Болта Ортиқов: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Сатри 57: Сатри 57:
*«Ҳирси одам» (1985)
*«Ҳирси одам» (1985)
*«Киштзор» (1987)
*«Киштзор» (1987)
== Сарчашма ==
* Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе: «Адиб», 2014. — С. 175 ISBN 978-99947-2-379-9


[[Гурӯҳ:Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]]

Нусха 16:09, 27 октябри 2017

Болта Ортиқов
Таърихи таваллуд: 1924
Зодгоҳ: Самарқанд
Навъи фаъолият: нависанда
Забони осор: тоҷикӣ

Болта Ортиқов (5 майи 1924, шаҳри Самарқанд19 ноябри 2011) —нависанда, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1960).

Зиндагинома

БОЛТА ОРТИҚОВ 5 майи соли 1924 дар шаҳри Самарқанд ба ҷаҳон омадааст. Соли 1952 факултаи филологияи Донишкадаи омӯзгории Самарқандро хатм кардааст. Дар мактабҳои ноҳияи Кофарниҳон муаллимӣ кардааст. Мудири шуъбаи моҳномаи «Пионери Тоҷикистон», хабарнигори рӯзномаи «Маориф ва маданият» будааст. Солҳои охир дар Самарқанд зиндагӣ ва эҷод мекард.

Эҷодиёт

Офаридаҳояш аз соли 1953 ба чоп расидаанд. Асосан барои бачаҳо менавишт, ки маҷмӯаҳои «Овози ҷавонон» (1954), «Ҷиянҳои қишлоқӣ» (1958), «Конфетҳо» (1962), «Духтарчаи нағз» (1965), «Себи орухур» (1966), «Мактуби сегӯша» (1971), «Ҳандалак» (1973), қиссаҳои машҳури «Таътил» (1959), «Полвон» (1964), «Гули садбарг» (1966), «Бачаҳои Лолазор» (1975), «Дурдонаҳои Зарафшон» (1980), «Пайи хун» (1982), «Дандони тилло» (1982), «Достони Самарқанд» (1985), «Ҳирси одам» (1985), «Киштзор» (1987) ва ғ. аз он ҷумлаанд. Якҷиладаҳояш солҳои 1976 ва 1984 ба табърасидаанд. Китобҳои «Каникулы» (1963) ва «Неугомонный Насыр» (1975)-аш ба забони русӣ тарҷума ва дар Маскав чоп шудаанд.Чанде аз навиштаҳояш ба дигар забонҳо ҳам тарҷума шудаанд.

Аз соли 1960 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

19 ноябри соли 2001 аз олам даргузашт.

Осор

  • «Овози ҷавонон» (1954) *
  • «Ҷиянҳои қишлоқӣ» (1958)
  • «Конфетҳо»(1962)
  • «Каникулы» (1963)
  • «Духтарчаи нағз» (1965)
  • «Себи орухур» (1966)
  • «Мактуби сегӯша» (1971)
  • «Ҳандалак» (1973)
  • «Таътил» (1959)
  • «Полвон» (1964)
  • «Гули садбарг» (1966)
  • «Неугомонный Насыр» (1975)
  • «Бачаҳои Лолазор» (1975)
  • «Дурдонаҳои Зарафшон» (1980)
  • «Пайи хун» (1982)
  • «Дандони тилло» (1982)
  • «Достони Самарқанд» (1985)
  • «Ҳирси одам» (1985)
  • «Киштзор» (1987)

Сарчашма

  • Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе: «Адиб», 2014. — С. 175 ISBN 978-99947-2-379-9