Аполлон: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1: Сатри 1:



Apollo choiseul pushkin.jpg
[[Акс:Apollo choiseul pushkin.jpg|thumb|Муҷассамаи Аполлон дар осорхонаи Пушкинск.]]
[[Акс:Apollo choiseul pushkin.jpg|thumb|Муҷассамаи Аполлон дар осорхонаи Пушкинск.]]
'''Аполлон''' — {{lang-grc|Ἀπόλλων}}), бо тахалусӣ '''Феб''' ({{lang-grc|Φοῖβος}} ''Фе́бос'' ё,кӣ ''Фо́йбос'' «дурахшон,ҷиллодиҳанда» — дар асотири [[Юнон]] ва [[Рими Қадим]] яке аз [[худоён]] (писари [[Зевс]] ва [[Лето]]) аст, ки нишемангоҳашон кӯҳи Олимп буд; чун симои асотирӣ дорои хислатҳои неку бад мебошад. Зодгоҳаш ҷазираи Астерия.
'''Аполлон''' — {{lang-grc|Ἀπόλλων}}), бо тахалусӣ '''Феб''' ({{lang-grc|Φοῖβος}} ''Фе́бос'' ё,кӣ ''Фо́йбос'' «дурахшон,ҷиллодиҳанда» — дар асотири [[Юнон]] ва [[Рими Қадим]] яке аз [[худоён]] (писари [[Зевс]] ва [[Лето]]) аст, ки нишемангоҳашон кӯҳи Олимп буд; чун симои асотирӣ дорои хислатҳои неку бад мебошад. Зодгоҳаш ҷазираи Астерия.

Нусха 06:52, 6 Декабри 2017


Муҷассамаи Аполлон дар осорхонаи Пушкинск.

Аполлонюн.-қад. Ἀπόλλων), бо тахалусӣ Феб (юн.-қад. Φοῖβος Фе́бос ё,кӣ Фо́йбос «дурахшон,ҷиллодиҳанда» — дар асотири Юнон ва Рими Қадим яке аз худоён (писари Зевс ва Лето) аст, ки нишемангоҳашон кӯҳи Олимп буд; чун симои асотирӣ дорои хислатҳои неку бад мебошад. Зодгоҳаш ҷазираи Астерия.

Асотир

Дар хислату рафтори ӯ нишонаҳои эзидони Осиёи Хурд, давраҳои пеш аз пайдоиши Юнони Қадим ба назар мерасад. Мувофиқи ривоятҳо Аполлон ва Артемида дугониканд. Дар синни камолот Аполлон мори Пифонро кушта, ҷазираи зодгоҳашро обод намуд. Ҳамроҳи хоҳараш Артемида дар набардҳо бар зидди душманон иштирок кард. Дар асотири Юнони Қадим тасаввурот дар бораи Аполлон борҳо тағйир ва такмил ёфтааст. Ӯро эзиди рӯшноӣ ва Офтоб, ҳимоятгари мардум (аз бемориҳо) ва ғайра донистаанд. Асклепий – Худои пизишкӣ писари Аполлон мебошад. Кори дигари неки Аполлон ҳимояи кишоварзию чӯпонӣ ва нигаҳдории галаву рамаи чорпоён, раҳнамоӣ дар шаҳрсозӣ ва ғайра мебошад. Аполлон Мойрагет – пешгӯикунандаи тақдиру қисмат буд; ояндаро пешгӯӣ мекард ва метавонист ба мардум низ ин амалро биомӯзонад. Аполлон беш аз ҳама чун Эзиди санъат, суруду мусиқӣ маълуму машҳур аст. Вай дорои лақаби Музагет – сарвари музаҳо (ҳунарҳо) мебошад. Ғор – дарахти муқаддасест, ки бо номи Аполлон марбут аст. Дар муҷассамаҳо ва осори санъати рассомӣ Аполлон бо асбобҳои мусиқии лира, кифара ва ғайра тасвир ёфтааст.

Дар болои боми Болшой Театри (Театри Калон) Россия (шаҳри Москва) муҷассамаи Аполлон бо лира ва савори гардунаи чораспа сохта шудааст. Дар асоси сужети устураи Аполлон осори муҷассамасозӣ, рассомӣ, мусиқӣ ва адабӣ офарида шудаанд. Бо баъзе хислатҳо – тирандози моҳир, Худои Офтоб ва рушноӣ, ҳимоятгари галаву рама буданаш Аполлон бо эзиди асотири ориёиён Меҳр (Митра) айният дорад.

Эзоҳ

Адабиёт

  • Лосев А. Ф., Мифология греков и римлян, М., 1996.

Сарчашма

Шаблон:ЭИТ