Созмони ҳамкории Шанхай: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х мавзуъҳои номарбут, removed: {{Тоҷикистон}} using AWB
Сатри 25: Сатри 25:
Шӯрои сарони давлатҳо (минбаъд - ШСД) мақоми олӣ дар СҲШ барои қабули қарорҳо ва дастурҳо оид ба масъалаҳои муҳими дохилию хориҷии Созмон ба ҳисоб меравад. Ҷаласаҳои Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон) (минбаъд - ШСҲ) барои муҳокимаи стратегияи ҳамкориҳои бисёрҷониба ва самтҳои афзалиятнок дар чорчӯбаи СҲШ, ҳалли масъалаҳои принсипиалӣ ва рӯзмараи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва дигар намуди ҳамкориҳо, инчунин барои тасдиқи буҷети солонаи Созмон баргузор мешаванд. Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ (минбаъд - ШВКХ) барои баррасӣ ва маъқул донистани лоиҳаи рӯзнома ва дигар ҳуҷҷатҳои ҷаласаи ШСД, пешкаш намудани пешниҳодот ба ШСД ва ШСҲ дар бораи такмил ва рушди ҳамкориҳои самтҳои гуногун дар чорчӯбаи СҲШ, инчунин беҳтаргардонии фаъолияти мақомоти СҲШ, аз ҷумла масъалаҳои бастани ҳуҷҷатҳои бисёрҷонибаи шартномавии дахлдор дар чорчӯбаи Созмон, баромад намудан бо изҳорот аз номи давлатҳои аъзо оид ба масъалаҳои байналхалқӣ, баррасии фаъолияти ҷории СҲШ, таъмини идоракунии умумӣ ва иҷрои қарорҳои мақомоти СҲШ ва баррасии дигар масъалаҳои дохилию ҳамкориҳои байналхалқии Созмон амал менамояд. Машварати роҳбарони вазорат ва/ё идораҳо вохӯрии роҳбарони парлумонҳо, котибони шӯроҳои амният, судҳои олӣ ва арбитражӣ, прокуратураҳои генералӣ ва роҳбарони вазорату идораҳои соҳавиро, ки барои баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои дахлдор доир мегарданд, дар бар мегирад. Шӯрои ҳамоҳангсозони миллӣ механизми идора ва ҳамоҳанг намудани фаъолияти ҷории Созмон ба ҳисоб рафта, инчунин барои омода намудани ҷаласаҳои ШСД, ШСҲ ва ШВКХ фаъолият менамояд. Котиботи СҲШ ва Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии (минбаъд - СМЗТ) СҲШ мақомот (сохторҳо)-и доимоамалкунандаи Созмон буда, аз моҳи январи соли 2004 фаъолияти худро шуруъ намудаанд. Котиботи СҲШ дар шаҳри Пекин ва Кумитаи иҷроияи СМЗТ дар шаҳри Тошканд қарор доранд. Дабири кулли СҲШ ва Директори Кумитаи иҷроияи СМЗТ аз ҷониби сарони давлатҳои аъзо аз ҳисоби шаҳрвандон - шахсони муътабари давлатҳои аъзо мувофиқи алифбои русӣ ба муҳлати се сол таъйин мегарданд, ки шахси мансабдори байналхалқӣ ба ҳисоб мераванд.

Давлатҳои нозири СҲШ – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Муғулистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон, давлатҳои шарики мусоҳибавии СҲШ – Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Туркия ва Шри-Ланка мебошанд. <ref> [http://mfa.tj/tj/munosibathoi-tojikiston-dar-doirai-sozmonhoi-baynalmilali-va-mintakavi/sozmoni-hamkorii-shankhay.html Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории Шанхай]</ref>
Давлатҳои нозири СҲШ – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Муғулистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон, давлатҳои шарики мусоҳибавии СҲШ – Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Туркия ва Шри-Ланка мебошанд.<ref name="mfa.tj">[http://mfa.tj/tj/munosibathoi-tojikiston-dar-doirai-sozmonhoi-baynalmilali-va-mintakavi/sozmoni-hamkorii-shankhay.html Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории Шанхай]</ref>
==Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории Шанхай==

Айни замонраванди ташаккулёбии СҲШ ва заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии он идома дошта, мақомоти СҲШ ҳамасола фаъолият мекунанд. Дар чорчӯбаи СҲШ ҳамчунин Иттиҳоди байнибонкии СҲШ ва Шӯрои соҳибкорони СҲШ таъсис дода шудааст. Котиботи Шӯрои соҳибкорон дар шаҳри Москва қарор дорад.

