Туғрал Аҳрорӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х clean up, replaced: |Ном → |ном (2), |Санаи марг → |санаи марг, |Сайт → |сайт , |Викииқтибос → |викигуфтовард, Жанр → жанр, |Мукофотҳо using AWB
Сатри 54: Сатри 54:
Рафокату хамсухбати дар мадрасаҳои Самарканду Бухоро бо муллобачаҳои нодору камбагал ва омаду рафти беохири мардуми факиру бечора ба хонаи Туғрали Аҳрорӣ дар Зосун гувохи зиндаи хайрхохиву бечорапарвариву авомдустии шоир мебошанд. ҳамчунин, дар миёни мардуми камбагали Фалгару Панчакент, Истаравшану Мастчох ва Самарканду Бухоро ёру дустони зиёде дошта, хаммахфили як идда хунармандону зиёиён ва хамсухбати як даста суханварону хофизони пешкадами давр будааст. Аз чумла, шоир дар маснавии «Дар хусуси табъи девон»-аш Ахмади Васли, Масеҳои Тамхид, Ахмади Равнак, Исхокбеки Ваххоч, Курби, Хасрати, Гулхани, Лутфи, Мухаммадкулии Тарчумон, Ашрафи Туччор ва дигаронро ном мебарад, ки нисбаташ хусни таваччуху эхтиром доштаанд ва дар чопи девонаш мадад кардаанд.

Туғрали Аҳрорӣ дар байни солҳои 1918-1919 хамрохи аскарони сурхи шурави дар чандин задухурдҳои хунини алайҳи босмачиёну аксулинкилобони болооби Зарафшон бевосита иштирок намуда, борҳо штаби дастаҳои ихтиёриву аскаронро дар хавлии худ чой медихад ва хамрохашон деҳаҳои Томин, [[Фатмев]], [[Гузари Бод]], [[Рарз]] ва [[Похут]]ро аз чанги душманони синфи озод мекунад. Ӯ дар рафти яке аз чунин муҳорибаҳо барои озодии деҳаи Вешаб аз тарафи душманону бадхоҳонаш ба туҳмати ноҳақи аксуламал гирифтор ва [[28 июн]]и [[соли 1919]] дар поёни деҳаи [[Зосун]] дар назди дарёи Зарафшон аз тарафи аскарони Советӣ ба қатл расонида мешавад.
Туғрали Аҳрорӣ дар байни солҳои 1918-1919 хамрохи аскарони сурхи шурави дар чандин задухурдҳои хунини алайҳи босмачиёну аксулинкилобони болооби Зарафшон бевосита иштирок намуда, борҳо штаби дастаҳои ихтиёриву аскаронро дар хавлии худ чой медихад ва хамрохашон деҳаҳои Томин, [[Фатмев]], [[Гузари Бод]], [[Рарз]] ва [[Похут]]ро аз чанги душманони синфи озод мекунад. Ӯ дар рафти яке аз чунин муҳорибаҳо барои озодии деҳаи Вешаб аз тарафи душманону бадхоҳонаш ба туҳмати ноҳақи аксуламал гирифтор ва [[28 июн]]и [[соли 1919]] дар поёни деҳаи [[Зосун]] дар назди дарёи Зарафшон аз тарафи аскарони Советӣ ба қатл расонида мешавад. дуст ва хамсабаки у мулломашариф ки зодаи дехаи Гузари бод (Армуғон) мебошад хам шину хам хези устод буданд ки ин деха то зосун 11 фарсанг (км) дур ҷойгир аст

Айни замон мактаби миёнаи № 8 [[ноҳияи Айнӣ]], ки дар деҳаи [[Зосун]] вуҷуд дорад ба номи Нақибхон Туғрал гузошта шудааст. Бо ташаббус ва роҳбарии яке аз фарзандони ба ору номуси миллат, Ҳалим Ёров оромгоҳ, осорхона ва нимпайкараи Нақибхон Туғрал дар деҳаи Зосун сохта шудааст. Соли 2015 Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Нақибхон Туғрал дар зодгоҳаш деҳаи Зосуни ноҳияи Айнӣ навсозӣ шудааст.

