Фаридуни Ҷунайдӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Сатри 63: Сатри 63:


== Пайвандҳо ==
== Пайвандҳо ==
* <ref>{{Cite news|title=Муҳаммадҷони Шакурӣ аз забони Фаридуни Ҷунайдӣ|author=|url=http://parsianjoman.org/cyr/?p=765|work=Порсӣ анҷуман|date=2014-09-17|accessdate=2017-06-22|language=tg}}</ref>
* {{Cite news|title=Муҳаммадҷони Шакурӣ аз забони Фаридуни Ҷунайдӣ|author=|url=http://parsianjoman.org/cyr/?p=765|work=Порсӣ анҷуман|date=2014-09-17|accessdate=2017-06-22|language=tg}}
* <ref>{{Cite news|title=Фаридуни Ҷунайдӣ: Фарзандони Рӯдакӣ аз хондани форсӣ маҳруманд|author=|url=http://parsianjoman.org/cyr/?p=47|work=Порсӣ анҷуман|date=2014-03-21|accessdate=2017-06-22|language=tg}}</ref>
* {{Cite news|title=Фаридуни Ҷунайдӣ: Фарзандони Рӯдакӣ аз хондани форсӣ маҳруманд|author=|url=http://parsianjoman.org/cyr/?p=47|work=Порсӣ анҷуман|date=2014-03-21|accessdate=2017-06-22|language=tg}}
* {{Cite web|url=http://millat.tj/farhangvaadab/3301-faridun-junaydi-sukhanro-namefurushand.html|title=Фаридуни Ҷунайдӣ: Суханро намефурӯшанд|author=Ш. Хоҷамуҳаммад, Ш. Шоҳмирзо|website=Рӯзномаи Миллат|date=|publisher=millat.tj|lang=tg|accessdate=2017-06-22}}
* {{Cite web|url=http://millat.tj/farhangvaadab/3301-faridun-junaydi-sukhanro-namefurushand.html|title=Фаридуни Ҷунайдӣ: Суханро намефурӯшанд|author=Ш. Хоҷамуҳаммад, Ш. Шоҳмирзо|website=Рӯзномаи Миллат|date=|publisher=millat.tj|lang=tg|accessdate=2017-06-22}}

[[Гурӯҳ:Пажӯҳишгарони Эрон]]
[[Гурӯҳ:Пажӯҳишгарони Эрон]]

Нусха 03:31, 22 июни 2017

Фаридуни Ҷунайдӣ
Таърихи таваллуд 10 апрел 1939(1939-04-10) (84 сол)
Зодгоҳ
Кишвар
Ҷойҳои кор
 Парвандаҳо дар Викианбор

Фаридуни Ҷунайдӣ (10 апрели 1939, Нишобур) — эроншинос, нависанда, мударриси донишгоҳ, устурашинос. Заминаи асосии тахассуси ӯ шоҳномапажуҳӣ аст[1].

Зиндагинома

Фаридуни Ҷунайдӣ, фарзанди Бактоши Эронӣ[2], ва падарбузурги Қандаҳорӣ[3] дар 20 фарвардини соли 1318-и хуршедӣ (соли 1939 милодӣ) дар кӯҳистони Риванди Нишопур зода шуд.

Фаъолият

Дар соли 1358 «Бунёди Нишопур»- ро бунёд ниҳод ва акнун мудири ин Бунёд ва нашрияи «Балх» аст[4]. Ӯ солҳо устоди донишгоҳҳои Санъатии Шариф, Теҳрон ва Кирмон будааст ва ба омӯзиши забонҳои бостон ва «Шоҳнома» мепардозад ва акнун низ ба сурати озод ва ройгон ба омӯзиши забонҳои паҳлавӣ ва авастоӣ ва баргузории анҷуманҳои Шоҳномахонӣ дар Бунёди Нишопур машғул аст.

Осор

Шоҳномапажӯҳӣ

Фаридуни Ҷунайдӣ беш аз 30 сол аз умри худро барои вироиши «Шоҳнома» сарф кардааст, то бино ба назари худ байтҳои афзудаи «Шоҳнома»- ро аз он ҷудо кунад ва ин нусхаи виростаи ӯ аз «Шоҳнома» дар 6 ҷилд 3 сол қабл мунташир шуд.

Ҷунайдӣ, Фаридун (1360); Номаи паҳлавонӣ (Худомӯзи хат ва забони паҳлавии ашконӣ, сосонӣ); нашри Балх.

Аз дигар осори ӯ метавон намунаҳои зерро баршумурд:

  • Номаи паҳлавонӣ (Худомӯзи хат ва забони паҳлавӣ, сосонӣ ва ашконӣ);
  • Зиндагӣ ва муҳоҷирати Ориёиён бар пояи гуфторҳои эронӣ;
  • Фарҳанги ҳазвориши паҳлавӣ;
  • Достонҳои Рустами паҳлавон (Маҷмуъаи ёздаҳҷилдӣ);
  • Зарвон, санҷиши замон дар Эрони бостон (дар бораи муносибатҳои рӯзҳо ва моҳҳои сол дар Эрони бостон);
  • Фазл бини Шодони Нишопурӣ ва набарди андешаҳо дар Эрони пас аз Ислом, чопи нахуст 1360;
  • Нақши ҷонварон дар сухани Саъдӣ;
  • Заминаи шинохти мусиқии Эрон;
  • Корномаи Ибни Сино;
  • Набарди андешаҳо дар Эрони пас аз Ислом;
  • Фарҳанги ҳазворишҳои дабираи паҳлавӣ;
  • Вироиши «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (давраи шашҷилдӣ);

Сарпарастиҳо ва ҳамкориҳои пажуҳишӣ

  • Фарҳанги вожаҳои Авасто (авастоӣ-паҳлавӣ-форсӣ-англисӣ)-Эҳсони Аҳромӣ, Фаридуни Ҷунайдӣ;
  • Фарҳанги Безуӣ, Бародарон Мазриъатӣ, бо пешгуфтор ва ёварии Фаридуни Ҷунайдӣ;
  • Вожаномаи Румону, Шералӣ Теҳронизодаи Қучонӣ, бо пешгуфтор ва ёварии Фаридуни Ҷунайдӣ;
  • Вожаномаи Роҷӣ (Гӯиши Дилиҷон), Ҳусайни Сафарӣ, бо пешгуфтор ва ёварии Фаридуни Ҷунайдӣ;
  • Номаи фарҳанги Эрон (дафтари якум, дуюм ва сеюм), гирдоварии Фаридуни Ҷунайдӣ.

Эзоҳ

  1. بخشی از پیشگفتار شاهنامهٔ ویراستهٔ فریدون جنیدی
  2. Дар феҳристи асомии ноширони кишвар, номи кӯчаки падараши ғуломризо дарҷ шудааст. (Феҳристи асомии ноширони кишвар, вазорати фарҳангу иршоди исломӣ, 1383, сафҳаи 136 )
  3. گفتگو با نوانديش. من تاريخ، فرهنگ و هنر ايران را به پيش از اسلام و پس از اسلام تقسيم نمي كنم. بنیاد نیشابور. www.bonyad-neyshaboor.ir. 22 июни 2017 санҷида шуд.
  4. Bonyad Neishabour. سازمان پژوهش فرهنگ ایران- بنیاد نیشابور. www.bonyad-neyshaboor.ir. 22 июни 2017 санҷида шуд.

Пайвандҳо