Сатри 35: Сатри 35:
Яке аз самти муҳими СҲШ ин мубориза ба муқобили терроризм, сепаратизм, экстремизм ва ҳама гуна зуҳуроти онҳо мебошад. СМЗТ СҲШ бо мақсади фаъолияти бонизом ва мақсаднок дар ин соҳа таъсис ёфтааст. Дар доираи СҲШ пайваста машқҳои зиддитеррористӣ гузаронида мешаванд. Бояд қайд кард, ки яке аз ин машқҳои фармондеҳӣ-ситодӣ “Норак - зиддитеррор” 17-19 апрели соли 2009 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар доираи ҳамкориҳои ҳарбӣ машқҳои муштараки ҳарбии зидди террористии давлатҳои аъзои СҲШ «Мирная миссия - 2012» 08 - 14 июни соли 2012 дар машқгоҳи «Чорух-Дайрон» вилояти Суғд бо иштироки қисмҳои низомии давлатҳои аъзои СҲШ баргузор гардид. СҲШ нияти ба блоки ҳарбӣ мубаддал гаштанро надошта, мақсади он танҳо мубориза бо зуҳуроти хавфноки замони муосир – терроризм мебошад. Дар соли раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ ҳамчунин дар қаламрави кишвар баргузории машқҳои зиддитеррористӣ ба назар гирифта шудааст.

Фаъолияти СҲШ натанҳо ба масъалаҳои сиёсӣ, балки ба робитаҳои иқтисодӣ равона шудаанд. Дар доираи Созмон Нақшаи ҳамкориҳои дарозмуддати иқтисодӣ байни давлатҳои аъзо қабул шудааст, ки мақсади он мусоидат намудан ба гардиши озоди мол, хизматрасонӣ ва технологияҳо дар байни шаш давлати аъзо ба ҳисоб меравад. Ҳамкориҳо ҳамчунин дар соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, маориф, илм ва техника, кишоварзӣ, гумрук, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, мубориза ба муқобили ҷиняткорӣ батадриҷ ривоҷ меёбанд.

Яке аз навовариҳо дар доираи СҲШ ин таъсиси Донишгоҳи шабакавии СҲШ мебошад, ки дар худ 53 донишгоҳҳои маъруфи давлатҳои аъзоро дар бар гирифта, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ шомил мебошанд.<ref> [http://mfa.tj/tj/munosibathoi-tojikiston-dar-doirai-sozmonhoi-baynalmilali-va-mintakavi/sozmoni-hamkorii-shankhay.html Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории Шанхай]</ref>
Яке аз навовариҳо дар доираи СҲШ ин таъсиси Донишгоҳи шабакавии СҲШ мебошад, ки дар худ 53 донишгоҳҳои маъруфи давлатҳои аъзоро дар бар гирифта, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ шомил мебошанд.<ref name="mfa.tj"/>
Соли 2016 намояндаи Тоҷикистон [[Рашид Олимов]] ба мақоми дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай таъин шудааст. Тавофуқ дар бораи таъини Олимов ба мақоми дабири куллли СҲШ тобистони соли 2015 дар ш. [[Уфа]] ([[Русия]]) аз ҷониби Шурои сарони давлатҳои СҲШ ҳосил шуда буд. Мансаби дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай аз соли 2007 ҷори шудааст. Намояндаи Тоҷикистон Р. Олимов чорумин дабири кулли СҲШ мебошад.<ref> [http://tjk.rus4all.ru/city_msk/20150710/726015927.html Новым генсеком ШОС стал представитель Таджикистана Рашид Олимов]</ref>
Соли 2016 намояндаи Тоҷикистон [[Рашид Олимов]] ба мақоми дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай таъин шудааст. Тавофуқ дар бораи таъини Олимов ба мақоми дабири куллли СҲШ тобистони соли 2015 дар ш. [[Уфа]] ([[Русия]]) аз ҷониби Шурои сарони давлатҳои СҲШ ҳосил шуда буд. Мансаби дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай аз соли 2007 ҷори шудааст. Намояндаи Тоҷикистон Р. Олимов чорумин дабири кулли СҲШ мебошад.<ref>[http://tjk.rus4all.ru/city_msk/20150710/726015927.html Новым генсеком ШОС стал представитель Таджикистана Рашид Олимов]</ref>
== Эзоҳ ==
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
{{эзоҳ}}

{{Тоҷикистон}}
[[Гурӯҳ:Созмонҳои байналмилалӣ]]
[[Гурӯҳ:Созмонҳои байналмилалӣ]]
[[Гурӯҳ:Ташкилоту созмонҳо аз рӯи алифбо]]

Нусха 03:24, 26 Январ 2018

Созмони ҳамкории Шанхай - Созмони байниҳукуматии байналхалқии доимамалкунанда мебошад ва тибқи ҳуҷҷати асосии оинномавии Созмон – Хартияи СҲШ, ки 7 июни соли 2002 қабул шудааст, амал мекунад. Забонҳои расмӣ ва кории СҲШ – русӣ ва хитоӣ ба ҳисоб мераванд.

