Ҳодӣ Кенҷаев: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Сатри 70: Сатри 70:


== Сарчашма ==
== Сарчашма ==
{{Cite web|url=http://sadoimardum.tj/minta-a-o/viloyati-su-d/odii-tankzani-safshikani-hasmafkan/|title=Садои мардум — нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ҳодии танкзани сафшикани хасмафкан|author=|website=|date=|publisher=sadoimardum.tj|lang=tg|accessdate=2017-07-12}}
* {{Cite web|url=http://sadoimardum.tj/minta-a-o/viloyati-su-d/odii-tankzani-safshikani-hasmafkan/|title=Садои мардум — нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ҳодии танкзани сафшикани хасмафкан|author=|website=|date=|publisher=sadoimardum.tj|lang=tg|accessdate=2017-07-12}}


[[Гурӯҳ:Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ]]
[[Гурӯҳ:Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ]]

Нусха 07:52, 12 июли 2017

Ҳодӣ Кенҷаев
Кенҷаев Ҳодӣ Исобоевич
Зодрӯз 7 ноябр 1914(1914-11-07)
Зодгоҳ қишлоқи Қистакӯз, вилояти Суғд, Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 24 феврал 1992(1992-02-24) (77 сол)
Мансубият  СССР
Намуди лашкар артиллерия
Солҳои хидмат артиллерия
Рутба
Лейтенанти хурд
Лейтенанти хурд
Набард/ҷангҳо

Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Равобит
Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ
ордени Ленин Order of the Patriotic War 1st class ордени «Нишони Фахрӣ»

Ҳодӣ Кенҷаев (Кенҷаев Ҳодӣ Исобоевич; 7 ноябри 1914, Қистакӯз — 23 феврали 1992, Тоҷикистон) — лейтенанти хурди Артиши Шӯравӣ, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (1943).

Зиндагинома

Кенҷаев Ҳодӣ Исобоевич 7 ноябри соли 1914 дар деҳоти «Қистакӯз» (ҳозира «Хистеварз»)-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Аз соли 1938 дар сафи Артиши Шӯравӣ хизмат намуда, соли 1939 мактаби командирони хурдро хатм намуда, рутбаи командири хурди расчёти артиллериро гирифтааст. 23 сентябри соли 1943 дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ миёни тоҷикон  Ҳодӣ Кенҷаев аз аввалинҳо буд, ки бо унвони олӣ - Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ мушарраф гардонида шуд.

Ӯ дар баробари иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ будан, дар ҷанги зидди Япония низ ширкат  намудааст. Баъди ҷанг дар вазифаҳои роҳбарии партиявию давлатӣ кор кардааст. 

Солҳои 1946-1948 номбурда дар Мактаби партиявии назди КМ ПК Тоҷикистон таҳсил карда, аз соли 1961 раиси Шӯрои деҳоти «Қистакӯз»-и ноҳияи онвақтаи Хуҷанд буд. Як муддат ба ҳайси инспектори Комиссариати халқии маориф, мудири қисми илмии Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Қӯрғонтеппа фаъолият намудааст.

Солҳои 1946-1962  депутати Шӯрои Олии СССР (даъватҳои дуюм, сеюм,чорум ва панҷум) буд. Аз соли 1963 то соли 1990 депутати Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои шашум, ҳафтум, ҳаштум, нуҳум, даҳум ва ёздаҳум) интихоб шудааст. Солҳои 1967 -1975 дар вазифаи муовини Раиси Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон кор карда, аз соли 1965 то соли 1985 узви Пленуми Кумитаи собиқадорони ҷанги умумииттифоқӣ, солҳои 1968-1985 узви раёсати Ҷамъияти дӯстии Иттиҳоди Шӯравӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ буд.

Оила

Аз Ҳоди Кенҷаев чор фарзанд — се духтар ва як писар боқӣ мондааст. Муҳаббат Кенҷаева табиб, Мавлуда Кенҷаева журналист, Давронҷон Кенҷаев муҳандис ва Мунаввара Кенҷаева ҳуқуқшинос мебошанд.

