Отахон Латифӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 1: Сатри 1:
{{Шахсият 
{{Шахсият 
|ном                      =  
|ном                      = Отахон Латифӣ
|номи аслӣ                = Отахон Латифӣ  
|номи аслӣ                =
|ном ҳангоми таваллуд     =   
|ном ҳангоми таваллуд     =   
|акс                      = Latifi-otahon.jpg 
|акс                      = Latifi-otahon.jpg 
Сатри 11: Сатри 11:
|шаҳрвандӣ                =   
|шаҳрвандӣ                =   
|санаи марг               = 22.09.1998  
|санаи марг               = 22.09.1998  
|маҳалли марг             =  {{МаҳаллиМарг|Душанбе|шаҳри Душанбе }}    
|маҳалли марг             = {{МаҳаллиМарг|Душанбе|шаҳри Душанбе }}    
|падар                    =  
|падар                    =  
|модар                    =  
|модар                    =  
|ҳамсар                   =  
|ҳамсар                   =  
|фарзандон                =  
|фарзандон                =  
|намуди фаъолият          = журналист, сиёсатмадор  |ҷоизаҳо ва мукофотҳо     =     
|намуди фаъолият          = журналист, сиёсатмадор  
|ҷоизаҳо ва мукофотҳо     =     
|соядаст                  =  
|соядаст                  =  
|сайт                     =  
|сайт                     =  
|викианбор                = }}
|викианбор                = 
}}


'''Отахон Латифӣ''' ([[18 март]]и [[1936]], [[Панҷакент]] — [[22 сентябр]]и [[1998]], [[Душанбе]]) — рӯзноманигор, Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, сиёсатмадор, узви [[Комиссияи оштии миллӣ]](КОМ) (1997—1998).
'''Отахон Латифӣ''' ([[18 март]]и [[1936]], [[Панҷакент]] — [[22 сентябр]]и [[1998]], [[Душанбе]]) — рӯзноманигор, Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, сиёсатмадор, узви [[Комиссияи оштии миллӣ]](КОМ) (1997—1998).

Нусха 13:24, 21 сентябри 2017

Отахон Латифӣ
Таърихи таваллуд 18 март 1936(1936-03-18)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 22 сентябр 1998(1998-09-22) (62 сол)
Маҳалли даргузашт
Пеша рӯзноманигор, сиёсатмадор

Отахон Латифӣ (18 марти 1936, Панҷакент — 22 сентябри 1998, Душанбе) — рӯзноманигор, Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, сиёсатмадор, узви Комиссияи оштии миллӣ(КОМ) (1997—1998).

Зиндагинома

Отахон Латифӣ 18 марти соли 1936 дар оилаи хизматчӣ дар шаҳри Панҷакент таваллуд ёфтааст. Мактаби миёнаро дар шаҳри Панҷакент соли 1954 хатм мекунад ва худи ҳамон сол ба техникуми электротехникии шаҳри Тошканд дохил шуда онро соли 1957 ба итмом мерасонад. Баъди хатми техникум як сол дар колхози ба номи Карл Маркси ноҳияи Панҷакент аз рӯи ихтисосаш фаъолият кардааст. соли 1958 ба факултаи журналистикаи Донишгоҳи Давлатии Ленинград дохил шуда онро соли 1963 бо муваффақият хатм кардааст.

Таҳсил

Аз соли 1963 аввал дар нашриёти «Ирфон», сипас дар редаксияҳои рӯзномаҳои ҷавонон «Комсомолец Таджикистана» ва «Комсомоли Тоҷикистон» ва баъдан дар дастгоҳи кумитаи марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба ҳайси инструктор ифои вазифа намудааст. Аз соли 1967 то соли 1973 аввал мухбири махсуси рӯзномаи «Комсомольская правда» дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, баъдан дар тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон буд. Кор дар нашрияи «Ирфон», рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ва Кумитаи Марказии ЛКСМ-и ҷумҳурӣ барои ташаккул ёфтани Отахон Латифӣ ҳамчун шахсият нақши муҳим бозиданд.

Фаъолият

Отахон Латифӣ аз соли 1973 то соли 1989 ба ҳайси мухбири рӯзномаи «Правда» дар Тоҷикистон будааст. Соли 1989 ба вазифаи муовини раиси Шӯрои Вазирони Тоҷикистон таъин шуда то соли 1991 дар ин вазифа кор мекунад. Баъдан боз ба кори эҷодӣ мегузарад. Соли 1991 мухбири махсуси рӯзномаи «Известия» ва ҳафтаномаи «Союз» — «Жизнь» будааст.

