Ато Ҳамдам: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х Иловаи шаблон using AWB
Mishae (баҳс | ҳисса)
х Пробел
Сатри 28: Сатри 28:
==Зиндагинома==
==Зиндагинома==
[[Акс:Ш.Комилзода, А. Хамдам, Г. Келди в Иране, 2006 год.JPG|thumb|Ато Ҳамдам ҳамроҳи [[Меҳмон Бахтӣ]] ва [[Шариф Комилзода]] дар [[Эрон]], соли 2006|254x254px]]
[[Акс:Ш.Комилзода, А. Хамдам, Г. Келди в Иране, 2006 год.JPG|thumb|Ато Ҳамдам ҳамроҳи [[Меҳмон Бахтӣ]] ва [[Шариф Комилзода]] дар [[Эрон]], соли 2006|254x254px]]
Ато Ҳамдам[[13 июн]]и [[1948]] дар деҳаи Тошбулоқ (ҳоло Сангчашма)-и [[ноҳияи Ҳисор]] ба дунё омадааст.
Ато Ҳамдам [[13 июн]]и [[1948]] дар деҳаи Тошбулоқ (ҳоло Сангчашма)-и [[ноҳияи Ҳисор]] ба дунё омадааст.

Хатмкардаи [[Факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон|факултети забон ва адабиёт]]и [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон|Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон]] (1973) ва шуъбаи журналистикаи Мактаби олии ҳизбии шаҳри [[Тошканд]] (1977). Корманди рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият», 1970–1975), муҳаррир ва сармуҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (1977–1988), корманди Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон (1990–92), Вазири фарҳанги ҶТ (1992–1995), мушовири калони Президенти ҶТ (1995–2004), директори муассисаи нашриявии «Адиб» (2004–2009). Аз соли 2009 сармуҳаррири нашриёти «Эр-граф» ва ҳамраиси Анҷумани тарҷумонҳо ва ноширони давлатҳои ИДМ ва кишварҳои назди Балтика.

==Эҷодиёт==
==Эҷодиёт==
Маҷмӯаи очеркҳои Ато Ҳамдам:
Маҷмӯаи очеркҳои Ато Ҳамдам:

Нусха 02:44, 26 феврали 2017

Ато Ҳамдам
Таърихи таваллуд: 1948
Зодгоҳ:
Навъи фаъолият: нависанда

Ато Ҳамдам (тахаллуc, ном ва насабаш Хоҷаев Ато Ҳамдамович) - нависанда, рӯзноманигор ва драматурги тоҷик, ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ. Корманди шоистаи ҶТ (1999). Узви Иттиҳоди арбобони театрии Тоҷикистон (1997), Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз соли 1970 ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз соли 1979.

Зиндагинома

Ато Ҳамдам ҳамроҳи Меҳмон Бахтӣ ва Шариф Комилзода дар Эрон, соли 2006

Ато Ҳамдам 13 июни 1948 дар деҳаи Тошбулоқ (ҳоло Сангчашма)-и ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст.

Хатмкардаи факултети забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1973) ва шуъбаи журналистикаи Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд (1977). Корманди рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият», 1970–1975), муҳаррир ва сармуҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (1977–1988), корманди Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон (1990–92), Вазири фарҳанги ҶТ (1992–1995), мушовири калони Президенти ҶТ (1995–2004), директори муассисаи нашриявии «Адиб» (2004–2009). Аз соли 2009 сармуҳаррири нашриёти «Эр-граф» ва ҳамраиси Анҷумани тарҷумонҳо ва ноширони давлатҳои ИДМ ва кишварҳои назди Балтика.

Эҷодиёт

Маҷмӯаи очеркҳои Ато Ҳамдам:

  • «Меҳр»,
  • «Заркор» (ҳаммуаллиф бо И. Насриддин, 1973),
  • «Хандаи бахт» (1974),
  • «Маънии умр» (1977),
  • «Давоми роҳ» (1978),
  • «Дастони тиллоӣ» (1982),
  • «Баландӣ»(1984),
  • «Роҳи дил ҳо» (1985),
  • «Ба истиқболи субҳ» (1987),
  • «Подвиг» (1989),
  • «Пеш аз борон» (1992),
  • «Фиғон» (2003),
  • «Фикр кардан лозим» (2005),
  • «Дидор», «Саҳнаи зиндагӣ» (ҳар ду 2008),
  • «Жизнь продолжается» (2009) ба табъ расидаанд.

Пйесаҳои «Писари Ватан», «Пеш аз борон», «Сабақ», «Ҳар қиссаро анҷомест» ва пйесаҳои якпардагии «Бо номи ҳаёт», «Бори каҷ», «Фарзанди якум», «Ба истиқболи субҳ», «Аҷинаҳо», «Самар» ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Дар ҳаммуаллифӣ бо адиби русзабони Тоҷикистон Л.Чигрин романҳои «Шоҳроҳи Абрешим» (2002), «Садди Суғд» (2003), «Садди Хатлон», «Ишқи помирии венет сиягӣ» (ҳар ду 2007), «Ситораи рӯзи Имоми Аъзам» (2009), «Хатои Темурланг» (2011)-ро таълиф намудааст, ки ба мавзӯъҳои таърихӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бахшида шудаанд. Романи «Озар аз Уструшан ё Шамшери Спартак», ки ҳамроҳи Л.Чигрин таълиф шудааст, дар Канада ба алифбои арабиасоси форсӣ ва англисӣ ба табъ расид. Асарҳои ӯ ба баъзе забонҳои кишвар ҳои ИДМ тарҷума ва нашр гардидаанд. Ато Ҳамдам повестҳои Г. Марков – «Замини Иван Егорович», «Айёми ҷангии ман», пйесаҳои А. Вампилов – «Латифаҳои деҳот», Тавфиқ Ҳаким – «Тири бехато», Ҷон Голсуорси – «Виҷдон», С. Алёшин – «Кори гражданӣ» ва ғ-ро ба тоҷикӣ гардондааст.

Пйесаи «Самар» соли 1983 ба гирифтани мукофоти ҳавасмандкунии Вазорати маданияти ИҶШС ва ИН ИҶШС, мазҳакаи «Сафармахсум» дар озмуни «Парасту – 93» (Душанбе) дар озмуни байнал- милалӣ «Наврӯз – 93» (Ашқобод) ба гирифтани Шоҳҷоиза (ҷойи аввал) мушарраф гардидааст.

Ато Ҳамдам вакили анҷуманҳои 22, 23, 24 ҷавонони Тоҷикистон, вакили Анҷумани 19 умумииттифоқии ҷавонон буд. Бо мукофоти адабии ҶИЭ (1994) қадр шудааст. Узви ИН Белорусия аз соли 2009.[1]

Манбаъ

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе:Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.70

Эзоҳ