Самариддин Саъдиев: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х тасвир
навсозӣ
Сатри 1: Сатри 1:
{{Шахсият
{{Зиндагинома
|ном =
|Номи тоҷикӣ= Самариддин Саъдиев
|Номи аслӣ= Самар Саъдиев
|номи аслӣ =Самариддин Саъдиев
|ном ҳангоми таваллуд =
|Акс=Sadiev Samar.jpg
|акс =Sadiev Samar.jpg
|Зодрӯз=10 [[январ]]и соли [[1918]]
|бар =
|Зодгоҳ= ш. [[Самарқанд]]
|тавсифи акс = Самар Саъдиев
|Даргузашт=[[29 май]]и соли [[1983]]
|санаи таваллуд = 10.01.1918
|Вазифа=ҳунарпеша
|зодгоҳ = {{Зодгоҳ|Самарқанд|шаҳри Самарқанд}}
}}
|табаият = {{Парчам|Тоҷикистон}} [[Тоҷикистон]]

|шаҳрвандӣ =
'''Самариддин Саъдиев''' (10 [[январ]]и соли [[1918]] ш. [[Самарқанд]] - [[29 май]]и соли [[1983]] ш. Душанбе), ҳунарпешаи санъати мусиқӣ, театрӣ ва [[синамои тоҷик]]. [[Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон]].
|санаи марг = 29.05.1983
|маҳалли марг = {{МаҳаллиМарг|Душанбе|шаҳри Душанбе}}, [[Тоҷикистон]]
|падар =
|модар =
|ҳамсар =
|фарзандон =
|намуди фаъолият = ҳунарпеша ва [[коргардон]] ([[режисёр]])и [[Телевизиони Тоҷикистон]]
|ҷоизаҳо ва мукофотҳо ={{!}}{{Ордени Нишони Фахрӣ}}{{!!}}{{Медали Барои меҳнати шоён}}, [[Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон]]
|соядаст =
|сайт =
|викианбор =
}}
'''Самариддин Саъдиев''' ҳунарпешаи санъати мусиқӣ, театрӣ ва [[синамои тоҷик]]. [[Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон]].
==Зиндагинома==
==Зиндагинома==
Самариддин Саъдиев 10 [[январ]]и соли [[1918]] дар ш. [[Самарқанд]] ба дунё омадааст. Ӯ аз хурдсоли шавқи санъати театро дӯст дошта дар синни 13-солагиаш дар театри «Кӯккӯйлак»-и ш. [[Самарқанд]] ҳамчун ҳунарпеша баромад мекард.
Самариддин Саъдиев 10 [[январ]]и соли [[1918]] дар ш. [[Самарқанд]] ба дунё омадааст. Ӯ аз хурдсоли шавқи санъати театро дӯст дошта дар синни 13-солагиаш дар театри «Кӯккӯйлак»-и ш. [[Самарқанд]] ҳамчун ҳунарпеша баромад мекард.

Нусха 17:30, 23 июни 2017

Самариддин Саъдиев
Самариддин Саъдиев
Сурат
Таърихи таваллуд 10 январ 1918(1918-01-10)
Зодгоҳ Самарқанд
Таърихи даргузашт 29 май 1983(1983-05-29) (65 сол)
Маҳалли даргузашт
Пеша ҳунарпеша
Фарзанд Шӯҳрат Саъдиев
Ҷоизаҳо
ордени «Нишони Фахрӣ»

Самариддин Саъдиев — ҳунарпешаи санъати мусиқӣ, театрӣ ва синамои тоҷик. Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон.

Зиндагинома

Самариддин Саъдиев 10 январи соли 1918 дар ш. Самарқанд ба дунё омадааст. Ӯ аз хурдсоли шавқи санъати театро дӯст дошта дар синни 13-солагиаш дар театри «Кӯккӯйлак»-и ш. Самарқанд ҳамчун ҳунарпеша баромад мекард. Солҳои 1932-1935 дар техникуми театрӣ ва солҳои 1935-1936 дар омӯзишгоҳи мусиқавии ш. Тошканд таҳсилро давом дода, ҳамчунин берун аз дарс ҳамчун ҳунарпешаи театри «Малые формы» («Нақшҳои хурд») ш. Тошканд баромад мекард. Баъд аз хатми омӯзишгоҳ, ӯ соли 1936 бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун ҳунарпешаи Театри драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ба шаҳри Сталинобод меояд. С. Саъдиев аз соли 1940 дар театри навташкилшудаи опера ва балети ба номи С. Айнӣ ва минбаъд солҳои зиёд (1942-1970) дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ҳамчун ҳунарпеша ҳунарнамоӣ намудааст. Дар давоми фаъолияти эҷодии хеш С. Саъдиев дар кори студияи Телевизиони Тоҷикистон саҳм гузоштааст. Солҳои аввали фаъолияти эҷодӣ дар Телевизиони Тоҷикистон - 1959-1960 ӯ ҳамчун коргардони намоишҳо барои бачагон дар сарредаксияи адабӣ-драмавӣ кор кардааст.