Нусха 08:20, 6 марти 2018

Туғрал Аҳрорӣ
Номи пурра Нақибхон Туғрал Аҳрорӣ
Таърихи таваллуд: 28 март 1865(1865-03-28)
Зодгоҳ: Зосун, Фалғар
Таърихи даргузашт: 29 июн 1919(1919-06-29) (54 сол)
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: тоҷикӣ

Нақибхон Туғрал Аҳрорӣшоир ва яке аз суханварони гавҳарчини адабиёти тоҷик 29 Июни соли 1919 кушта мешавад.

Зиндагинома

Муҳаммаднақиб дар оилаи давлатманди Зосун ном деҳаи Фалғар 28 Марти соли 1865 таваллуд ёфтааст. Нақибхон Туғрал дар яке аз оилаҳои давлатманди деҳаи Зосуни Фалғар (хозира нохияи Айнӣ) чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Айёми кудакиву наврасии Нақибхон дар зодгоҳаш гузаштааст. Нақибхон бо нияти дарёфти камолоти бештари илмиву адабӣ бо кумаки падари маърифатпарвараш ҷодаи Самарқанду Бухороро пеш гирифта, дар яке аз ҳуҷраҳои мадрасаи Тиллокории Регистони Самарқанд маскан мегирад ва ба таҳсили улум шуғл меварзад. Дар рафти таҳсил Нақибхон бо як гурӯҳ устодони донишманд ошноӣ пайдо карда, ба халқаи зиёиёни онрӯзаи Самарқанд ворид мешавад ва бо дасту дили гарм шеъру шоириро пеша мекунад. Баъди хатми мадраса Нақибхон муддате дар Бухоро кор карда, аз уламову удабои маъруфи онрӯзаи Бухоро маълумоти лозима гирифта, сипас ба зодгохаш бармегардад. Нақибхон ба Истам ном духтаре аз деҳаи Куруд хонадор мешавад ва дар натичаи нух соли ҳамзистӣ, соҳиби писаре мешаванд. Аммо бадбахтона, душманони Туғрал ин писарчаро нобуд сохта, модарашро безуриёт мегардонанд. Дар хусуси таваллуду вафоти писараш худи Туғрал чунин гуфтааст:

Борҳо дар дили ман буд таманнои писар,
Лутф созад ба мани хаста Худованд агар,
Омад охир зи карам нахли муродам ба самар,
Монд хасрат ба дилу кард аз ин дор сафар.

Бино ба маълумоти сарчашмаҳо Туғрали Аҳрорӣ нозукиҳои забони ҳазорсолаи модарии худ – форсии тоҷикиро ба дараҷаи воло медониставу эхсос мекардааст ва дар сарфу нахви лугати араби низ устоди комил будааст, ки андешаву маколу оёти арабии иктибоси ва эҷоди калами худаш гувохи онанд. Туғрали Аҳрорӣ дар шатранчбози махорати тамоме дошта, сохиби хатти зебову хонои настаълик хам будааст. Зиёда аз ин, у касби дехкониву хунари бинокори, урфу одати халку забони зинда, маишати мардуму рӯзгори шахру дехотро ба хуби медонистааст. Ва ин хама заковати илмиву фазолати инсони ва махорати адабии Туғралро хамзамононаш чиддан эътироф кардаанд, ки суханони зерини шоири хамдаври у Чавдат далели чунин даъвост:

Яктои асри мо буд он шоири ягона,
Бишкуфта буд аз у хар сухбату мачолис.
Дар пеши дониши у донишварон мусаллам,
Равшан бувад ба фахмаш хар нуктаю аходис.
Дар назму насру ашъор яктои асри мо буд,
Коил шуда ба илмаш хар олиму мударрис.

Туғрали Аҳрорӣ марди хоксору факирпарваре буда, хирси молу пул дар у мушохида намешудааст:

Чунон сомони доман кардаам кунчи каноатро,
Ки андар дил намебошад таманнои зару симам.

Рафокату хамсухбати дар мадрасаҳои Самарканду Бухоро бо муллобачаҳои нодору камбагал ва омаду рафти беохири мардуми факиру бечора ба хонаи Туғрали Аҳрорӣ дар Зосун гувохи зиндаи хайрхохиву бечорапарвариву авомдустии шоир мебошанд. ҳамчунин, дар миёни мардуми камбагали Фалгару Панчакент, Истаравшану Мастчох ва Самарканду Бухоро ёру дустони зиёде дошта, хаммахфили як идда хунармандону зиёиён ва хамсухбати як даста суханварону хофизони пешкадами давр будааст. Аз чумла, шоир дар маснавии «Дар хусуси табъи девон»-аш Ахмади Васли, Масеҳои Тамхид, Ахмади Равнак, Исхокбеки Ваххоч, Курби, Хасрати, Гулхани, Лутфи, Мухаммадкулии Тарчумон, Ашрафи Туччор ва дигаронро ном мебарад, ки нисбаташ хусни таваччуху эхтиром доштаанд ва дар чопи девонаш мадад кардаанд.

