Абдулқодири Раҳим: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х бот ислоҳ карда истодааст, replaced: њ → ҳ (279), љ → ҷ (65), ї → и (67)
х →‎top: Иловаи шаблон using AWB
Сатри 1: Сатри 1:
{{Адиб
|Ном = Абдулқодири Раҳим
|Номи аслӣ = Раҳимов Абдуқодир
|Акс =
|Тавсифи акс =
|Ном ҳангоми таваллуд =
|Номи пурра =
|Тахаллусҳо =
|Зодрӯз = [[1961]]
|Зодгоҳ = {{Зодгоҳ|ноҳияи Восеъ}}
|Санаи марг =
|Маҳалли вафот =
|Табаият =
|Намуди фаъолият = [[Шоир]]
|Солҳои фаъолият =
|Самт =
|Жанр =
|Забони осор =
|Оғоз =
|Мукофотҳо =
|Ҷоизаҳо =
|Lib =
|Сайт =
|Викииқтибос =
|Соядаст =
}}

'''Абдулқодири Раҳим''' (Раҳимов Абдуқодир) [[17 январ]]и соли [[1961]] дар деҳаи Кафтархонаи [[ноҳияи Восеъ]] таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики [[Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон|Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон]]. [[Шоир]], барандаи ҷоизаи "Ҷавонони Тоҷикистон". То ҳол зиёда аз 5 китобаш ба табъ расидааст. Китоби аввалинаш бо номи "Дурӯғи Шабнам" соли [[1993]] бо пешгуфтори Салими Хатлонӣ ба табъ расид. Баъдан дигар китобҳояш бо номҳои "Чароғи ошноӣ", Ҷилваи як нола",Фурӯғи меҳр" ва "Духтари афсонаҳо" ба табъ расидаанд. Дар маҷаллаҳои Ҷумҳурии исломии Ирон низ чанд маротиба шеърҳояш ба табъ расидаанд.
'''Абдулқодири Раҳим''' (Раҳимов Абдуқодир) [[17 январ]]и соли [[1961]] дар деҳаи Кафтархонаи [[ноҳияи Восеъ]] таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики [[Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон|Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон]]. [[Шоир]], барандаи ҷоизаи "Ҷавонони Тоҷикистон". То ҳол зиёда аз 5 китобаш ба табъ расидааст. Китоби аввалинаш бо номи "Дурӯғи Шабнам" соли [[1993]] бо пешгуфтори Салими Хатлонӣ ба табъ расид. Баъдан дигар китобҳояш бо номҳои "Чароғи ошноӣ", Ҷилваи як нола",Фурӯғи меҳр" ва "Духтари афсонаҳо" ба табъ расидаанд. Дар маҷаллаҳои Ҷумҳурии исломии Ирон низ чанд маротиба шеърҳояш ба табъ расидаанд.



Нусха 13:55, 26 Январ 2017

Абдулқодири Раҳим
Навъи фаъолият: нависанда

Абдулқодири Раҳим (Раҳимов Абдуқодир) 17 январи соли 1961 дар деҳаи Кафтархонаи ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон. Шоир, барандаи ҷоизаи "Ҷавонони Тоҷикистон". То ҳол зиёда аз 5 китобаш ба табъ расидааст. Китоби аввалинаш бо номи "Дурӯғи Шабнам" соли 1993 бо пешгуфтори Салими Хатлонӣ ба табъ расид. Баъдан дигар китобҳояш бо номҳои "Чароғи ошноӣ", Ҷилваи як нола",Фурӯғи меҳр" ва "Духтари афсонаҳо" ба табъ расидаанд. Дар маҷаллаҳои Ҷумҳурии исломии Ирон низ чанд маротиба шеърҳояш ба табъ расидаанд.

Алҳол корманди рӯзномаи "Ҷумҳурият" буда, ба ҳайси мудири шӯъбаи фарҳанг ва адабиёт кор мекунанд.Оиладор, сохиби се фарзанд аст.

Порча аз шеъри "Бедорӣ", аз китоби "Дурӯғи Шабнам":

Имшаб чароғ мурд,
Афсона гул накард.
Андӯҳ пушти хотира биншаст то ба рӯз
Ҳамроҳи созу сӯз.
