Рафоъат Саидаҳмадова: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Рафоъат Саидаҳмадова
(бе тафовут)

Нусха 17:48, 23 июни 2017

Рафоъат Саидаҳмадова
Таърихи таваллуд: 1954
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир

Рафоъат Саидаҳмадова, тахаллуси адабӣ,РАФОҲАТшоир, рӯзноманигор, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1998)

Зиндагинома

Рафоъат Саидаҳмадова 5 марти соли 1954 дар шаҳри Кӯлоб ба ҷаҳон омадааст. Соли 1971 мактаби миёнаи ба номи Фрунзеи ноҳияи Данғараро хатм карда, шомили факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон шудааст ва соли 1976 хатмаш кардааст. Фаъолияти меҳнатиро соли 1976 дар Институти таъриху этнография ва бостоншиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои ҷумҳурӣ сар карда, сипас дар Вазорати фарҳанг, нашриёти «Маориф», Иттиҳодияи ҷумҳуриявии «Савдои китоб», ҳафтавори «Умед»-и Бунёди кӯдакони ҷумҳурӣ, Вазорати тандурустӣ, Радиои Тоҷикистон, рӯзномаи «Минбари халқ», Кумитаи имдоди Хумайнӣ адои вазифа кардааст. Ҳамзамон дар бархе аз рӯзномаҳои ватанӣ, аз қабили «Ҷумҳурият», «Ҷунбиш», «Минбари халқ» ва «Нидои ранҷбар» мухбири ғайриштатӣ, дар Ширкати «Барқи тоҷик» корманди умури матбуотӣ будааст. Ҳоло сардори шуъбаи Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мебошад.

Эҷодиёт

Шеърҳояш аз соли 1980 дар маҷаллаву рӯзномаҳои ҷумҳурӣ ба табъ мерасанд. Иддае аз ашъори ӯ дар маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ба табъ расидаанд. Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Нигоҳ», (1987), «Қатраҳои хун» (1997), «Дарёи чашм» (2004) буда, соли 2006 «Ориёӣ суруд»-и Халилуллоҳи Халилӣ дар баргардони ӯ чоп шудааст. Тарҷумаи тоҷикии достони шоири классики рус П.Ершов «Аспаки кӯзапушт» ва китоби ҳикояҳои «Нафири Ҳинд», (2010) ба қалами ӯ тааллуқ дорад. Аз соли 1998 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.[1]

Манбаъ

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с.184 ISBN 978-99947-2-379-9