Аслӣ Бурҳонов: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 7: Сатри 7:
|имя при рождении =
|имя при рождении =
|дата рождения = 8.1.1915
|дата рождения = 8.1.1915
|зодгоҳ =
|место рождения = {{МестоРождения|Бухара|в Бухаре}},
[[Бухарский эмират]]
|дата смерти = 29.12.1997
|дата смерти = 29.12.1997
|маҳалли марг = {{МестоСмерти|Душанбе}}, [[Таджикистан]]
|маҳалли марг = {{МаҳаллиМарг|Душанбе|шаҳри Душанбе}}, [[Тоҷикистон]]
|профессия = {{актёр|СССР|Таджикистана|XX века}},
{{режиссёр театра|СССР|Таджикистана|XX века}}
|профессия = {{актёр|СССР|Таджикистана|XX века}},
{{режиссёр театра|СССР|Таджикистана|XX века}}
|шаҳрвандӣ = {{URS}}
{{TJK}}
|шаҳрвандӣ = {{URS}}
{{TJK}}

Нусха 06:12, 8 Январ 2018

Аслӣ Бурҳонов
Бурҳонов Аслӣ Бадриддинович
Таърихи таваллуд: 8 январ 1915(1915-01-08)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 26 декабр 1998(1998-12-26) (83 сол)
Маҳалли марг:
Шаҳрвандӣ:  ИҶШС
Тоҷикистон
Касб: ҳунарпеша, ҳунарпешаи синамо, коргардони театр
Ҷоизаҳо:
ордени Ленин ордени Дӯстии халқҳо ордени «Нишони Фахрӣ» Jubilee Medal "In Commemoration of the 100th Anniversary of the Birth of Vladimir Ilyich Lenin"
Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон
IMDb: ID 1313836

Аслӣ Бурҳонов (Бурҳонов Аслӣ (Аслиддин) Бадриддинович; 19151997) — ҳунарпешаи театр ва кинои тоҷик, коргардон, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон(1945). Ҳунарпешаи халқии СССР (1965), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ(1970) аст.

Зиндагинома

Аз 13-солагиаш дар театрҳои ҳаваскори Бухоро ҳунарнамоӣ кардааст. Соли 1932 ҳамчун ҳунарпешаи Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии Бухоро ҳунарнамоӣ кард, аз соли 1933 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ буд.

Эҷодиёт дар театр

Аслӣ Бурҳонов симоҳои мардони қавиирода, муборизони роҳи озодӣ, шахсони фидокору дурандешро офаридааст. Бурҳонов дорои истеъдоди намоён буда, нақшҳои чи фоҷиавӣ ва чи мазҳакавиро табиӣ, бомаҳорат ва таъсирбахш бозидааст. Нақшҳои иҷрокардаи Бурҳонов — Ризо («Мубориза»-и А.Усмонов,1933), Фердинанд («Макр ва муҳаббат»-и Ф.Шиллер,1937), Хушвақт («Тўҳмат»-и С.Саидмуродов ва И.Исмоилов,1938), Салим,Сафар («Калтакдорони сурх»,1941; «Дар оташ»,1944,С.Улуғзода), Ҳаҷир, Сӯҳроб («Рустам ва Сӯҳроб»-и А. Пирмуҳаммадзода ва В.Волкенштейн,1941-1945), Ҳоҷи («Арўсӣ панҷсўма»-и М.Ўдубодӣ,1943), Коба («Хонлар»-и С.Вурѓун,1951), Қорӣ Ишкамба («Марги судхўри»-и С.Айнӣ,1953), Рӯдакӣ («Рӯдакӣ»-и С.Улуғзода,1958) ва диг. Аслӣ Бурҳонов нахустин иҷрокунандаи нақши В. И.Ленин дар саҳнаи тоҷик (пиесаи Н.Погодин, «Одами милтиқдор»,1948). Баътар дар асарҳои саҳнавии «Соли 1919-и фаромӯшнашаванда-и В.Вишневский»(1951),Соати бурҷи Кремл-и Н.Погодин (1960), Тўфон"-и Ғанӣ Абдулло ва Шамсӣ Қиёмов (1957), Ҳуррият ва «Сарбозони инқилоб»-и Ғанӣ Абдулло (1964), «Корвони бахт»-и М. Миршакар (1972) образи В. И. Ленинро офарид. Яго, Меркутсио, Кент, Труфальдино ("Отелло «,1948; „Ромео ва Ҷулета“,1947; „Шоҳ Лир“,1957;) „Хизматгори ду хоҷа“,1947) — беҳтарин нақшҳои Аслӣ Бурҳонов аз осори драматургияи класикии Ғарб аст. Дар пиесаҳои солҳои охир: „Антигона“-и Софокл (1971), „Дасти дӯст“-и Меҳрубон Назаров (1974), „Фарёди ишқ“-и Ғанӣ Абдулло (1975) нақшҳои асосиро иҷро кардааст. Фаъолияти коргардониаш низ бой буда, асарҳои зиёдеро ба саҳна гузоштааст.

Филмшиносӣ

Аслӣ Бурҳонов инчунин дар филмҳои киностудияи «Тоҷикфильм»:

• «Сарҳад дар кӯҳсор» — Абдураҳмон (1953),
• «Дохунда» — Абдулло (1956),
• «Ман бо духтаре вохӯрдам» — Мухтор ака (1957)[3],
• «Чароғ дар кӯҳсор» — (1958),
• «Вазифаи баланд» — Ҷӯраев (1958),
• «Одам пӯсташро иваз мекунад» — Ҳоҷиёров (1959),
• «Вақти зангирии писар расид» — Карим ака (1959),
• «Ҳикояҳои хурд дар бораи кӯдаконе, ки…» падари Ёрмат (1961),
• «Зумрад» — (1961),
• «Оромӣ намешавад» — Султонов (1962),
• «Афсонаи шарқӣ» — (1972),
• «Салом, одами хуб» — Қурбон (1973),
• «Субҳи Ганг» — ясаул-боши (1975),
• «Достони Сиёвуш» — (1976),

Ӯ дар дубляжи бисёр филмҳо саҳм гузоштааст.[4]

Мукофот

Пайвандҳо

Сарчашма

1. Бурханов Асли Бадриддинович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
2. Энсиклопедияи советии тоҷик. — Душанбе. — Ҷ. 1. — 1978. — Саҳ. 551—552.
3. Я встретил девушку ru.wikipedia
4. Энциклопедия кино Таджикистана. — Душанбе,2012, — С. 76. — 396 с. — ISBN 978-99947-919-4-1.