Аслӣ Бурҳонов: Тафовут байни таҳрирҳо
No edit summary |
No edit summary |
||
Сатри 4: | Сатри 4: | ||
|тасвир = Аслӣ Бадриддинович Бурҳонов.jpg |
|тасвир = Аслӣ Бадриддинович Бурҳонов.jpg |
||
|шбар = |
|шбар = |
||
|тавсифи тасвир = Аслӣ Бурҳонов дар нақши Мухтар-ака дар филми «Ман бо духтаре вохӯрдам» (1957) |
|тавсифи тасвир = Аслӣ Бурҳонов дар нақши Мухтар-ака дар филми «Ман бо духтаре вохӯрдам» (1957) |
||
|имя при рождении = |
|имя при рождении = |
||
|дата рождения = 8.1.1915 |
|дата рождения = 8.1.1915 |
||
|зодгоҳ = |
|зодгоҳ = |
||
| |
|санаи марг = 29.12.1997 |
||
|маҳалли марг = {{МаҳаллиМарг|Душанбе|шаҳри Душанбе}}, [[Тоҷикистон]] |
|маҳалли марг = {{МаҳаллиМарг|Душанбе|шаҳри Душанбе}}, [[Тоҷикистон]] |
||
|профессия = {{актёр|СССР|Таджикистана|XX века}},<br> {{режиссёр театра|СССР|Таджикистана|XX века}} |
|профессия = {{актёр|СССР|Таджикистана|XX века}},<br> {{режиссёр театра|СССР|Таджикистана|XX века}} |
Нусха 06:16, 8 Январ 2018
Бурҳонов Аслӣ Бадриддинович | |
| |
Таърихи таваллуд: | 8 январ 1915 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт | 26 декабр 1998 (83 сол) |
Маҳалли марг: | |
Шаҳрвандӣ: |
ИҶШС Тоҷикистон |
Касб: | ҳунарпеша, ҳунарпешаи синамо, коргардони театр |
Ҷоизаҳо: | |
IMDb: | ID 1313836 |
Аслӣ Бурҳонов (Бурҳонов Аслӣ (Аслиддин) Бадриддинович; 8 январи 1915, Бухоро — 29 декабри 1997, Душанбе, Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик, коргардон, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1945). Ҳунарпешаи халқии СССР (1965), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1970).
Зиндагинома
Аз 13-солагиаш дар театрҳои ҳаваскори Бухоро ҳунарнамоӣ кардааст. Соли 1932 ҳамчун ҳунарпешаи Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии Бухоро ҳунарнамоӣ кард, аз соли 1933 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ буд.
Эҷодиёт дар театр
Аслӣ Бурҳонов симоҳои мардони қавиирода, муборизони роҳи озодӣ, шахсони фидокору дурандешро офаридааст. Бурҳонов дорои истеъдоди намоён буда, нақшҳои чи фоҷиавӣ ва чи мазҳакавиро табиӣ, бомаҳорат ва таъсирбахш бозидааст. Нақшҳои иҷрокардаи Бурҳонов — Ризо («Мубориза»-и А.Усмонов,1933), Фердинанд («Макр ва муҳаббат»-и Ф.Шиллер,1937), Хушвақт («Тўҳмат»-и С.Саидмуродов ва И.Исмоилов,1938), Салим,Сафар («Калтакдорони сурх»,1941; «Дар оташ»,1944,С.Улуғзода), Ҳаҷир, Сӯҳроб («Рустам ва Сӯҳроб»-и А. Пирмуҳаммадзода ва В.Волкенштейн,1941-1945), Ҳоҷи («Арўсӣ панҷсўма»-и М.Ўдубодӣ,1943), Коба («Хонлар»-и С.Вурѓун,1951), Қорӣ Ишкамба («Марги судхўри»-и С.Айнӣ,1953), Рӯдакӣ («Рӯдакӣ»-и С.Улуғзода,1958) ва диг. Аслӣ Бурҳонов нахустин иҷрокунандаи нақши В. И.Ленин дар саҳнаи тоҷик (пиесаи Н.Погодин, «Одами милтиқдор»,1948). Баътар дар асарҳои саҳнавии «Соли 1919-и фаромӯшнашаванда-и В.Вишневский»(1951),Соати бурҷи Кремл-и Н.Погодин (1960), Тўфон"-и Ғанӣ Абдулло ва Шамсӣ Қиёмов (1957), Ҳуррият ва «Сарбозони инқилоб»-и Ғанӣ Абдулло (1964), «Корвони бахт»-и М. Миршакар (1972) образи В. И. Ленинро офарид. Яго, Меркутсио, Кент, Труфальдино ("Отелло «,1948; „Ромео ва Ҷулета“,1947; „Шоҳ Лир“,1957;) „Хизматгори ду хоҷа“,1947) — беҳтарин нақшҳои Аслӣ Бурҳонов аз осори драматургияи класикии Ғарб аст. Дар пиесаҳои солҳои охир: „Антигона“-и Софокл (1971), „Дасти дӯст“-и Меҳрубон Назаров (1974), „Фарёди ишқ“-и Ғанӣ Абдулло (1975) нақшҳои асосиро иҷро кардааст. Фаъолияти коргардониаш низ бой буда, асарҳои зиёдеро ба саҳна гузоштааст.