Маҳтоб ҷилваҳои нигори маро фурӯхт.
Абри сиёҳ гуфт:
О ваҳ! Кӣ доғ бурд?
Парвона гул накард.
Ҳайрат ҷавобро зи рухи оина зудуд.

Ин ҳикоя низ аз уст. Модари меҳрофарин бо ёди мост

Ба офтоб ҳам монандаш намекунам, чун ӯ бартар аз офтоб аст. Ман ин ҳаќиќатро си сол пеш аз духтараки нобиное дарёфтам. ӯ таманно мекард: «Парвардигоро, аз ту мехоҳам, ки як бор, барои як лаҳза дидаи биноям бубахши, то боре ба чеҳраи офтобу модарам, ки бас дӯсташон медорам, бинигарам. Медонам, бояд дар олам аз чеҳраҳои онҳо зеботар чеҳрае набошад. ҳайф аст, агар дар ҳама умр аз дидорашон бенасиб монам ва оламро ҳамчунин падруд бигӯям». Он гоҳ касе аз мо пурсид: «Агар бигӯянд, ки аз ин ду якеро бояд бубини, кадомеро интихоб мекуни»? Гуфт: «Агар бар ҷойи ман ҳар каси дигаре ҳам мебуд, дидори модарро аз Худо мехост». Ва баъд бо гунгу каре рӯ ба рӯ шудам. Як вожаро медонист ва онро бо меҳр, бо самимият мегуфт: «Оча!», яъне модар. Ва девонаеро дидам, ки миёни издиҳом бас ором буд ва кирдори зиште аз ӯ содир намешуд ва сухани баде аз забонаш намебаромад. ҳама дар тааҷҷуб афтодем, аз он ки ӯ пештар ба ҳар нафаре, ки дар назараш меомад, зиён мерасонд ва алфози ќабеҳ аз забон ҷори мекард. Маълумам гардид, ки он лаҳзаҳо модар дар паҳлуяш будааст. Ба рости, ҳеҷ нафареро ёд надоштем, ки бад-он ҳусни адаб намуда бошад. Пас аз он навиштаи ҳакимеро, ки дар девори дармонгоҳе овезон буд, хондам: «Одами ба ќадри ду чиз замоне мерасад, ки ҳар дуро аз даст додааст: яке тандурусти ва дигаре ҷавони». Ба худ гуфтам: «Агар ӯ модарро аз даст медод, ҳаройина бар ин гуфта онро ворид мекард ва пеш аз тандуристиву ҷавонияш мегузошт». Ман дар ҳафтсолаги охир неъмати ҷавониро аз даст додам ва худро пири ҳафтодсола дидам. Оре, замоне, ки модарам аз сарои фони ба диёри ҷовидони рафт. Ва пас аз он буд, ки ганҷи тандурустиро ҳам аз даст додам. Бародаронам чун аз ин ду неъмат маҳрум гаштанд, ба назди модарам рафтанд. Мегуфтанд: «Модар моро садо мекунад ва ба назди худ мехонад. Дигар бо ин ҷудои намесозем ва як рӯзи офтоби, он гоҳ, ки рангинкамон аз ҳастии худ башорат медиҳад, меравем». Ва рафтанд, бо видоъ, он шаш бародар. ҳамаро дар ёд дорам. Рӯз мешуморидем, ки ба Наврӯз, Наврӯзи оламафрӯз бирасем. Ба шодмони гуфтем: «Шонздаҳ рӯз монд». Ва он замон буд, ки модари азизи мо фарзанд ба дунё овард. Ин муждаро ба пайвандон расондем. Ќандамон доданд, ки даҳонҳои мо ширин шавад ва ҳамчунон ширин сухан бигӯем. Аз он ќандҳо якеро нахӯрда, хабар оварданд, ки модарамон мурдааст. Бори аввал бе овози занги мактаб, бе анҷоми дарс аз мактаб баромадему ба хона омадем. Ман даҳшати маргро намедонистам ва эҳсос ҳам намекардам. Мегуфтанд, ки модарат меравад ва боз меояд. Аз забони худи ӯ ҳам борҳо шунида будам: «Агар ки як рӯз ман аз ин хона биравам, боз меоям. Агар ки ҳам бигӯянд, ки