"Панҷгонаи Шанхай"

26 апрели соли 1996 бо имзои Созишномаи таҳкими эътимод дар соҳаи низомӣ дар манотиқи наздисарҳадӣ аз ҷониби сарони Чин, Руссия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон "Панҷгонаи Шанхай" ба вуҷуд омад ва ба таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай асос гузошта шуд. Тибқи муоҳидаи давлатҳои аъзои "Панҷгонаи Шанхай" – Русия, Чин, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон мулоқоти сарони давлатҳо дар як сол як маротиба дар яке аз кишварҳои аъзо баргузор мегардид. Тавре, ки қайд гардид, мулоқоти сарони кишварҳо аввалин бор 26 апрели соли 1996 дар шаҳри Шанхай, маротибаи дуюм 24 апрели соли 1997 дар шаҳри Маскав, маротибаи сеюм 3 июли соли 1998 дар Алма-ато, маротибаи чорум 24 - 26 августи соли 1999 дар шаҳри Бишкек доир гардид. Дар ин давра кишварҳои аъзо ба ҳалли проблемаҳои манотиқи сарҳади муваффақ гардида, бо истифода аз ин шарокату ҳамоиш дар доираи "Панҷгонаи Шанхай" густариши ҳамкориҳои мутақобилан муфиди сиёсию иқтисодӣ ва тиҷоратию фарҳангиро амри зарурӣ маънидод мекарданд. Мулоқоти навбатии сарони кишварҳои узви Панҷгонаи Шанхай 5 июли соли 2000 дар пойтахти кишвари мо-шаҳри Душанбе шуд.

Созмони ҳамкории Шанхай

15 июни соли 2001 дар Шанхай вохӯрии Сарони давлатҳо баргузор шуд ва дар он изҳороти муштарак дар бораи қабули Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба «Панҷгонаи Шанхай» қабул гардида, Эъломия дар бораи таъсис додани СҲШ ба имзо расид. СҲШ, ки қаламрави бузург ва доираи васеи ҳамкориҳои минтақавиро дар бар мегирад, шакли нави ҳамкории давлатҳои аз нуқтаи назари сохти сиёсӣ, иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангӣ гуногун ба шумор меравад. Масоҳати умумии давлатҳои аъзои СҲШ тахминан 30 млн. 189 ҳазор км. мураббаъ ва ҷамъи аҳолии онҳо зиёда аз 1,5 млрд. нафар ё ¼ аҳолии умумии курраи заминро ташкил медиҳанд. СҲШ - Созмони байниҳукуматии байналхалқии доимамалкунанда ба ҳисоб меравад. Тибқи ҳуҷҷати асосии оинномавии Созмон – Хартияи СҲШ, ки 7 июни соли 2002 қабул шудааст,

Сохтори созмон

Дар сохтори Созмон механизми Шӯро ва муасисаҳои доимо амалкунанда шомил мебошанд:

  1. Шӯрои сарони давлатҳо - Шӯрои олии созмон ба ҳисоб меравад. ин Шӯро афзалият ва самтҳои асосии фаъолияти созмонро муаян менамояд. Инчунин масъалаҳои муҳимро марбут ба сохти дохили ва ҳамкорй бо дигар давлатҳо , созмонҳои байналхалқи дида мебарояд. Шӯро дар як сол як маротиба дар яке аз давлатҳои аъзо баргузор мегардад.
  2. Шӯрои сарони ҳукумат -( Сарвазирон ) буҷаи созмонро қабул менамоянд. Масъалаҳои муҳимро марбут ба иқтисодиёт, ҳамкориро дар самтҳои гуногон муоҳида мекунанд. Шӯро дар як сол як маротиба баргузор мегардад.
  3. Шӯрои Вазирони Корҳои Хоричи - Ба ҳалу фасли масоъили фаъолияти рузмараи Созмон машғул мебошад. Шӯро як моҳ пеш аз оғози ҷаласаи Сарони давлатҳо гузаронида мешавад. Дар ҷамомади

ин Шӯро Вазирони Корҳои Хоричии шашгона иштирок мекунад.

