Камол Айнӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 8: Сатри 8:
|Дараҷаи илмӣ= олим (ховаршинос, адабиётшинос), нависанда
|Дараҷаи илмӣ= олим (ховаршинос, адабиётшинос), нависанда
}}
}}

[[Акс:Дискуссия (Академик АН РТ К. Айни).jpg|right|thumb|Баҳси устод]]
[[Акс:Дискуссия (Академик АН РТ К. Айни).jpg|right|thumb|Баҳси устод]]
[[Акс:Камол Айни (на совещании).jpg|right|thumb|Баромад дар ҷаласа]]
[[Акс:Камол Айни (на совещании).jpg|right|thumb|Баромад дар ҷаласа]]

Нусха 00:44, 25 июни 2017

Камол Айнӣ
Таърихи таваллуд 15 май 1928(1928-05-15)
Таърихи даргузашт 9 август 2010(2010-08-09) (82 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
 Парвандаҳо дар Викианбор
Баҳси устод
Баромад дар ҷаласа

Айнӣ Камол Садриддинович (15 майи соли 1928 - 9 августи соли 2010, Душанбе), - ховаршинос, адабиётшинос, академики Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1996), дорандаи Ҷоизаи байналмилалии Бунёди фарҳангии Афшор (Эрон, 1990), Ҷоизаи байналмилалии Форобӣ дар улуми инсоншиноси (Эрон,2008), академики Акададемияи мактабҳои олӣ дар соҳаи ховаршиносӣ.

Ҳолнома

Дар гузари Лабиғори ш.Самарқанд ба дунё омадааст. Фарзанди аршади Садриддин Айнӣ. Факултети шарқшиносии Университети давлатии Ленинград ба номи А.А.Ждановро хатм кардааст (1949). Аспиранти Институти шарқшиносии Академияи илмҳои ИҶШС (1949-1953), ходими калони илмии ИЗА ба номи Рӯдакии АИ ҶШС Тоҷикистон, мудири шӯъбаи (ганҷинаи) навбунёди дастнависҳои шарқии назди Президиуми АИ ҶШС Тоҷикистон (1953-1958), мудири сектори матншиносии Шӯъбаи шарқшиносӣ ва осори адабӣ (1958-1966), ходими калони илмии назди Институти шарқшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон оид ба ҳамкории байнидавлати дар таҳқиқ ва нашри осори хаттӣ (1965-1972), мудири сектори Эрони Институти шарқшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон, мудири шӯъбаи таҳқ. дастнависҳо ва осори хаттии ҳамин Институт (1980-1986), директори ганҷинаҳои дастхатҳои Шарқ ба номи академик А. Мирзоев (1986-1992), муовини раиси ҷамъияти “Пайванд” (1996-2002), корманди илмии Институти шарқшиносӣ ва осори хаттии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси доимии Бунёди байналмилалии С. Айнӣ (2002-2010).

Узви даҳ анҷуману марказҳои илмӣ - академии ва фарҳанги эроншиносии кишварҳои Шарқу Ғарб – ИМА, Канада, Фаронса, Эрон, Италия, Олмон ва ғ. Раиси Анҷумани ховаршиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷонишини Раиси Шӯрои таҳқиқ ва нашри осори хаттии АИ Тоҷикистон, муовини Раиси Анҷумани тоҷикони ҷаҳон.

Иштирок дар беш аз 30 конгрессу симпозиумҳои шарқшиносон ва узви чандин комиссияҳои илмӣ доир ба омӯзиши адабиёт ва фарҳанги Шарқ. Аз соли 1980 то 1983 муовини раиси Комитети шӯравии Ассотсиатсияи байналмиллалӣ оид ба омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ дар назди ЮНЕСКО, раиси Анчумани шарқшиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон. (1983- 2010).

Мероси илмӣ

Қисми зиёди корҳои илмии ӯ ба масъалаҳои муҳими адабиёти класикии форсу тоҷик марбут аст. Ӯ муаллифи мақолаҳои:

  • "Бадриддин Ҳилолӣ ва достони ӯ “Лайлӣ ва Маҷнун” (1954),
  • “Беҳзод - рассоми бузурги тоҷик” (1956),
  • “Қасида дар эҷодиёти Рӯдакӣ” (1958),
  • “Хоҷуи Кирмонӣ ва девони ӯ” (Теҳрон, 1969) ва ғ.,
  • рисолаҳои:
  • “Шаҳриёрнома”-и Мухтори Ғазнавӣ (1964, ба заб. тоҷ., русӣ ва анг.),
  • рисолаи “Бадриддин Ҳилолӣ” (1957),
  • муқаддимаву тавзеҳоти маҷмӯаҳои “Носири Хисрав” (1957),
  • “Бадриддин Ҳилолӣ” (1958),
  • достони “Соломон ва Абсол”-и Абдураҳмони Ҷомӣ (1964),
  • “Умари Хайём” (1965),
  • “Авҷи Зуҳал”-и Абӯалии Сино (бо ҳамқаламии Ш.Ҳусейнзода ва Худоӣ Шарифов, 1980),

яке аз таҳиягарони: Фарҳанги мухтасари “Шоҳнома” (1991, бо ҳамқаламии З.Аҳрорӣ), матни нӯҳҷилдаи илмии “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ, тадвини осори мунтахаби панҷҷилдаи Абдураҳмони Ҷомӣ,

  • нашри осори С.Айнӣ,
  • “Ҷомӣ дар миниатюраҳои асри ХVI” (Москва, 1966)
  • “Лавҳаҳои нигорин аз садаи чаҳордаҳ то ҳаждаҳ бар осори суханварони форс-тоҷик” (1974, таҳия ва таҳқиқи М.Ашрафӣ),

фароҳамоварандаи як силсила матни интиқодии осори классикони форсу-тоҷик бо замимаи таҳқиқи онҳо, ки бо ҳамкории Бунёди фарҳанги Эрон дар Теҳрон интишор ёфтаанд:

  • “Ҳумоӣ ва Ҳумоюн” (1969),
  • “Гул ва Наврӯз”-и Хоҷуи Кирмонӣ (1972),
  • “Вис ва Ромин”-и Фахруддини Гургонӣ (бо ҳамқаламии М.Тодуа ва А.Гварҳария, 1970),
  • “Бадоеъ-ул вақоеъ”-и Восифӣ (бо ҳамқаламии А.Н.Болдирев, 1970) ва ғ.

Инчунин муаллифи китоби “Корномаи Айнӣ” (Д., 1978) ва яке аз муаллифони китоби дарсии “Адабиёти тоҷик” барои синфи 9 (1957-1970).

Акс:Беседа (К. Айни справа).jpg
Аҳмади Наҷот ва Камол Айнӣ Камол Айнӣ бо ҳамсараш Камол Айнӣ бо ховаршиносон

Манобеъ

  • Энсиклопедияи советии РСС Тоҷикистон. Ҷилди 1. – Душанбе, 1988, с. 116
  • Аслҳо ва наслҳо. - Душанбе, 2013, с. 20

Пайвандҳои беруна

Востоковеды ближнего зарубежья, Камол Айни, Википедия