ӯ рафтаву дигар ҳеҷ барнамегардад, бовар макун. Магар дили модар аз санг аст, ки ҷигарбандони худро танҳо ё бар дигаре мегузораду меравад ва ҳеҷ намеояд? Осмонро, абрро, заминро, хонаро, сабзаро, обро шоҳид мегирам». Ва ӯ омад, аввал ба хоб, баъд ба бедори, агарчи чиҳил рӯз аз он як рафтанаш гузашта буд. Ба тасаллоям ҳамсабаќонам омаданд, ваќте дарёфтанд, ки ман гиристаам ва болиштам аз оби дида тар аст. Гуфтанд: «Бояд нагирйи, мо - ҳама ятимем, саѓираем». Ман ин вожаҳоро бори аввал мешунидам, аммо эҳсос мекардам, ки онҳо марҳами решам шуданд. Ва нигоҳҳои ҳазину маъсумонаи онҳо изҳор медоштанд, ки сарнавишти мо ба ҳам монанд асту ин ҷо хонаи ятимон мебошаду дур аз пайвандон зиндаги ба сар мебарему мехонем. Барои омӯзгор низ сухан гуфтан аз модар ба ҳангоми дарс бас душвор мешуд, чун медонисту медид, ки чашмони мо пур аз об мегардад. Ва як рӯз модарам на ба хоб, балки ба бедори омаду гуфт, ки ман ин зани меҳрубон, омӯзгори саропо меҳрро модар хитоб кунам. Гуфтани вожаи модар нисбати омӯзгор пас аз он дигар ҳеҷ душворам нанамуд. Андак-андак бо гузашти рӯзҳо нишонаҳои модарамро дар ӯ пайдо кардам. ҳама дар ин ҷо медонист, онҳое, ки модарро аз даст додаанд, зиёданд. Як зани фаррош мегуфт: «Кӯдак ятим намешавад, агар падараш аз олам бигузарад. Аммо чун модараш бимирад, яќин, ӯ ятим аст, саѓира аст». Ва медидем, ки модарон ба ин макон барои дидорбинии фарзандонашон пайваста меомаданд, бо ҳадя, бо ќанду шириниҳо. Ва ҳам онҳоро ба ҳангоми таътил ва рӯзҳои истироҳат ба хонаҳо мебурданд. Ба суроѓи мо, дидорбинии мо, онҳое, ки модар надоштем, падаронамон гоҳ-гоҳ, ба соле як ё ду бор меомаданд. Дар афсонаҳои мо аммо ҳамеша писар ба ҷустуҷӯи падари гумшудаву бе ному нишон мерафт ва ӯро меёфту ҳамроҳаш бо пирӯзи бармегашт. ҳеҷ як чунин афсонаеро намедонистем, ки дар он фарзанд ба суроѓи модар мебарояду бо корнамои, талош, донишу хирад, андеша ӯро ба хона меорад. Ќиссаи талхи сарнавишти ятимии ҳар нафарро аз бар карда будем ва бо ќиссаи худ ќиёс менамудем. Як ҳамдарси мо пайваста сурат мекашид, сурати занеро. Мегуфт, ки он модараш ҳаст. Дӯст медошт, ки мо бо дидани он сурат бигӯем: «Модарат зани зебо ва меҳрубон аст. Фариштае, олиҳаеро мемонад». Чашмонаш бо шунидани ин суханон ѓарќи об мегардиду изҳор медошт: «Рост аст, рост аст ин». Як рӯз ман ба ӯ гуфтам: «Як ҳаќиќатро, як сирро барои ту ошкор мекунам, аммо ба касе магӯ». Намедонам, чаро чунин гуфтам, дар ҳоле ки он сир набуд ва на ҳаќиќате, ки бояд пинҳонаш медоштам. Рози шуд ва гуфт: «Бигӯ, онро пинҳон медорам». Гуфтам: «Модари ту ба модари ман монандиҳо дорад. Ба Худо савганд мехӯрам, ки модари ман ҳам зебо буд, сарбанди сафеду куртаи сурх дошт. Фаќат чашмонаш фарќ мекунанд. Чашмони модари ман сабз буд, на сиёҳ». ӯ гирист, талху бо алам гирист. Баъд савгандам дод, ки