  1. Машварати сарони вазорату идораҳо – ба доир намудани машварат ба таври мунтазам баҳри барасии масоили мушахаси инкишофи ҳамкори дар тамоми соҳаҳо дар чаҳорчубаи Созмон машғул мебошад.
  2. Шӯрои Ҳамоҳангсозии Милли – Шӯро дар як сол се маротиба доир мегардад.
  3. Котибот - Мақомоти доимо амалкунандаи Созмон ба шумор рафта моҳи январи соли 2004 кори худро оғоз кард. Қароргоҳи он дар шаҳри Пекин ҷойгир буда аз ҷониби котиби иҷроия роҳбари карда мешавад, ки онҳоро сарони давлатҳо интихоб мекунанд. Муҳлати фаъолияти Котиб се – сол буда ҳуқӯқи дубора интихоб шуданро надорад. Вазифаиҳои Котибот: дар сатҳи Оли гузаронидани машваратҳо, ҷобаҷо гузории ҳуҷатҳо, тайёр намудани маърӯза барои бӯҷети солона ин ва дигар вазифаҳо ба души котибот гузошта шудааст. Айни ҳол сардории котибот ба души намояндаи Ҷумҳурии Қазоқистон Булот Нургалиев вогузор шуда аст.
  4. Сохтори минтақавии зиди терористӣ – фаъолияти аввалиндараҷаи сохтор мубориза бар зидитерроризм, экстремизм ва сепаратизм мебошад.

Шӯрои сарони давлатҳо (минбаъд - ШСД) мақоми олӣ дар СҲШ барои қабули қарорҳо ва дастурҳо оид ба масъалаҳои муҳими дохилию хориҷии Созмон ба ҳисоб меравад. Ҷаласаҳои Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон) (минбаъд - ШСҲ) барои муҳокимаи стратегияи ҳамкориҳои бисёрҷониба ва самтҳои афзалиятнок дар чорчӯбаи СҲШ, ҳалли масъалаҳои принсипиалӣ ва рӯзмараи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва дигар намуди ҳамкориҳо, инчунин барои тасдиқи буҷети солонаи Созмон баргузор мешаванд. Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ (минбаъд - ШВКХ) барои баррасӣ ва маъқул донистани лоиҳаи рӯзнома ва дигар ҳуҷҷатҳои ҷаласаи ШСД, пешкаш намудани пешниҳодот ба ШСД ва ШСҲ дар бораи такмил ва рушди ҳамкориҳои самтҳои гуногун дар чорчӯбаи СҲШ, инчунин беҳтаргардонии фаъолияти мақомоти СҲШ, аз ҷумла масъалаҳои бастани ҳуҷҷатҳои бисёрҷонибаи шартномавии дахлдор дар чорчӯбаи Созмон, баромад намудан бо изҳорот аз номи давлатҳои аъзо оид ба масъалаҳои байналхалқӣ, баррасии фаъолияти ҷории СҲШ, таъмини идоракунии умумӣ ва иҷрои қарорҳои мақомоти СҲШ ва баррасии дигар масъалаҳои дохилию ҳамкориҳои байналхалқии Созмон амал менамояд. Машварати роҳбарони вазорат ва/ё идораҳо вохӯрии роҳбарони парлумонҳо, котибони шӯроҳои амният, судҳои олӣ ва арбитражӣ, прокуратураҳои генералӣ ва роҳбарони вазорату идораҳои соҳавиро, ки барои баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои дахлдор доир мегарданд, дар бар мегирад. Шӯрои ҳамоҳангсозони миллӣ механизми идора ва ҳамоҳанг намудани фаъолияти ҷории Созмон ба ҳисоб рафта, инчунин барои омода намудани ҷаласаҳои ШСД, ШСҲ ва ШВКХ фаъолият менамояд. Котиботи СҲШ ва Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии (минбаъд - СМЗТ) СҲШ мақомот (сохторҳо)-и доимоамалкунандаи Созмон буда, аз моҳи январи соли 2004 фаъолияти худро шуруъ намудаанд. Котиботи СҲШ дар шаҳри Пекин ва Кумитаи иҷроияи СМЗТ дар шаҳри Тошканд қарор доранд. Дабири кулли СҲШ ва Директори Кумитаи иҷроияи СМЗТ аз ҷониби сарони давлатҳои аъзо аз ҳисоби шаҳрвандон - шахсони муътабари давлатҳои аъзо мувофиқи алифбои русӣ ба муҳлати се сол таъйин мегарданд, ки шахси мансабдори байналхалқӣ ба ҳисоб мераванд.