Туғрали Аҳрорӣ дар байни солҳои 1918-1919 хамрохи аскарони сурхи шурави дар чандин задухурдҳои хунини алайҳи босмачиёну аксулинкилобони болооби Зарафшон бевосита иштирок намуда, борҳо штаби дастаҳои ихтиёриву аскаронро дар хавлии худ чой медихад ва хамрохашон деҳаҳои Томин, Фатмев, Гузари Бод, Рарз ва Похутро аз чанги душманони синфи озод мекунад. Ӯ дар рафти яке аз чунин муҳорибаҳо барои озодии деҳаи Вешаб аз тарафи душманону бадхоҳонаш ба туҳмати ноҳақи аксуламал гирифтор ва 28 июни соли 1919 дар поёни деҳаи Зосун дар назди дарёи Зарафшон аз тарафи аскарони Советӣ ба қатл расонида мешавад. дуст ва хамсабаки у мулломашариф ки зодаи дехаи Гузари бод (Армуғон) мебошад хам шину хам хези устод буданд ки ин деха то зосун 11 фарсанг (км) дур ҷойгир аст

Айни замон мактаби миёнаи № 8 ноҳияи Айнӣ, ки дар деҳаи Зосун вуҷуд дорад ба номи Нақибхон Туғрал гузошта шудааст. Бо ташаббус ва роҳбарии яке аз фарзандони ба ору номуси миллат, Ҳалим Ёров оромгоҳ, осорхона ва нимпайкараи Нақибхон Туғрал дар деҳаи Зосун сохта шудааст. Соли 2015 Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Нақибхон Туғрал дар зодгоҳаш деҳаи Зосуни ноҳияи Айнӣ навсозӣ шудааст. Маҷмаа аз оромгоҳи шоир, фаввора, муҷассамаи барқади шоир ва айвони бо усули меъмории миллӣ кандакоришуда иборат аст. Оромгоҳи шоир навсозӣ шуда, бо нақшу нигори миллӣ, кошинҳо, гаҷкорӣ ва кандакорӣ оро ёфтааст. Муҷассамаи барқади шоирро Арбоби ҳунари Тоҷикистон Ғафурҷон Ҷӯраев офаридааст.[1]

Ба махси лутф суи кулбаи ман мехиромиди, Ба роҳат пардаҳои дида пойандоз мекардам.

Ғазал аз Туғрал

Эй фалак дод аз ҷафоят дар чи холам кардаи?!
Эй фалак дод аз ҷафоят дар чи холам кардаи?!
Рост будам чун алиф монанди долам кардаи!
Охир эй гардун, зади санги маломат бар сарам,
Зери пои бешуурон поймолам кардаи!
Аз чи ру, эй чарх, чун ман эътиборат дур бод,
Куръаи беэътибориҳо ба фолам кардаи?!
Аз ту, эй ноҳид, гуфторам навои тоза дошт
В-аз ҳасад, эй чарх, чун Яъкуб лолам кардаи!
Оқибат кори ту гар ин буд, эй гардуни дун,
Аз чи дар рӯзи азал қисмат камолам кардаи?!
Буд дар ойинаи ман акси сад маъни дучор,
Занги ғам бар рӯи миръоти хаёлам кардаи!
Рӯзгоре буд, ки медодам ба чизе ман навол,
Хуни ҳасрат, эй фалак, охир наволам кардаи!
Хамдамонам нокасони гулу аз дониш тихи,
Сӯҳбати донишварон амри мухолам кардаи!
Дар ҳавои мушикофи Туғралам пар мезанад,
То ту эй гардун, маро дур аз висолам кардаи!

Охирин асаре, ки окои Султон Сафар профессор, дромнавис ва ҳунаршиноси маъруф бо шоъир Қутби Киром навишт ба зиндагӣ ва осори Нақибхон Туғрал ихтисос дошт.[2]

Эзоҳ