ҳар он чи мегӯяд, ба касе ошкор насозам. Чун савганд хӯрдам, гуфт: «Модари ман кӯр буд. Ман дар асл ранги чашмони ӯро намедонам, шояд ҳам сабз буд, мисоли чашмони модари ту. Ман ранги сафедро замоне душман гирифтам, ки дидам чашмони нобинои модарам сафед менамоянд». Пурсидам: «Ту барои чи модаратро дӯст медори»? Посух дод: «Намедонам. Шояд барои он ки ӯ модари ман аст. Шояд барои он ки модар аст». Ва ман си сол бад-ин пурсиш посух наёфтам. Марди мӯйсафеде ҳам, ки синнаш аз ҳафтод гузашта буд, аз модар ёд меовард ва ин вожаро бо муҳаббати зиёд ба забон меовард. Гумон мебурди, ки аз ҳама меҳру навозиши модар баҳравар шудааст. Дар асл боре рӯи модарро надида буд ва чеҳраашро низ ёд надошт. Оре, пас аз си сол мӯйсафеде, марди бузурге, ки ҳакими давронаш мехонданд, гуфт: «Посухи ҳамаи мо - одамон ба ин пурсиш комил нест, зеро мо аз ҷавоб гуфтан оҷизем. Агар ҳамаи инсонҳо ќудрат медоштанду хираду истеъдод ва ҷавоб мегуфтанду онҳоро ҷамъ меовардем, шояд аз ин посухҳо андаке ќаноат ҳосил мекардем. Бояд бидонем, Худованд ҳазорон санъату фан сохтааст, ки модар ба мо меҳр андохтааст. Мо магар ҳазорон санъату фанро медонем, то бузургии модарро эҳсос намоему бигӯем барои чи ӯро дӯст медорем»? Ва мо дар ин ҳол Худоро ҳамду сано гуфтему ситоиш кардем. Ва шод гаштем, ки ин амал ба хотири модар сурат гирифт. Ва эҳсос кардем, ки Худованд низ аз мо хушнуд шуд. Суратҳои кашидаашро ӯ ба ман нишон медод. ҳар бор модарашро беҳтару зеботару дилработар мекашид, баски чунин дар хаёлу дар назараш меомад. Мегуфт, ки дар абрҳои сафеду зебои фазо модарашро мебинад. Мегуфт, ки модараш аз оби равони ҷӯй ҳам бармехезад ва бо ӯ сухан мегӯяд. Мегуфт, ки ӯро борҳо миёни сабзазорону гулҳо дидааст. Ва ман дар ин ҳол суханони модарамро ба хотир меовардам, ки ӯ ҳамеша бо мост ва дар ҳар ҷо, дар ҳар сурат меояд. Як рӯз марди посбон бо дидани суратҳои модари ӯ гуфт: «Ман шунидам, ки одам набояд расми одамро бикашад. Худованд аз ин амал дар ѓазаб мешавад ва ҷойи ҳар нафаре, ки сурат мекашад, хоса сурати одамро, дӯзах аст». Мо дар посухи гуфтаҳои марди посбон, ки аз ин пас душманаш гирифтем ва эътиќодамон аз ӯ баргашт, сухане надоштем ва ҳарфе гуфта натавонистем, аммо вуҷудамон ларзиду чашмонамон пур аз об шуд - на аз тарси Худо, на аз тарси рӯзи ќиёмат, балки дар ин ҳол диламон ба ҳамсабаќи рассомамон, ки мепиндоштем танҳо ҳамин амал боиси оромии рӯҳаш, тасаллои дилаш мегашт, месӯхт. ӯ дар посух, бо он ки гиря гулӯгираш мекард, гуфт: «Ман танҳо як расм, расми модарамро мекашам, баски дӯсташ медорам ва низ ҳамеша дар паҳлуи ман аст. Ва медонам бо амри Худо аз ӯ ҷудо шудаам, балки модарам ба пеши ӯ рафтааст. ҳеҷ мумкин нест, ки дили Худо ба мани ятиму саѓира насӯзад ва дар оташи дӯзах барои кашидани сурати модари ягонаву меҳрубонам бисӯзад». Ва ман