Давлатҳои нозири СҲШ – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Муғулистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон, давлатҳои шарики мусоҳибавии СҲШ – Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Туркия ва Шри-Ланка мебошанд.[1]

Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории Шанхай

Айни замонраванди ташаккулёбии СҲШ ва заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии он идома дошта, мақомоти СҲШ ҳамасола фаъолият мекунанд. Дар чорчӯбаи СҲШ ҳамчунин Иттиҳоди байнибонкии СҲШ ва Шӯрои соҳибкорони СҲШ таъсис дода шудааст. Котиботи Шӯрои соҳибкорон дар шаҳри Москва қарор дорад.

Ҷаласаи гузаштаи ШСД СҲШ 13 сентябри соли 2013 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуда, ҷаласаи навбатии ин мақоми олии Созмон соли 2014 дар шаҳри Душанбе доир мегардад. Ин маънои онро дорад, ки аз моҳи сентябри соли 2013 то баргузории ҷаласаи ШСД СҲШ дар шаҳри Душанбе Ҷумҳурии Тоҷикистон раисиро дар СҲШ ба зимма дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон соли раисии худро дар ин Созмони бонуфуз ва батадриҷ рушдёбанда зери шиори – «Ҳамкорӣ, Ҳамрушдӣ ва Ҳамшукуфоӣ» эълон намудааст.

Аз ҷиҳати геостратегӣ иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ аз он ҷиҳат муҳим аст, ки аҳамият ва моҳияти он на танҳо дар аъзогии давлатҳои дар маҷмӯъ аз ҷиҳати демографӣ ва марз васеъ, балки шарикии стратегии ду давлати дорои яроқи ҳастаӣ ва аъзоёнии доимии Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид – Россия ва Хитой таҷҷасум мегардад. Аз тарафи дигар, ин на танҳо таҳкурсии бунёди низоми амният дар Осиёи Марказӣ, ҳамчунин дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Оромро муайян менамояд.

Яке аз самти муҳими СҲШ ин мубориза ба муқобили терроризм, сепаратизм, экстремизм ва ҳама гуна зуҳуроти онҳо мебошад. СМЗТ СҲШ бо мақсади фаъолияти бонизом ва мақсаднок дар ин соҳа таъсис ёфтааст. Дар доираи СҲШ пайваста машқҳои зиддитеррористӣ гузаронида мешаванд. Бояд қайд кард, ки яке аз ин машқҳои фармондеҳӣ-ситодӣ “Норак - зиддитеррор” 17-19 апрели соли 2009 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар доираи ҳамкориҳои ҳарбӣ машқҳои муштараки ҳарбии зидди террористии давлатҳои аъзои СҲШ «Мирная миссия - 2012» 08 - 14 июни соли 2012 дар машқгоҳи «Чорух-Дайрон» вилояти Суғд бо иштироки қисмҳои низомии давлатҳои аъзои СҲШ баргузор гардид. СҲШ нияти ба блоки ҳарбӣ мубаддал гаштанро надошта, мақсади он танҳо мубориза бо зуҳуроти хавфноки замони муосир – терроризм мебошад. Дар соли раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ ҳамчунин дар қаламрави кишвар баргузории машқҳои зиддитеррористӣ ба назар гирифта шудааст.

Фаъолияти СҲШ натанҳо ба масъалаҳои сиёсӣ, балки ба робитаҳои иқтисодӣ равона шудаанд. Дар доираи Созмон Нақшаи ҳамкориҳои дарозмуддати иқтисодӣ байни давлатҳои аъзо қабул шудааст, ки мақсади он мусоидат намудан ба гардиши озоди мол, хизматрасонӣ ва технологияҳо дар байни шаш давлати аъзо ба ҳисоб меравад. Ҳамкориҳо ҳамчунин дар соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, маориф, илм ва техника, кишоварзӣ, гумрук, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, мубориза ба муқобили ҷиняткорӣ батадриҷ ривоҷ меёбанд.

Яке аз навовариҳо дар доираи СҲШ ин таъсиси Донишгоҳи шабакавии СҲШ мебошад, ки дар худ 53 донишгоҳҳои маъруфи давлатҳои аъзоро дар бар гирифта, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ шомил мебошанд.[1] Соли 2016 намояндаи Тоҷикистон Рашид Олимов ба мақоми дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай таъин шудааст. Тавофуқ дар бораи таъини Олимов ба мақоми дабири куллли СҲШ тобистони соли 2015 дар ш. Уфа (Русия) аз ҷониби Шурои сарони давлатҳои СҲШ ҳосил шуда буд. Мансаби дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай аз соли 2007 ҷори шудааст. Намояндаи Тоҷикистон Р. Олимов чорумин дабири кулли СҲШ мебошад.[2]

Эзоҳ