Ҳабиб Аҳрорӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х clean up, replaced: |Ном → |ном (2), |Санаи марг → |санаи марг, |Сайт → |сайт , |Викииқтибос → |викигуфтовард, Жанр → жанр, |Мукофотҳо using AWB
→‎Эҷодиёт: иловаҳо, сарчашмаҳо
Сатри 35: Сатри 35:


==Эҷодиёт==
==Эҷодиёт==
Нахустин китоби тарҷумакардааш «Гулливер дар байни лилипутҳо»-и Ҷ. Свифт (1936) мебошад. Асарҳои адибони рус Н. В. Гогол («Моҷарои Иван Иванович ва Иван Никифорович», 1940; «Шинел», 1952), А. Фадеев («Торумор», 1949; «Гвардияи ҷавон», ҷилди 1, 1954), ҳикояҳои И. Тургенев, А. Чехов, Максим Горкий, Алексадр Толстой (1964–68), «Қисмати одам»-и М. Шолохов (1958), «Ҷанг ва сулҳ»-и Л. Н. Толстой (1952–62) ва ғ-ро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Баъзе асарҳоро аз адибони Ғарб – Оноре де Балзак, Волтер, Алфред де Мюссе, Виктор Ҳюго, Ги де Мопассан, Стендал ва дигарҳоро ба тоҷикӣ гардондааст. Аҳрорӣ дар тарҷумаҳояш хусусиятҳои услубии асарҳои тарҷумашавандаро риоя кардааст. Забони тарҷумаҳояш фасеҳ аст. Дар нигоҳ доштани балоғати гуфтори нависанда, тасвири ҳолати рӯҳии қаҳрамонон, истифода аз санъатҳои бадеии ташбеҳ, таҷнис, таъбир­ҳои халқӣ, зарбулмасалу мақолҳо ва ғайра маҳорати фавқул­ода нишон додааст. Аҳрорӣ муаллифи маҷмуаи ҳикояҳои «Тӯйхӯрии мӯйса­федон» (1984) мебошад.
Нахустин китоби тарҷумакардааш «Гулливер дар байни лилипутҳо»-и Ҷ. Свифт (1936) мебошад. Асарҳои адибони рус Н. В. Гогол («Моҷарои Иван Иванович ва Иван Никифорович», 1940; «Шинел», 1952), А. Фадеев («Торумор», 1949; «Гвардияи ҷавон», ҷилди 1, 1954), ҳикояҳои И. Тургенев, А. Чехов, Максим Горкий, Алексадр Толстой (1964–68), «Қисмати одам»-и М. Шолохов (1958), «Ҷанг ва сулҳ»-и Л. Н. Толстой (1952–62) ва ғ-ро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Баъзе асарҳоро аз адибони Ғарб – Оноре де Балзак, Волтер, Алфред де Мюссе, Виктор Ҳюго, Ги де Мопассан, Стендал ва дигарҳоро ба тоҷикӣ гардондааст. Аҳрорӣ дар тарҷумаҳояш хусусиятҳои услубии асарҳои тарҷумашавандаро риоя кардааст. Забони тарҷумаҳояш фасеҳ аст. Дар нигоҳ доштани балоғати гуфтори нависанда, тасвири ҳолати рӯҳии қаҳрамонон, истифода аз санъатҳои бадеии ташбеҳ, таҷнис, таъбир­ҳои халқӣ, зарбулмасалу мақолҳо ва ғайра маҳорати фавқул­ода нишон додааст. Аҳрорӣ муаллифи маҷмуаи ҳикояҳои «Тӯйхӯрии мӯйса­федон» (1984) мебошад.<ref>[http://aslunasl.tj/%D1%80%D3%AF%D0%B7%D2%B3%D0%BE%D0%B8-%D1%91%D0%B4%D0%B1%D1%83%D0%B4-%D0%B4%D0%B0%D1%80-%D0%BC%D0%BE%D2%B3%D0%B8-%D0%B0%D0%B2%D0%B3%D1%83%D1%81%D1%82/ Сомонаи aslunasl.tj Рӯзҳои ёдбуд дар моҳи август/ Ҳабиб Аҳрорӣ]</ref>


