Турсун Ӯлҷабоев: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
No edit summary
х clean up, replaced: | вазифа → |вазифа using AWB
Сатри 5: Сатри 5:
| бар = 200px
| бар = 200px
| тавсифи акс =
| тавсифи акс =
| вазифа = Котиби якуми КМ [[Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон]]
|вазифа = Котиби якуми КМ [[Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон]]
| тартиб = 7
| тартиб = 7
| парчам = Hammer and sickle red on transparent.svg
| парчам = Hammer and sickle red on transparent.svg

Нусха 13:56, 28 июни 2017

Турсун Ӯлҷабоев
Ӯлҷабоев Турсун Ӯлҷабоевич
парчам
7-умин Котиби якуми КМ Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон
24 майи 1956 — 12 апрели 1961
Пешгузашта Бобоҷон Ғафуров
Ҷонишин Ҷабор Расулов
парчам
4-умин Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон
26 марти 1955 — 25 майи 1956
Пешгузашта Ҷабор Расулов
Ҷонишин Назаршо Додхудоев
парчам
Котиби якуми Ленинабадского обкома КП(б) - КП Таджикистана
1952 — январь 1954
Пешгузашта Усмон Раҳматзода
Ҷонишин Мирзоқосим Рустамов
парчам
Первый секретарь Кулябского обкома КП(б) - КП Таджикистана
1952 — 1952
Пешгузашта Н. И. Козлов
Ҷонишин А. Сафаров

Таваллуд 1 май 1916(1916-05-01)
Даргузашт 31 май 1988(1988-05-31) (72 сол)
Ҳизб КПСС
Таҳсилот
Ҷоизаҳо
Ордени Ленин Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
Ордени «Нишони Фахрӣ» Ордени «Нишони Фахрӣ»

Турсун Ӯлҷабоев — 1 майи соли 1916 дар деҳаи Қуруқи ноҳияи Хуҷанд — 31 майи соли 1988), ходими ҳизбӣ ва давлатӣ, Котиби якӯми Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон байни 24 майи, соли 1956 ва 12 апрели, соли 1961 буд.

Ҳолнома

Турсун Улҷабоев 1 майи соли 1916 дар деҳаи Қуруқи ноҳияи Хуҷанди вилояти Суғд ба дунё омадааст. Соли 1935 техникуми омузгорӣ ва с. 1950 Мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ дар шаҳри Москва хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар ноҳияи Нов (1935—1937) саркарда, сипас ба ҳайси мудири шӯъбаи пешоҳангони кумитаи комсомолии ноҳияи Нов, котиби якуми Кумитаи Марказии ИЛКҶ (комсомоли) Тоҷикистон (1941—1945), котиби якуми кумитаҳои ҳизби коммунисти вилоятҳои Сталинобод, Кӯлоб ва Ленинобод (1950—1954), котиби Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон (1954—1955), Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, ҳамзамон Вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон (1955—1956), Котиби якӯми Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон (аз майи соли 1956 то апрели соли 1961) кор кардааст. Маҳз бо ташаббусу сарварии Турсун Ӯлҷабоев соли 1960 сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии Норак ҷомаи амал пӯшид. Дар пленуми КМ ҲКИШ (апрели с. 1961) ҳамроҳи Раиси Шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ Н. Додхудоев дар қаллобии мунтазами ҳуҷҷатҳои ҳисоботӣ ва ҳисоботҳои бардурӯғ пешниҳод кардан дар бораи иҷроиши нақшаҳои пахтасупорӣ ба давлат гунаҳгор дониста шуд ва аз ҳамаи вазифаҳо озод ва аз ҳизби коммунистӣ хориҷ гардид. Турсун Улҷабоев баъдан сафед карда шудааст.

Фаъолияти баъдина

Солҳои минбаъда ба ҳайси директори совхози қафомондаи «Метин — туғай», ҳоло хоҷагии ба номи Турдиеви ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон (1961—1964), директори совхози «Ғарм» — и ноҳияи Комсомолобод (1964—1973), ҷонишини директор, аз соли 1976 то соли 1986 директори совхози «ХХII партсъезд» — и ноҳияи Куйбишев (ҳоло ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ) кор кардааст.

Турсун Улҷабоев вакили Шӯрои Олии ИҶШС, Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, узви КМ ИЛКҶ ва КМ ҲК Тоҷикистон, узви комиссияи тафтишотии ҲКИШ буд.

Дар давраи истиқлолият роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматҳои Т. Улҷабоев дар рушди иқтисолиёти ҷумҳурӣ баҳои баланд дод. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (1997) Нерӯгоҳи барқии обии Норак ба номи Турсун Улҷабоев гузошта шуд. .[1]

Мукофоту ҷоизаҳо

  • ордени Ленин,
  • 2 ордени Нишони Фахрӣ,
  • 3 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат,
  • панҷ медал ва чор Граммотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС мукофотонида шудааст

Ҳамчунин нигаред

Эзоҳ

  1. [Вазирони корҳои хориҷи, Турсун Улҷабоев http://mfa.tj/tj/vazironi-korhoi-khoriji/vazironi-korhoi-khoriji.html]

Пайвандҳо