Отахон Латифӣ бар асари воқеаҳои Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон иҷборан тарки Ватан карда то соли 1997 чанд муддат дар Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон кору зиндагӣ кардааст. Вай раҳбари Маркази ҳамоҳангсозии нерӯҳои демократӣ дар кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ буд.

Отахон Латифӣ яке аз ташаббускорони оғози музокироти Сулҳи байни тоҷикон буда дар барқарории сулҳу оштии миллӣ дар Тоҷикистон хизматҳои бебаҳо кардааст. Пас аз ба имзо расидани Созишномаи сулҳ, ки ин рӯйдод 27 июни соли 1997 ба вуқӯъ пайваст, Отахони Латифӣ ба Душанбе баргашт аз моҳи сентябри соли 1997 то дами марг ба ҳайси раиси зеркумиссиюни ҳуқуқии Комисияи оштии миллии (КОМ) Тоҷикистон ба кор пардохт. О.Латифӣ раисии зеркомиссияи КОМ оид ба масъалаҳои ҳуқуқиро ба ӯҳда дошт. Субҳи 22 сентябри соли 1998 Отахон Латифӣ дар маркази шаҳри Душанбе, дар наздикии қароргоҳи КОМ кушта мешавад. 26 январи соли 1999 ВКД Тоҷикистон изҳор кард, ки яке аз қотилони Латифӣ Равшан Ғафуров ҳангоми фирор аз боздоштгоҳ паронда шуд. 7 июни соли 2000 бошад, Суди Олӣ Абдулло Турсуновро, ки бевосита Латифиро ҳадафи тир қарор дода буд, 17 сол аз озодӣ маҳрум кард, ҷинояткори дигари ин куштор Нозим Воҳидов ҳангоми боздошт шудан безарар гардонида мешавад. Қотилони Латифӣ дар филми мустанади ВКД-и Тоҷикистон 8 августи соли 2017 фош карда шудаанд, ки агентии Азия Плюс пешкаш намудааст.[1]

Мукофоту ҷоизаҳо

Отахон Латифӣ ҳамчун журналист, сиёсатшиносу сиёсатмадор дар ҷаҳони имрӯза маълуму машҳур аст. Дорандаи чандин ҷоизаҳои ҷумҳуриявиву байналмиллалӣ ҳаст. Узви Конфедератсияи байналмиллалии журналистони ҷаҳон буд. Барои хизматҳои шоистааш дар барқарории Сулҳу субот дар кишвар ӯ бо ордени «Шараф» мукофотонида шудааст.

Некдошти устод

Кароматулло Олимов, узви КОМ саҳми Отахони Латифиро дар ҷараёни музокирот ва барқарорсозии сулҳ хеле муассир арзёбӣ мекунад. Кароматулло Олимов мегӯяд, ҳарчанд дар ҷараёни музокирот миёни онҳо баъзан баҳсу мунозираҳо ҳам сурат мегирифт, аммо талоши Латифӣ барои ҳарчӣ зудтар барқарор сохтани сулҳ эҳсос мешуд :

«Дар қабули як силсила санадҳо оид ба масоили ҳуқуқӣ, аз ҷумла қабули қонуни афв, афви онҳое, ки дар муқовиатҳои дохилӣ ширкат кардаанд ва ҳалли масоили вобаста ба сулҳ дар бештари маврид Латифӣ мавқеи муҳим ва мусбат дошт».

Кароматулло Олимов

Иброҳим Усмонов, рӯзноманигор, профессор, узви КОМ.

"Навиштаҳои Латифӣ ба мисли «Высокое гнездо», «Долгое эхо в горах», «Ключи к богатству гор», «Плотина», «Родники жарких долин», «Кишлак в Душанбе», «Откровенный разговор», «Цена рекорда»,"Рабочего нужно готовить" худ сарлавҳаи ҷолиб доштанд. дар мақолаҳои дусадсатрӣ ва камтар аз он Тоҷикистон муаррифӣ мешуд, масъалаҳои доғи рӯз бардошта мешуданд, ки миллионҳо хонандагони газетаи «Правда» (адади нашр 12 млн нусха) дар тамоми гӯшаву канори дунё аз он бохабар мешуданд, роҳбарону мансабдорони сатҳи гуногунро мақолаҳои Латифӣ такон медод. «Латифӣ он чизеро, ки медид ҳамонро менавишт, бинобар ҳамин хонанда он чизеро Латифӣ менавишт, бо чашми худ медид. Латифӣ ҳар чизеро, ки худ дарк мекард, менавишт, бинобар ҳамин хонанда ҳам ба шарафи қалами ӯ ҷаҳонбиниашро васеъ мекард».

Иброҳим Усмонов

.

Эзоҳ

Пайвандҳо