Муҳорибаи Курск

Сержанти калон Ҳодӣ Кенҷаев аз рӯзҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамроҳ бо дигар тоҷикписарон дар муҳорибаҳо мардонагиву ҷасорат нишон додааст. Моҳи июли соли 1943 дар муҳорибаи шадиди Курск дар ҳайати полки артиллерии қиркунандаи рақами 1177-уми Фронти Воронеж ҷангида, қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон дод. Қисми ҳарбӣ зери фармондеҳии ӯ бар зидди танкҳои фашистӣ, аз ҷумла ба муқобили «шоҳпаланг»-ҳо баромад. Сафи муҳофизон кам мегашт, аммо командири захмдоршуда танкҳои фашистиро пайи ҳам ба нишон мегирифт. Командири полк майор П. Шалимов 10 июли соли 1943 зимни пешниҳод кардани Ҳ. Кенҷаев ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ чунин баҳо додааст: «…Давоми ду шабонарӯз, зери бомбаборони пайвастаи 30-40 самолёти душман ҳамлаҳои сахттарини танкҳои душманро зада гардонид. Ӯ тӯпро моҳирона идора карда, бо расчёти худ ду танки миёна ва ду танки вазнини фашистиро аз кор баровард. Вақте ки ҳайати расчёт пурра аз саф баромад, командири тӯп худ оташфишониро давом дода, боз ду танки миёнаю ду танки вазнинро аз кор баровард. Тӯпи сержанти калон Ҳ. Кенҷаев танҳо дар як рӯз 4 танки миёна ва 4 танки Т-6-и душманро нобуд кард».

Бояд гуфт, ки ғалаба дар муҳорибаи Курск ва ба соҳили Днепр баромадани лашкари шӯравӣ гардиши бузурге дар ҷанг буд. Барои қаҳрамониҳо дар ин муҳориба дар баробари Ҳ. Кенҷаев садҳо нафар бо ордену медал сарфароз гардиданд.

Зимни муқовиматҳо Ҳ. Кенҷаев ба ҳамсафонаш бо чунин суханон муроҷиат мекард: «Фаромӯш накунед, ки  мо акнун ҷангҳои сахти ҳалкунандаро барои озод кардани шаҳри Киев, барои баромадан ба соҳили рости Днепри бузург идома медиҳем…Қасам мехӯрем, ки тамоми Украинаро озод намуда, бо ҳамин тамоми хоки мамлакатамонро аз ин нопокон тоза мекунем»…

4 январи соли 1944 дар Кремл Раиси Президиуми Шӯрои Олии СССР Михаил Иванович Калинин Ҳодӣ Кенҷаевро бо ордени «Ленин» ва «Ситораи тилло» сарфароз гардонид.

Мукофоту унвонҳо

Соли 1984  Ҳодӣ Кенҷаев яке аз аввалинҳо шуда, бо унвони «Мураббии хизматнишондодаи ҷавонони РСС Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.

Бо орденҳои «Ленин», «Ситораи тилло», ду ордени «Нишони Фахрӣ», ордени ҶБВ дараҷаи 1 ва як қатор медалҳову грамотаҳои Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Марг

23 феврали соли 1992 аз дунё даргузашт.

Хотира

Дар зодгоҳи Ҳодӣ Кенҷаев — деҳоти «Хистеварз» (пештара «Қистакӯз»)-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд нимпайкарааш гузошта шудааст. Дар баробари номгузории кӯчаҳо ва таълифи китоб, чанде пеш дар варзишгоҳи Хистеварзи ин ноҳия мусобиқаи кушод оид ба бокс бахшида ба ҷашни 100- солагии Ҳодӣ Кенҷаев дар сатҳи баланд гузаронида шуд.

Эзоҳ

Адабиёт

  • Герои Советского Союза: Краткий биографический словарь / Пред. ред. коллегии И. Н. Шкадов. — М.: Воениздат, 1987. — Т. 1 /Абаев — Любичев/. — 911 с. — 100 000 экз. Шаблон:Книга:Герои Советского Союза
  • Днепр — река героев. — Киев, 1983.
  • Подвиги Героев Советского Союза. — М., 1981.
  • Сечкина Л. П. Твои Герои, Таджикистан. — Душанбе, 1985.

Сарчашма