Апостолҳо: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Саҳифаи нав: '''Апостолҳо''' (юнонӣ apostolos, ибронии шалиах – фиристода) — дар масеҳият 12 нафар наздиктарин ш...
(бе тафовут)

Нусха 06:56, 3 Январ 2018

Апостолҳо (юнонӣ apostolos, ибронии шалиах – фиристода) — дар масеҳият 12 нафар наздиктарин шогирдони Исои Масеҳ, ки нахустин ҷамоати насрониро таъсис дода буданд.

Апостолҳо даъват шуда буданд, ки барои тамоми мардуми олам дар бораи Наҷотдиҳанда башорат ва оид ба корномаҳову мӯъҷизоташ (ҳар чӣ дидаанду шунидаанд) шаҳодат диҳанд. Дар Аҳди Ҷадид, Инҷил Апостолҳоро ба-д-ин тартиб овардаанд: бародарон Петр ва Андрей, бародарон Иаков (аршад) ва Иоанн Богослов, Филипп, Варфоломей, Левий Матфей, Фома, Иаков Алфей, Фаддей, Симон, Зилот ва Иуда Искариот. Дар адабиёти масеҳии ибтидоӣ мубаллиғони масеҳият А. ёд шудаанд.


Эзоҳ

Сарчашма

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.



Адабиёт

  • Левинская И. А., Деяния апостолов, М., 1999.