дер, бас дер дарёфтам, ки ин посух бар ӯ илҳом шуда буд, ба хотири модар. Ва ман он лаҳза, бас зуд дарёфтам, ки дар чунин як ҳол, чунин як муносибат ятим марги дубораи модарашро мебинад. Ва ман пас аз ҳафт сол ба ӯ, ки дар риштаи рассоми таҳсил мекард, гуфтам: «Оё ту метавони сурати модареро бикаши, ки бо симои шоду пур аз ифтихор дар сари гаҳвора нишаставу бо меҳри зиёд, либоси тозаву озода, сарбанди сабз ба кӯдаки чашмонаш пӯшидаву нимбоз аз асари хоб сина медиҳад? Ва тамоми ашё дар ин ҳол бо муҳаббат бар ӯ менигаранду дар дил офаринҳо мегӯянд». ӯ нагуфт, ки метавонам, аммо пурсид: «Модарат ба ин сурат пеши назарат меояд»? Ман хомӯш мондам, балки ҳиссе, нерӯе нагузоштам, ки чизе бигӯям. Аммо ӯ пас аз даҳ сол аз ман пурсид: «Ту хоҳиш надори, ки дар бораи модар чизе бинависи? Ман бисёр мехоҳам, ки аз он навишта модари туро бубинам. Охир гуфта буди, ки ба модари ман монандиҳо дорад». Посух гуфтам, ки мехоҳам, аммо наметавонам. ӯ гуфт: «Бовар мекунам. ҳеҷ кас ки дар мавриди модараш дурӯѓ намегӯяд ва хоксори низ наменамояд». Ва, воќеан, навишта наметавонистам. Баъд сӯҳбати як муҳаќќиќ ба хотирам омад. Мегуфт: «Ба пиндори ман ҳеҷ нафаре асари бузурге дар бораи модар ва дар пояи модар эҷод накардааст. ҳар он чи навиштанд, худ ҳам аз он ќонеъ набуданд, чун аз ҳазор якеро аз меҳри модар, хидмати модар арза надоштанд. Ва аҷзи худро дар ин ҳол бештар дарёфтанд». Бо ин ҳама пас аз ин ман андешидам ва маќсад гузоштам, ки чизе бинависам, дар бораи модар, агарчи ҳеҷ арзише пайдо накунад, агарчи он шукӯҳ, обрӯ, матонат, сарсупурдаги, меҳр, шафќат, зебои, дилрабоии ӯро зоҳир насозад. Оре, ба хотири он ҳамсабаќи рассомам. Баъд як рӯзи сарди фасли зимистон бо модари пире, ки дар даст асо дошту либосҳову попӯшиаш аз камбизоатиаш гувоҳи медод, вохӯрдам. ҳамроҳи набераи хурдсолаш ба маҳбасхона барои дидори ягона фарзандаш омада буд. Дар посухи пурсишҳо мегуфт, ки ҳамин як фарзанду як набера дорад. Келинаш, модари ин кӯдак, соле пештар оламро падруд гуфтааст. Худо ҷони ӯро аз он намегирад, ки барои ин ҳар ду бояд ќарзи модарияшро ба ҷо биёрад. Ва модари пире дар гармои тобистон аз сари роҳ ба духтараш, ки дар пахтазор кор мекард, фарёд менамояд: «Биё, ҷон духтарам, худро барои кор насӯзон». «Меоям» мегуфт, аммо намеомад. Баъд модар фарзанди ӯро дар он гармо дар сари роҳ мегузорад ва боз бо овози баланд, ки ба гӯши духтараш бирасад, мегуфт: «Мебини, фарзандат дар зери офтоби сӯзон аст? То ту наои, ман ӯро аз ин ҷо намебарам». Дигар зориҳои духтари ҷавон ба гӯши модари пираш намерасид. Ва модар пас аз он ки ӯ ба хотири фарзандаш омад, мегуфт: «Диди, духтарам, фарзанд барои модар чи ќадар азиз аст?! Охир ман ҳам барои ту месӯзам. Ту ҳам барои ман азизи...» Ва ба хотир овардам, ки ятиме ќисса мекард: «Як рӯз моиндарам маро мезад, бо