Неъматулло Усмонов: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
навсозии маълумот
No edit summary
Сатри 1: Сатри 1:
{{Зиндагинома
|Номи тоҷикӣ= Неъматулло Усмонов
|Номи аслӣ= Неъмат Усмонович Усмонов
| Акс=noimage.gif
|Зодрӯз = [[6 январ]]и [[1929]]
|Даргузашт=[[7 декабр]]и [[2012]]
|Зодгоҳ = ш. [[Самарқанд]]
|Вазифа= [[олим]], табиб, академик
}}
{{Олим
{{Олим
|Ном = Неъмат Усмонов
|Ном = Неъмат Усмонов

Нусха 08:37, 28 июни 2017

Неъматулло Усмонов
Таърихи таваллуд 6 январ 1929(1929-01-06) (95 сол)
Зодгоҳ
Маҳалли даргузашт
Кишвар

Неъматулло Усмонов - омӯзгор, олим, доктори илмҳои тиб (1970), профессор (1971), Академики АИ Тоҷикистон (2001), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2003), Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1979).

Зиндагинома

Неъматулло Усмонов Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд ба номи И. П. Павловро хатм кардааст (1950). Ординатори клиникаи ҷарроҳии умумӣ, муал. таълими ҷарроҳии мак. фелдшерию акушерии Донишкадаи мазкур (1950-1952). С. 1953 ба Сталинобод (ҳоло – Душанбе) омадааст. Мудири шӯъбаи ҷарроҳии Беморхонаи клиникии ҷум.-явии № 1 ш. Сталинобод (1953-1954). Аспирант (1954-1957), ассисистент (1957-1962). дотсент (1962-1964), профессори кафедраи ҷарроҳии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1969-1970), Аз с. 1970 - мудири кафедраи ҷарроҳии госпиталии (ҳоло - кафедраи амрози ҷарроҳишавандаи №2) Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино буд. Ӯ 7 декабри 2012 дар Душанбе даргузашт.

Фаъолияти илмӣ

Дар мавзӯи «Лечение гнойных заболеваний с фурациллином» таҳти роҳбарии проф. З.П. Хоҷаев рисолаи номзадӣ химоя кардааст. Докторанти кафедраи ҷарроҳии госпиталии Институти давлатии тиббии № 1 ш. Ленинград ба номи И.П. Павлов (1964-1969). Дар мавзӯи «Клинико-морфологические изменения печени при портальной гипертензии до и после сосудистых и органных анастомозов» таҳти роҳбарии проф. Ф.Г. Углов рисолаи докторӣ дифоъ кардааст. Бори аввал дар СССР ваготомияи захми меъда ва рӯдаи 12 - ангушта, холангиоскопияи ташхиси интраҷарроҳии варами роҳҳои заҳрабарориро татбиқ кардааст. 80 пешниҳоди ратсионализаторӣ, шаҳодатномаи муаллифӣ ва ихтироот. Таҳти роҳбарии 31 нафар рисолаи номзадӣ ва 10 нафар рисолаи докторӣ дифоъ кардаанд. Ташаббускори таъсиси маркази муоянаи рагҳост. Неъматулло Усмонов Узви Ассотсиатсия ҷарроҳони торакалӣ ва дилу рагҳо (Британияи Кабир), узви АВУ (Институти Библиографияи Америка), узви Ассотсиатсияи ҷарроҳони Тоҷикистон (1985-1993), сармутахассиси ҷарроҳии дилу рагҳо ва шуш (1975-2000), узви раёсати Ҷамъияти умумиит. ҷарроҳон ва ҷарроҳони дилу раг (1988-1992), узви раёсати Фонди умумиит. шафқат ва саломатӣ ва раиси Фонди шафқат ва саломатии Тоҷикистон (1989-1992).

Осор

Муаллифи беш аз 410 асару мақолаи илмӣ, аз ҷумла 8 монография, 13 дастури таълимию методӣ, аз қабили «Диагностика и лечение заболеваний вен нижних конечностей» (Д., 1982), «Хирургия травм сосудов и их последствий» (Д., 1991), «Лечение острых инфекционных деструкций легких» (Д., 1993), «Диагностика и хирургическое лечение сочетанных окклюзирующих поражений брюшной аорты и брахиоцефальных артерий» (Д., 1993), «Хроническая ишемия верхних конечностей» (Д., 1999), «Современные аспекты комплексного лечения острых лёгочных нагноительных заболеваний» (Д., 2002), «Диагностика и хирургическое лечение осложнённых форм эхинококкоза лёгких» (Д., 2004), «Курс лекций по госпитальной хирургии» (Д., 2005) ва ғ.,

Манобеъ