҳат
  • Ҳамагӣ
  • Фоизи об.
-ум ҷой дар ҷaҳон
135 620. км²
 %
Аҳолӣ
  • Ҳамагӣ ([[(1926)]])
  • Зичӣ
-ум ҷой дар ҷaҳон
827,1 ҳаз. наф.
нафар/км²
Пули миллӣ
Интернет-Домен
Коди телефон +
Соат UTC

Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (ҶМШС Тоҷикистон) - солҳои 1924 -1929 яке аз воҳидҳои маъмурии ҶШС Ӯзбекистон (дар ҳайати ИҶШС).

Таърих

14 октябри соли 1924 дар натиҷаи таъиноти ҳудуди миллию давлатии ҷумҳуриҳои шӯравии Осиёи Миёна дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (ИҶШС) таъсис ёфт. ҶМШС Тоҷикистон - иборат аз вилоятҳои Қаротегин (Ғарм ва Дарвозу Ванҷ), Кулоб, Қурғонтеппа, Ҳисор, ноҳияи Панҷакент (ва Фалғар - ноҳияи Айнӣ), Ӯратеппа - ноҳияи Истаравшан (ва Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ) ва қисман Сариосиё (аз ҳисоби Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро) ва 12 ноҳия буд.

Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар маҷлиси якуми худ, ки 9 декабри соли 1924 дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, масъалаҳои тартиби ба таври расмӣ эълон кардани таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ба шаҳри Душанбе кӯчида омадани ҳайати ҳукумат, тасдиқи сохтори дастгоҳи ҳукумат, буҷети ҷумҳурӣ ва дигар масъалаҳои муҳимтарин, аз ҷумла масъалаи муайян намудани маълумоти мушаххас оид ба шумораи аҳолии ба ҳайати ҷумҳурӣ дохилшаванда, ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки ба Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳамроҳ карда мешуд, дар бораи расонидани ёрӣ ба хоҷагиҳое, ки аз ҷанги босмачигарӣ зарар дидаанд ва ғайраҳоро муҳокима кард. Ҳангоми муайян кардани сохтори ҳукумати ҷумҳурӣ махсус қайд карда шуд, ки бояд «дар навбати аввал Комиссариати халқии корҳои дохилӣ, Раёсати сиёсии давлатӣ (ГПУ), Комиссариати молия, Комиссариати маориф, Комиссариати адлия ва прокуратураи давлатӣ ташкил карда шаванд». Ҳамин тавр Комиссариати халқии адлия яке аз аввалин комиссариатҳое буд, ки дар Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил карда шуд.[1]

Вилояти махсуси Помир, ки пештар ба ҳайати Ҷумҳуриии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон дохил буд, ба Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ табдил дода шуд ва 2 январи соли 1925 ба ҳайати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳамроҳ гардид. Масоҳати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 135 620 км², аҳолӣ 739 503 нафарро ташкил мекард. 29 апрели соли 1929 дар анҷумани II Шуроҳои ҶМШС Тоҷикистон Конститутсияи ҷумҳурӣ қабул шудааст.

16 октябри соли 1929 Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил дода шудааст. 5 декабри соли 1929 Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба ҳайати ИҶШС қабул шудааст.

Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.

Манобеъ

  1. Сомонаи Вазорати адлияии ҶТ/Таърих