Апорт (навъи себ): Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 9: Сатри 9:
{{ЭМТ}}
{{ЭМТ}}


[[Гурӯҳ:Навъҳои себ]]
[[Гурӯҳ:Навъи себ]]

Нусха 06:05, 3 Январ 2018

Апорти Алматои.

Апорт — як навъ себи қадимии тирамоҳӣ. Мевааш калон (аз 200 – 400 г то 1 кг), нордон, сурхи рахш. Навъи сармобардор ва серҳосил аст; ҳар бехаш то 200 – 400 кг самар медиҳад. Апорт дар тамоми мамлакатҳои боғдории ҷаҳон паҳн шудааст. Бештар хелҳои машҳури серҳосили Апорти сурхак, олмаатоӣ, кубанӣ парвариш карда мешаванд. Дар Тоҷикистон (водии Ҳисор ва ноҳияи Рашт) фақат апорти олмаатоиро мепарваранд.

Эзоҳ

Сарчашма

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.