== Мукофоту ҷоизаҳо ==
== Мукофоту ҷоизаҳо ==

Нусха 07:13, 15 августи 2017

Ҳабиб Аҳрорӣ
Таърихи таваллуд: 15 август 1913(1913-08-15) (110 сол)
Зодгоҳ: Самарқанд, ҶШС Ӯзбакистон
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: нависанда, тарҷумон
Забони осор: тоҷикӣ
Ҷоизаҳо: Нависандаи халқии Тоҷикистон (1998)

Ҳабиб Аҳрорӣ (15 августи 1913, Самарқанд, ҶШС Ӯзбакистон30 ноябри 1983, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — нависанда, тарҷумон. Коркуни хизматнишондодаи маданияти ҶШС Тоҷикистон (1973), Ширкаткунандаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941–45), Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1954).

Зиндагинома

Ҳабиб Аҳрорӣ 15 августи соли 1913 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дида ба олам кушодааст. Соли 1941 Факултети забон ва адабиёти русии Институти педагогии Тошкандро хатм намудааст. Фаъолияти кории худро аз Корманди Нашриёти давлатии Тоҷикистон оғоз намудааст, Солҳои 1942–48 дар Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст,

Фаъолияти корӣ

Сармуҳаррири редаксияи барномаҳои тоҷикии Кумитаи радиошунавонии Ӯзбекистон (1948–50),баъдан тарҷумон ва сармуҳаррири Нашриёти давлатии Тоҷикистон (1950–55),муаллими факултети филологияи Универститети Давлатии Тоҷикистон (1952–53),ходими каломи илмӣ, мудири шуъбаи тарҷумаи Институти таърихи партияи назди КМ ПК Тоҷикистон (1955–57; 1977–83). Аҳрорӣ яке аз муҳаққиқони амалия ва назарияи тарҷумаи бадеӣ буд ва дар ин бобат мақолаҳои ҷолибе таълиф намудааст. Барои театрҳои Тоҷикистон пйесаҳои «Муфаттиш»-и Н. В. Гогол ва «Шаби гирифтани моҳ»-и М. Каримро тарҷума кардааст. Аҳрорӣ инчунин тарҷумони осори классикони марксизм-ленинизм буд. Дар мураттабсозӣ ва таҳрири «Луғати русӣ-тоҷикӣ» (1985) ширкат дошт. Аз соли 1954 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Эҷодиёт

Нахустин китоби тарҷумакардааш «Гулливер дар байни лилипутҳо»-и Ҷ. Свифт (1936) мебошад. Асарҳои адибони рус Н. В. Гогол («Моҷарои Иван Иванович ва Иван Никифорович», 1940; «Шинел», 1952), А. Фадеев («Торумор», 1949; «Гвардияи ҷавон», ҷилди 1, 1954), ҳикояҳои И. Тургенев, А. Чехов, Максим Горкий, Алексадр Толстой (1964–68), «Қисмати одам»-и М. Шолохов (1958), «Ҷанг ва сулҳ»-и Л. Н. Толстой (1952–62) ва ғ-ро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Баъзе асарҳоро аз адибони Ғарб – Оноре де Балзак, Волтер, Алфред де Мюссе, Виктор Ҳюго, Ги де Мопассан, Стендал ва дигарҳоро ба тоҷикӣ гардондааст. Аҳрорӣ дар тарҷумаҳояш хусусиятҳои услубии асарҳои тарҷумашавандаро риоя кардааст. Забони тарҷумаҳояш фасеҳ аст. Дар нигоҳ доштани балоғати гуфтори нависанда, тасвири ҳолати рӯҳии қаҳрамонон, истифода аз санъатҳои бадеии ташбеҳ, таҷнис, таъбир­ҳои халқӣ, зарбулмасалу мақолҳо ва ғайра маҳорати фавқул­ода нишон додааст. Аҳрорӣ муаллифи маҷмуаи ҳикояҳои «Тӯйхӯрии мӯйса­федон» (1984) мебошад.[1]

Мукофоту ҷоизаҳо

Эзоҳ

Сарчашма

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.