Дэррил Занук: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
таҳрир
х Абдулло-Довуд moved page Дэррил Ф. Занук to Дэррил Занук
(бе тафовут)

Нусха 19:16, 21 Январ 2017

Дэррил Занук
Darryl Zanuck
Сурат
Ном ҳангоми таваллуд Дэррил Фрэнсис Занук
Таърихи таваллуд 5 сентябр 1902(1902-09-05)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 22 декабр 1979(1979-12-22)[1][2][3][…] (77 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша филмноманавис, таҳиякунандаи филм, ҳунарпеша, коргардони филм, producer
Ҳамсар Virginia Fox[d]
Фарзанд Ричард Д. Занук[d]
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викитека Осор дар Викитека

Дэррил Ф. Занук (англ. Darryl F. Zanuck; 5 сентябри 1902 - 22 декабри 1979) - продюсери синамо, сенариянавис, коргардон ва ҳунарпешаи ИМА, ки дар ташаккули киноиндустрияи ИМА яке аз нақшҳои муҳимтаринро бозидааст.

Зиндагинома

Даврони кӯдакӣ

Дэррил Фрэнсис Занук дар шаҳри Небраска, дар оилаи меҳмонхонадор таваллуд шудааст. Дар шашсолагӣ Занук бо модараш ба Лос-Анҷелес мекӯчад. Дар ҳамон ҷой баъд аз ду сол дар синни ҳаштсолагӣ якумин бор дар рӯи кино дар нақши эпизодӣ паидо шуд, аммо падараш аз ин розӣ нашуд, ӯ маҷбур шуд боз ба Небраска баргардад.

Дар соли 1918, ба сарварони аскарон сину солашро фиреб карда, ба армияи ИМА дохил шуд. Хизматро дар сафи Гвардияи миллии шаҳри Небраска гузашта, дар Ҷанги якуми ҷаҳонӣ, дар Фаронса иштирок кардааст. Баъд аз тамомшавии ҷанг ба ватанаш баргашта, аввал чун сенариянавис кор мекард. Сенарияи якуми худро ба Уилям Рассел фурӯхт, сенарияи дуюмашро ба - Ирвинг Талберг.

Баъд аз ҳамкорӣ бо Мак Саннет Занук ба студияи Warner Bros. ба кор даромад, ки дар онҷо ӯ беш аз 40 сенария аз соли 1924 то соли 1929 навиштааст. Дар соли 1929 ӯ яке аз роҳбарони студия шуд, ва дар соли 1931 аллакай кинонашриётро идора мекард.

20th Century Fox

Дар соли 1933 Дэррил Занук ҳамроҳ бо Ҷозеф Шенк компанияи пешинаи United Artistro-ро идора мекарданд, ва боз бо ҳамроҳи Уилям Гетз киностудияи "20th Century Fox"-ро таъсис доданд. Баъд аз ду сол, бо "Fox Film Corporation" муттаҳид карда корпоратсияи 20th Century Fox-ро таъсис намуданд. Президенти корпоратсия Ҷозеф Шенк шуд.

Марг

Дэррил Ф. Занук аз бемории рак дар Палм-Спрингс, Калифорния, дар соли 1979, дар синни 75-солагӣ вафот карда, дар мазори Велтвуд гӯронида шуд.

Нигаред

Сарчашма

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
  3. 3.0 3.1 filmportal.de — 2005.
  4. Deutsche Nationalbibliothek Record #120859998 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.