Ноҳияи Рашт: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х Вироиши 217.11.176.58 (Баҳс) вогардонида шуд ба охирин тағйире, ки VASHGIRD анҷом дода буд
Барчасб: вогардонӣ
Сатри 103: Сатри 103:


== Шахсиятҳои маъруф ==
== Шахсиятҳои маъруф ==
Аз шахсиятҳои барҷастаи ноҳияи Рашт метавон арбобони ҳизбию давлатӣ [[Нусратулло Махсум]], Мирзо Раҳматов, [[Мунаввар Шогадоев]], [[Сайдулло Хайруллоев]] ва арбобони адабу фарҳанг [[Боқӣ Раҳимзода]], [[Зафар Нозим|Зафар Нозимов]] ва ғайраҳоро номбар намудан мумкин аст.
Аз шахсиятҳои барҷастаи ноҳияи Рашт метавон арбобони ҳизбию давлатӣ [[Нусратулло Махсум]], Мирзо Раҳматов, [[Мунаввар Шоҳгадоев]], [[Сайдулло Хайруллоев]], ва арбобони адабу фарҳанг [[Боқӣ Раҳимзода]], [[Зафар Нозим|Зафар Нозимов]] ва ғайраҳоро номбар намудан мумкин аст.


== Эзоҳ ==
== Эзоҳ ==

Нусха 09:34, 10 апрели 2018

Ноҳияи Рашт
русӣ: Гармский район
Кишвар  [[|]]
Шомили 2 шаҳрак, 12 ҷамоати деҳот
Маркази маъмурӣ Ғарм
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 10 марти соли 1931
Масоҳат 5346,9 км²
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 116 600[1] нафар нафар (2016)
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Сарвожа GA
Рамзи ISO 3166-2 TJ.RR.GA
Коди телефон +992 3131
Нишонаи почта 734060
Ноҳияи Рашт дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ноҳияи Рашт (форсӣ: ناحیۀ رشت‎) — яке аз калонтарин ноҳияи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон аст ва дар дараи рӯди Сурхоб ҷой дорад.

Ин ноҳия 10 марти соли 1931 бо номи ноҳияи Ғарм дар бахше аз вилояти Ғарм таъсис ёфта аст. Аз 27 октябри соли 1939 то 24 августи 1955 ин ноҳия бахши марказии вилояти Ғарм буд.

Бар асоси Қарори № 190 Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2001 ноҳияи Рашт номида шуд.

Маркази ин ноҳия шаҳраки Ғарм аст, ки 185 км шарқтар аз шаҳри Душанбе дар каронаи рӯди Сурхоб ҷой дорад.

Ҷойгоҳ

Ноҳияи Рашт дар водии Рашт ҷойгир аст. Дар Шимол бо вилояти Бодканди Қирғизистон ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд, дар Шарқ — бо ноҳияи Лахш - дар гузашта ноҳияи Ҷиргатол, дар Ҷануб — бо ноҳияи Тоҷикобод ва ноҳияи Сангвор - ноҳияи Тавилдара, дар Ғарб - бо ноҳияи Ваҳдат ва ноҳияи Айнӣ аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳаммарз аст.

Ин ноҳияи 5346,9 км² масоҳат дорад. Аз шимолу шарқи ноҳияи Рашт ба ҷанубу ғарби он рӯди Сурхоб гузар мекунад, ки ба рӯди Вахш мерезад.

Мардум

Бино бар саршумори соли 2016 дар ноҳияи Рашт 116 600 нафар зиндагӣ мекунад[1]. Мардуми ноҳияи Рашт ҳама тоҷикон ва худро ғармӣ мегӯянд ва порсигӯ ҳастанд ва пайрави дини ислом(суннӣ ва ҳанафӣ ба забони тоҷикӣ сухан мегӯянд.

Ҳукумат

Сарвари ноҳияи Рашт Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузории ноҳияи Рашт - Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз ҷониби мардуми ноҳияи Рашт ба муддати 5 сол интихоб мешавад.

Бахшҳои идорӣ

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Рашт 2 шаҳрак - Ғарму Навобод ва 12 ҷамоат дорад.

Шахсиятҳои маъруф

Аз шахсиятҳои барҷастаи ноҳияи Рашт метавон арбобони ҳизбию давлатӣ Нусратулло Махсум, Мирзо Раҳматов, Мунаввар Шоҳгадоев, Сайдулло Хайруллоев, ва арбобони адабу фарҳанг Боқӣ Раҳимзода, Зафар Нозимов ва ғайраҳоро номбар намудан мумкин аст.

Эзоҳ