Амбун: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Саҳифаи нав: '''Амбун''' — ченаки асосии вазн ва масоҳати Помири Ғарбии асрҳои миёна. == Маълумот == Дар аввал...
(бе тафовут)

Нусха 08:44, 5 Декабри 2017

Амбун — ченаки асосии вазн ва масоҳати Помири Ғарбии асрҳои миёна.

Маълумот

Дар аввали асри 19 амбун дар Рӯшон баробари 4 кафч, ё 24 растай, ё 1 вилоғ (78 – 79 кг) баробар буд. Пас аз ҳамроҳ шудани Помир ба Русия, барои мутобиқгардонии ченакҳои маҳаллӣ бо русӣ ва ҷиҳати рушди савдо, амбунро сунъӣ ба 6 пуди русӣ (96 – 98 кг) баробар карданд. Дар Шуғнон амбунро аз 96 то 144 кг қимат дошт. Баъзе муҳаққиқон амбунро баробари 80 кг муайян кардаанд.


Эзоҳ

Сарчашма

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.