- „Муаллими ишқ“-и Мирсаид Миршакар,
- Арӯси панҷсума»-и М.Ўрдубодӣ,
- «Гавҳари шабчароғ» ва «Рӯдакӣ»-и Сотим Улуғзода,
- «Ду веронагӣ»-и У.Шекспир ва ғ).[2]
Филмшиносӣ
Аслӣ Бурҳонов инчунин дар филмҳои киностудияи «Тоҷикфильм»:
- «Сарҳад дар кӯҳсор» — Абдураҳмон (1953),
- «Дохунда» — Абдулло (1956),
- «Ман бо духтаре вохӯрдам» — Мухтор ака (1957)[3],
- «Чароғ дар кӯҳсор» — (1958),
- «Вазифаи баланд» — Ҷӯраев (1958),
- «Одам пӯсташро иваз мекунад» — Ҳоҷиёров (1959),
- «Вақти зангирии писар расид» — Карим ака (1959),
- «Ҳикояҳои хурд дар бораи кӯдаконе, ки…» падари Ёрмат (1961),
- «Зумрад» — (1961),
- «Оромӣ намешавад» — Султонов (1962),
- «Афсонаи шарқӣ» — (1972),
- «Салом, одами хуб» — Қурбон (1973),
- «Субҳи Ганг» — ясаул-боши (1975),
- «Достони Сиёвуш» — (1976),
Ӯ дар дубляжи бисёр филмҳо саҳм гузоштааст.[4]
Мукофот
- Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон(1945).
- Ҳунарпешаи халқии СССР (1965).
- Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ(1970)
- Ордени Ленин
- 3 орден дигар ва медалҳо.
Пайвандҳо
- Бурханов Асли Бадриддинович
- Сомонаи Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Народные артисты СССР. В 2-х тт. / Авторы-составители М. В. Музалевский и В. Л. Иванов. — М.: РИЦ «Кавалер», 2007.
- Асли Бурхонов, актёры «Таджикфильма»
Сарчашма
- ↑ Бурханов Асли Бадриддинович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ Энсиклопедияи советии тоҷик. — Душанбе. — Ҷ. 1. — 1978. — Саҳ. 551—552.
- ↑ Я встретил девушку ru.wikipedia
- ↑ Энциклопедия кино Таджикистана. — Душанбе,2012, — С. 76. — 396 с. — ISBN 978-99947-919-4-1.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 8 январ
- Зодагони соли 1915
- Зодагони шаҳри Бухоро
- Даргузаштагони 26 декабр
- Даргузаштагони соли 1998
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Дорандагони ордени Ленин
- Дорандагони ордени «Нишони Фахрӣ»
- Ҳунарпешагони халқии ИҶШС
- Ҳунарпешагони халқии ҶШС Тоҷикистон
- Ҳунарпешаи театр аз рӯи алифбо
- Синамогарони Тоҷикистон
- Ҳунарпешаи театр
- Ҳунарпешаҳои Тоҷикистон
- Коргардонҳои Тоҷикистон
- Ҳунарпешаи театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ
- Ҳунарпешаҳои киностудияи "Тоҷикфилм”
- Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон
- Мақолаҳои хурд дар бораи одамон