Аппарати кинопроексионӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Саҳифаи нав: '''Аппарати кинопроексионӣ''' (аз кино ва лот. {{lang-lat|projicio}} – пеш партофтан) — дастгоҳест барои б...
 
No edit summary
Сатри 1: Сатри 1:
'''Аппарати кинопроексионӣ''' (аз кино ва лот. {{lang-lat|projicio}} – пеш партофтан) — дастгоҳест барои ба экран проексия кардани кинофилмҳо.
'''Аппарати кинопроексионӣ''' (аз кино ва лот. {{lang-la|projicio}} – пеш партофтан) — дастгоҳест барои ба экран проексия кардани кинофилмҳо.


== Қисмҳои асосаш ==
== Қисмҳои асосаш ==
Сатри 10: Сатри 10:
{{ЭМТ}}
{{ЭМТ}}


[[Гурӯҳ:Кинопроектор]]
[[Гурӯҳ:Кинопроекторҳо]]

Нусха 06:34, 4 Январ 2018

Аппарати кинопроексионӣ (аз кино ва лот. лот. projicio – пеш партофтан) — дастгоҳест барои ба экран проексия кардани кинофилмҳо.

Қисмҳои асосаш

Қисмҳои асосии аппарати кинопроексионӣ: механизми лентакаш (ҳаракати наворро таъмин мекунад); кассетаҳои лентадеҳ ва лентагир; системаи равшанкунию проексионӣ (барои равшан кардани экран ва проексия кардани тасвир дар он); олоти таҷдиди садо; системаи бо энергия таъмин ва идора кардани кори дастгоҳ. Дар аппарати кинопроексионӣ навор бо ёрии механизми лентакаш бо фосила ҳаракат мекунад. Ҳангоми аз кадр ба кадр гузаштан роҳи сели рӯшноиро пешгираки махсус – обтюратор мепӯшад. Обтюратор бо механизми ҳаракати фосиланок ҷӯр шуда кор мекунад, ки дар натиҷа фосилаҳои бо басомади муайян ҳаракат кардани кадр барои тамошобин ноаён мемонад. Аппарати кинопроексионӣ собит ва сайёр мешавад. Аппарати кинопроексиониӣ собит барои проексия кардани навори 35 мм (муқаррарӣ ва васеъэкран) ва 70 мм (васеъформат)-и сабт кардашуда таъйин шудааст. Баробари ривоҷ ёфтани технологияи коркарди қиёсӣ ва рақамии маълумот истифодаи аппарати кинопроексионӣ торафт аз байн меравад.

Эзоҳ

Сарчашма

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.