Абдувалӣ Ҳаитов: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
навсозӣ
No edit summary
Сатри 16: Сатри 16:
[[Гурӯҳ:Омӯзгорони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Омӯзгорони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Биологони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Биологони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ: Олимони Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ: Олимони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон]]

Нусха 00:43, 25 июни 2017

Абдувалӣ Ҳаитов (30.12.1946, деҳаи Чорбоғи н. Деҳқонободи Узбекистон), доктори илми биологӣ (2011).

Зиндагинома

Соли 1968 {ИДХҚТ)-ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур ро тамом карда, ҳамчун лаборанти калон ва ходими хурди илмӣ дар шуъбаи ихтио-логия ва гидробио-логияи Пажӯҳишгоҳи зоология ва паразитологияи ба номи Е. Н, Павловскийи АИ Тоҷикистон фаъолият менамояд. Солҳои 1980-1985 сармутахассиси Иттиҳодияи моҳипарварии н. Абдураҳмони Ҷомӣ, 1985-1986 муовини раиси душанбегии Ҷамъияти моҳидорони Тоҷикистон буд. Аз соли 1986 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур заҳмат кашида, вазифаҳои ассистент, муаллими калон ва дотсенти кафедраи физиологияи ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ ва зоологияро дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур (1986-2000) иҷро кардааст. Аз соли 2000 мудирии ҳамин кафедраро ба зимма дошт. Ҳамзамон вазифаи раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Моҳипарвар»-и Вазорати кишоварзии Тоҷикистонро адо намудааст. Бобати ҳифзи ҳайвоноти обанборҳои Тоҷикистон, роҳҳои беҳбуди фаъолияти хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ, таъсиси зооплактонҳо дар обанборҳо ва ғайра қариб ҳафтод кори илмӣ аз даст баровардааст. Бисёр пешниҳодҳои илмиаш амалӣ гардида, фоидаи иқтисодӣ овардаанд.

Осор

  • Из опыта работы Куйбышевского рыбхоза в Таджикистане. – Д., 1984 (соавтор);
  • Охрана фауны водоёмов Таджикистана. – М., 1993;
  • Формирование фауны зоопланктона водохранилищ Южного Таджикистана: Дисс… доктора биол. наук. – Д., 2011;
  • Зоопланктон Нурекского водохранилища. – Д., 2012; Охрана фауны водоемов Таджикистана. – Д., 2013 (соавтор).[1]

Эзоҳ

  1. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – с.645