Ноҳияи Ишкошим: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х →‎Бахшҳои идорӣ: иловаи деҳа
No edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 2: Сатри 2:
{{ВМ
{{ВМ
|Ранг1 = #A5D570
|Ранг1 = #A5D570
|Номи тоҷикӣ =
|Номи тоҷикӣ = Ишкошим
|Номи аслӣ = Ноҳияи Ишкошим
|Номи аслӣ = Ноҳияи Ишкошим
|Нишон =
|Нишон =
Сатри 20: Сатри 20:
|Унвон = Ноҳияи маъмурӣ
|Унвон = Ноҳияи маъмурӣ
|Тобеи = [[Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
|Тобеи = [[Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
|Шомили = 1 шаҳрак, 6 [[ҷамоат]]
|Шомили = 2 шаҳрак, 7 [[ҷамоат]]
|Пойтахт = [[Ишкошим]]
|Пойтахт = [[Ишкошим]]
|Шаҳри калонтарин =
|Шаҳри калонтарин =
Сатри 26: Сатри 26:
|Таъсис = [[27 октябр]]и [[1932]]
|Таъсис = [[27 октябр]]и [[1932]]
|Бекоркунӣ =
|Бекоркунӣ =
|Номҳои пештара =
|Номҳои пештара =[[ Вахон ]]
|Раис =
|Раис = Самадов Зикрихудо
|Шакли роҳбарӣ = Раиси ноҳия
|Шакли роҳбарӣ = Раиси ноҳия
|Раис2 =
|Раис2 =
Сатри 38: Сатри 38:
|ММД ба сари аҳолӣ =
|ММД ба сари аҳолӣ =
|Ҷой аз рӯи ММД ба сари аҳолӣ =
|Ҷой аз рӯи ММД ба сари аҳолӣ =
|Забон = [[Забони тоҷикӣ|тоҷикӣ]]
|Забон расӣ = [тоҷикӣ | Вахони x̌ik zik]
|Забонҳо = ]
|Забонҳо = [[тоҷикӣ]] ва [[Вахони(x̌ik zik)]]
|Аҳолӣ = 30&nbsp;800 <ref>[http://www.stat.tj/ru/img/65a709121baf8a64bf15d33f398aafde_1435736807.pdf Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2015 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан.]</ref> нафар
|Аҳолӣ = 30&nbsp;800 <ref>[http://www.stat.tj/ru/img/65a709121baf8a64bf15d33f398aafde_1435736807.pdf Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2015 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан.]</ref> нафар
|Соли барӯйхатгирӣ = 2015
|Соли барӯйхатгирӣ = 2015
Сатри 49: Сатри 49:
|Ҷой аз рӯи зичӣ =
|Ҷой аз рӯи зичӣ =
|Гурӯҳҳои миллӣ = [[Мардуми тоҷик|тоҷикон]]
|Гурӯҳҳои миллӣ = [[Мардуми тоҷик|тоҷикон]]
|Гурӯҳҳои динӣ = [[мусулмон]]он [[суннӣ|сунниҳо]]
|Гурӯҳҳои динӣ = [[мусулмон]]он [[исмоилиён шиахо]]
|Масоҳат = 3656,0 км²
|Масоҳат = 3656,0 км²
|Фоиз аз масоҳат =
|Фоиз аз масоҳат =
|Ҷой аз рӯи масоҳат =
|Ҷой аз рӯи масоҳат =

Нусха 07:01, 24 май 2017

Ишкошим
Ноҳияи Ишкошим
36°43′31″ с. ш. 71°36′48″ в. д.HGЯO
Кишвар  [[|]]
Шомили 2 шаҳрак, 7 ҷамоат
Маркази маъмурӣ Ишкошим
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 27 октябри 1932
Масоҳат 3656,0 км² км²
Баландӣ
  • · Миёна


  • 3000 м
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 30 800 [2] нафар нафар (2015)
Забонҳои расмӣ тоҷикӣ ва Вахони(x̌ik zik)
Шиносаҳои ададӣ
Сарвожа IS
Рамзи ISO 3166-2 TJ.BK.IS
Коди телефон +992 3553
Нишонаи почта 736500
Ишкошим дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ноҳияи Ишкошим (форсӣ: ناحیۀ اشکاشم‎) — яке аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст ва дар шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.

