Фозил Абдураҳмонов: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Фозил Абдураҳмонов
(бе тафовут)

Нусха 15:57, 11 марти 2017

Фозил Абдураҳмонов
Таърихи таваллуд 1930
Зодгоҳ

Фозил Абдураҳмонов (05.12.1930, ш. Конибодом)— олим, доктори илми тиб (1968), профессор (1969), Ходими шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1994).

Зиндагинома

Фозил Абдураҳмонов хатмкардаи факултаи муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1952). Аспиранти кафедраи анатомияи эътидолии одами Донишкадаи тиббии 2-юми Москва ба номи И.В. Сталин (ҳоло Донишгоҳи тиббии Москва ба номи Н.И. Пирогов; 1952-1955), ассистент (1955-1961), дотсенти кафедраи анатомияи эътидолии одами ИДТТ (1961-1967) ва ҳамзамон муаллими калони факултаи тарбияи ҷисмонии ИДПД (1955-1957), директори Омӯзишгоҳи тиббии ш. Душанбе (ҳоло коллеҷ; 1957-1962), декани факултаҳои педиатрӣ ва стоматологӣ (1963-1967, 1968-1969), мудири кафедраи анатомияи эътидолии одами факултаҳои педиатрӣ ва фармакологӣ (1968-1994), мудир (1994-2006) ва профессори (аз 2006) кафедраи муттаҳидаи анатомияи одами Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино кор кардааст.

Фаолияти илмӣ

Доир ба масоили таъмини хуни бахшҳои ҷудогонаи мағзи сар, ғадудҳои тарашшуҳи дохилӣ ва морфологияи рагҳои хурди хуну лимфагарди узву бофтаҳои одам дар ҳолати муътадил ва беморӣ (перитонит, илтиҳоби гурда, сиррози ҷигар, ғалаёни хун ва ғ.), ҳамчунин дар шароити таҷриба дар водиҳо ва баландкӯҳҳо (ағбаҳои Анзоб ва Мурғоб), сохтори макро ва микроскопии рагҳои хунгарди узвҳои ҷавфи шикам дар ҳолати муътадил, ноқисӣ ва таҷриба дар шароити водӣ ва баландкӯҳ ковиши илмӣ анҷом додааст. Муаллифи зиёда аз 170 асару мақолаҳои илмӣ ва таълимию методӣ мебошад.[1]

Осор

  • Артериальное кровоснабжение красного ядра мозга человека. – М., 1955;
  • Микромикроскопическое строение внутриорганного русла брюшины в норме и эксперименты: Дисс…доктора мед.наук. – Д., 1968;
  • Кровеносные сосуды брюшины. – Д., 1973;
  • Анатомияи одам, ҷ. 1. – Д., 1995, ҷ. 2, 1998;
  • Краткий атлас анатомии человека (соавтор). – Д., 2000;
  • Атлас – учебник по функциональной анатомии человека. Часть 1 – 2. – Д., 2006, 2008.

Мукофот

Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 7 медал ва ифтихорномаҳо мукофотонида шудааст. Ходими шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон. Аълочии соҳаи тандурустӣ.[2]

Эзоҳ