чӯб. Мегиристам ва дар ин ҳол модарамро медидам, ки ба ҳолам аз дур назора дорад. Ва чун хомӯш мешудам, намегиристам, ӯ мерафт. Баъд модареро дидам, ки фарзандашро мезад. Пурсидам, ки барои чи фарзандатро мезани. Ба чашмони пурнами ман нигаристу гуфт: «Оҳ, моиндари бераҳмат боз туро зад?! Тасаввур намекунад, ки касе чун ӯ кӯдакони худашро бизанад»? Ман дар симои ӯ, ки холаи ман буд, модарамро дидам. ӯ ба пурсиши ман баъд аз ин посух гуфт: «Ман фарзандамро намезанам, ҷинеро мезанам, ки дар вуҷуди ӯст ва намегузорадаш амали нек намояд». Баъд, барои он ки бештар бовар намоям, ќолини хонаашро, ки овезон буд, зад. Аз он гард баромад. Гуфт: «Диди, ман гардро задам, на ќолинро». Ва марде, ки маъюби ҷанги Бузурги Ватани буд, мегуфт: «Шумо хушбахтед, ки медонед гӯри модаратон дар куҷост. Ман намедонам, агар медонистам, ба зиёраташ мерафтам. Худро аз ин рӯ бадбахт меҳисобам». Дар ҷавоби ӯ марде изҳор медошт: «Худро бадбахт машмор, барояш аз хона ҳам дуо бифирист, меравад, рӯҳаш шод мегардад. Аммо биандеш, тасаввур намо, ҳоли модароне, ки фарзандонашон аз ҷанг барнагаштанд ва намедонистанд гӯри онҳо дар куҷост, чи гуна буд». Ва бо зане вохӯрдам, ки дар рӯймоле расм ва мӯйи фарзандро баставу чил сол нигоҳ доштааст. Гуфтанд, ки ҷанг сар зад ва фарзанди ӯ бо хоҳиши худ ба ҳимояи Ватан рафт. Он рӯз мӯйи сарашро тарошиданд. Модар аз он мӯй андаке гирифт ва ҳамроҳи расмаш дар рӯймол баст. Пас аз соле хабари марги ягона фарзандаш омад. Мегуфтанд, ки то ба охири зиндагиаш ба марги фарзандаш бовар надошт ва интизор буд, ки ӯ меояд. Ва ба хотир овардам, ки падари пирам садҳо фарсахро тай мекарду ба зиёрат, ба сари гӯри модараш мерафту маро ҳамроҳ мегирифт, то бароям дарс бошад, дарси ибрат. Ашкҳои шашќатори ӯро дар он синну сол медидаму дар тааҷҷуб меафтодам, мисоли мо, ки ятим намонда буд. Баъд дар бораи модараш соатҳо мегуфт. Мепиндошти, ки зеботарин, донотарин, маҳбубтарин, меҳрубонтарин модари рӯи олам модари ӯст. Мегуфт: «Пеш аз оне ки ба дарде, ба ранҷе гирифтор шавам, модарам ба хоб меояд ва мебинам, ки дар изтироб аст». Мегуфт: «Пеш аз он, ки бахт ба рӯи ман бихандад ё худ корам ривоҷ бигирад, ба пирӯзи ноил гардам, модарамро ба хоб мебинам, ки бас шод асту чун офтоб механдаду рӯшаниву гарми мебахшад». Мегуфт ва ман бовар мекардам, на аз он ки падарам мегӯяд, балки модари ман ҳам дар ин ҳолат, бад - ин сурат пайдо мешуд. Чашмони падарам ҳамеша пур аз ҳузн буд ва овозаш низ, намедонам барои модари худ ё модари мо ва ё фарзандони аз дастдодааш. Ќуръонро ҳам ки бо овоз мехонд, маро мегирёнд ва аз асари ин овоз шабаҳи модарамро бо бародаронам медидам. Ва ҳам медидам, ки кампираки зебову меҳрубоне ҳамроҳи онҳост. Ва бо марде, ки дар мартаба бас бузург буд, барои рӯзнома сӯҳбат доштам. Аз модараш ёдовар шуд, ки ба хотири ӯ бас ранҷҳо бурдаасту хидмати номардеро кардааст ва модараш ҳама гуна таҳќиру разолатро таҳаммул намудааст. Ва баъд гуфт: «Ман чун ба мансаби баланд расидам, ӯ омаду ба зори аз он ҳама амалаш хост, ки узр бипурсаду барояш вазифа бидиҳам, то рӯзгорашро пеш бубарад. Ман ба ӯ вазифа додам, аммо гуфтам, ки аз модарам узр бипурсад. Рози шуд, вале модарам дигар намехост дидорашро бубинаду узрашро бишунавад. Ва ҳам модарам таъкид намуд: «Мабодо, ки ба хотири ман аз ӯ ќассос бигири, ҳаволаашро ба Худо намудаам. Агар Худо ин маърифатро ба ӯ ато кунад, ки бидонад модар ки аст, чи мартаба дорад, ҳеҷ худро намебахшад ва то ба дами марг чашмонаш пурнам мемонад». Ва бо зане вохӯрдам, ки гуфт: «Ман ба хотири кӯдакони хурдсолам дар айёми ҷавони дигар шавҳар накардам. Онҳоро хонондаму зан додам. Аммо оќибат рӯзи хушам надоданд ва маҷбур шудам, ки хонаи худамро тарк намоям. Аммо бо ин ҳама Худоро зори мекунам, ки аз гуноҳашон бигузарад». Ва модареро дидам, ки ба ҳангоми марг мегуфт: «Бидонед, фарзандонам, ман аз шумо рози меравам ва шумо ҳам аз ман рози бошед. Аммо бубахшед, ки ман натавонистам он рисолати бузурги модариро ба пурраги ба ҷо биёрам ва ҳастиву вуҷуди худро ба шумо бубахшам. Аммо бидонед, ки барои шумо зистам ва ҳам барои шумо мемирам». Ва ба хотир овардам, ки момаам маро бо муҳаббат ва чашмони пуроб дар оѓӯш мекашиду бӯ мекашид ва мегуфт: «Ягона нишони фарзандам ҳасти ва бӯи ӯро дори. Ба хотири шодии рӯҳи модарат хабарам бигир, ба суроѓам биё»! Дишаб боз модарам ба хоб омад. ҷавону зебову дилрабо буд ва табассум ба лаб дошт, ҳамчунон ки дар хотир доштам ва пайвандонаш низ тавсифаш мекарданд. Тамоми рӯз бо ёди ин хоб будаму бо андешаи модарам.

Бегоҳ дар сари дастархон чун нишастем, аз кӯдаки хурдсоламон ёдовар шуданд. Гуфтанд, кӯдаки ҳамсоя, ки хурдсолтар аз ӯст, ба сӯяш мушти хокеро ҳаво додааст. Дар ҷавоб гуфтааст: «Модари ман ҳоло бемор аст ва ҳам мо мисли шумо мошинаи ҷомашӯи надорем. Модарам маро барои ин сарзаниш намекунад, аммо равост, ки бо он ҳол ӯ бароям ранҷ бубарад»? Ман фарзандамро барои ин посухи илҳомшудааш бӯсидам ва ба ҳамсарам нигаристам. ӯро бештар аз ҳама рӯзҳои пештар зебову дилрабову меҳрубонтар дидам. Оре, зеро ба ҳама маъни, ба ҳама дарк ва эҳсоси масъулияти исломиву инсони ӯро он замон на танҳо ҳамсари вафодор, балки модари кӯдаконам дарёфтам. Ва ба худ гуфтам: «Чаро мо, мардон, ба онҳо, ҳамсаронамон чун модари фарзандонамон бо муҳаббати бепоён сухан намегӯему муносибат намекунем»? ҳамсарам гуфт: «Таъбири хобатро ёфтам. Панҷуми март рӯзи даргузашти модари азизат ҳаст. Имсол аз он рӯз чил сол мегузарад. То ба он рӯз ман шифо меёбаму дастархон меорояму пайвандонро даъват мекунем. Бо дуову ёди нек рӯҳи ӯро шод менамоем. Модар аз мо танҳо ҳаминро хостор аст».

Абдулќодири РАҳИМ, «ҷумҳурият»