Ин ноҳия 27 октябри соли 1932 таъсис ёфта аст. Маркази ин ноҳия рустои Ишкошим (форсӣ: اشکاشم‎) аст, ки 104 км ҷанубтар аз шаҳри Хоруғ дар канораи рӯди Панҷ ҷой дорад.

Ҷуғрофия

Ноҳияи Ишкошим дар миёни қаторкӯҳҳои Роштқалъаву Ишкошиму Вахон воқеъ аст. Дар шимолу ғарб бо ноҳияи Шуғнон, дар шимол бо ноҳияи Роштқалъа, дар шарқ бо ноҳияи Мурғоб ва дар ҷануб бо вулусволиҳои Ишкошим ва Вахони вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз мебошад.

Аз шимолу шарқи ноҳияи Ишкошим ба шимолу ғарби он рӯди Панҷ гузар мекунанд.

Ноҳияи Ишкошим 3656,0 км² масоҳат дорад.

Мардум

Тақсимоти идории ВМКБ

Бино бар саршумори соли 2015 дар ноҳияи Ишкошим 30 800 нафар зиндагӣ мекунад.[3] Мардуми Ишкошим ба забонҳои тоҷикӣ (порсӣ), ишкошимӣ ва вахонӣ сухан мегӯянд.

Таърих

Бино бар роҳномаҳо ва ҷаҳоннамоҳои арабизабон ва порсизабони садаҳои миёна, ноҳияи Ишкошим дар гузашта Вахон (форсӣ: وخان‎) ном доштааст.[4] Вале ин аз эҳтимол дур аст, зеро қабл аз "истилои" Шуравӣ Ишкошим як вулуси алоҳида ва Вахон вулусе алоҳида будаанд.

Ишкошим аз замони Сомониён то соли 1895 ҳукумате мустақил дошта ва фармонравоёни онро шоҳ мехондаанд. Қаламрави подшоҳии Вахон сарзамини имрӯзаи ноҳияи Ишкошим ва вулусволии афғонии Ишкошим (форсӣ: اشکاشم‎) дар ду канораи рӯди Панҷро дар бар мегирифтааст.

Соли 1895 подшоҳии Ишкошим, ки дар ҳар ду канораи рӯди Панҷ қарор дошт, дар паи ҷаҳонгириҳои Русия ва Британия дупора гардид ва канораи рост ба аморати Бухоро ва канораи чап ба Афғонистон дода шуд.[5]

Ишкошим дар солҳои 1878 – 1920 яке аз бекигариҳои аморати Бухоро буд ва бек дар рустои Ишкошим менишаст ва мир хонда мешуд.

Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон дар соли 1924, Ишкошим бахше аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гардид, ки 2 январи соли 1925 таъсис дода шуд.

Бахшҳои идорӣ

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Ишкошим 1 шаҳрак ва 6 ҷамоат дорад[6]

Ҷамоатҳои ноҳияи Ишкошим
Ҷамоат Аҳолӣ Деҳаҳо
шаҳраки Ишкошим 6567 Ишкошим, Авҷ, Дашт, Намадгут, Намадгути Боло, Рин, Сумҷин, Удит, Яхшвол
Аскар Замиров 2527 Андароб, Гармчашма, Кӯҳи Лаъл, Мири Дашт, Сист, Сниб, Хасхоруғ
Вранг 5152 Вранг, Внукут, Дриж, Ширгин, Ямг
Зонг 4863 Зонг, Зугванд, Лангар, Ҳисор
Қозидеҳ 1880 Қозидеҳ, Бағуш, Баршор, Возг, Шанбедеҳ
Шитхарв 4 862 Шитхарв, Даршай
Птуп Птуп, Вичкут, Зумудг, Навобод, Туггоз, Ямчун

Ҳукумат

Сарвари ноҳияи Ишкошим Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Ишкошим — Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Ишкошим ба муддати 5 сол интихоб мешавад.


Эзоҳ

Манобеъ

  • Постников А.В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. М.: Памятники исторической мысли, 2001. 416 стр., 8 л. карт. ISBN 5-88451-100-0