Фаъолияти эҷодӣ

С. Саъдиев дар катори ҳунарпешаву адибони номдори ҶШС Тоҷикистон иштирокчии Даҳаи адабиет ва санъати тоҷик дар ш. Москва буд, ки солҳои 1941, 1949 ва 1957 шуда гузаштааст. Ӯ иштирокчии яке аз аввалин озмуни Умумииттифоқии артистони эстрада аз Тоҷикистон буд. Даври якӯми озмун дар ш. Тошканд соли 1946 шуда гузашт, дар он Саъдиев ғолиби даври озмуни осиёимиёнагӣ гардид. 20 июл - 2 августи соли 1946 дар ш. Москва дар озмуни ҷамъбастии Умумииттифоқии артистони эстрада қувваозмои намуда дар натиҷа Лауреати озмуни Умумииттифоқии артистони эстрада (1946) шудааст. Соли 1962 С. Саъдиев барои хизмати шоиста дар ҷодаи санъати мусиқӣ, театрӣ ва синамои тоҷик бо унвони Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон сарфароз шудааст.

Ҳунарнамоӣ дар синамо

Ҳунарнамоӣ дар синамои тоҷик дар фаъолияти эҷодии С. Саъдиев саҳифаи дурахшоне буд. Соли 1956-1957 ӯ дар кинофилми бадеӣ-мазҳакавии «Ман бо духтаре вохурдам» (ба заб. русӣ «Я встретил девушку» - режиссёр Р. Перельштейн), яке аз нақшҳои асосиро офаридааст. С. Саъдиев дар ин филм нақши «музадӯз» - ро иҷро кардааст. Кинофилми мазкур аз суруду рақсҳои миллии тоҷикӣ иборат буда оҳангсози он Андрей Бабаев дар асоси шеърҳои Мирзо Турсунзода оҳанг офаридааст. Сурудҳои дилчаспи кинофилми «Ман бо духтаре вохурдам» ва аз ҷумла суруди мӯзадӯз «Ко мне друзья» («Биёед дӯстон») солҳои 50 – 60–ӯм дар гӯшаву канори Иттиҳоди Шӯравӣ хуш қабул гардида байни мардуми иттиҳод сароида мешуданд. Филми бадеӣ-мазҳакавии «Ман бо духтаре вохӯрдам» дар давлатҳои хориҷии Осиё ва Африко низ намоиш дода шудааст. Филми номбурда дар кинофестивали аввалини мамлакатҳои Осиё ва Африко дар ш. Қоҳира соҳиби ҷоизаи "Кӯзаи бузург" гардидааст.[1]

Нақшҳои С. Саъдиев дар кинофилмҳои "Тоҷикфилм"

  • «Ман бо духтаре вохӯрдам»,
  • «Вақти зангирии писар расид»,
  • «Қиссаҳои хурд дар бораи бачаҳое, ки…»,
  • «Шераки далер»,
  • «Тӯфон дар водӣ»,
  • «Бо завқ нигоҳ кун» [2][3]

Мукофотҳо

С. Саъдиев барои хизмати шоиста дар ҷодаи санъати мусиқӣ, театрӣ ва синамои тоҷик бо

  • ордени «Нишони фахрӣ»(1957),
  • медалҳои «Барои Ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании с. 1941-1945» (1945),
  • «Барои меҳнати бошуҷоат дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании с.1941-1945» (1946),
  • «Барои меҳнати шоён» (1950),
  • «30 - солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании с.1941-1945» (1975)
  • Ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ва Вазорати маданияту дигар ташкилотҳо мукофотонида шудааст.[2][4]

Манобеъ

  1. Я встретил девушку ru.wikipedia.
  2. 2.0 2.1 Энциклопедия кино Таджикистана. - Душанбе,2012, с. 188
  3. Сомонаи kino-teatr.ru С. Саъдиев
  4. Аслҳо ва наслҳо. - Душанбе,2013, с. 116