Мӯсо Каримов: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
навсозӣ
х Шухрат Саъдиев moved page Каримов Мӯсо Бобишоевич to Мӯсо Каримов over redirect: ивази номгузорӣ
(бе тафовут)

Нусха 17:24, 10 феврали 2018

Мӯсо Каримов
Мӯсо Бобишоевич Каримов
Таърихи таваллуд 1966
Зодгоҳ ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон, СССР
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Мӯсо Бобишоевич Каримов (тав. 20.11.1966, деҳаи Дашти Мирзои ноҳияи Файзобод), номзади илмҳои педагогӣ (1998), дотсент (2010).

Зиндагинома

Солҳои 1987–1992 дар факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил намудааст. Солҳои 1992–1994 муаллими фанни таърих ва ҷомеашиносии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №19 ноҳияи Фирдавсии ш. Душанбе, 1994–1998 аспирант, 1998–2002 ассистенти кафедраи педагогикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Аз соли 2002 то имрӯз ҳамчун мудири кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор мекунад. Муаллифи зиёда аз 35 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ мебошад. Мавзӯи тадқиқоти ӯро масъалаҳои инкишофи низоми маорифи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди низоми маориф дар замони соҳибистиқлолӣ ташкил медиҳанд. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2009) қадр карда шудааст.

Осор

  • Аз таърихи инкишофи системаи маориф дар ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Д., 1996;
  • Вазъи таъминкунии кадрҳои баландихтисос дар ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 80-ум, Д., 1998.

Пайвандҳои беруна