Ираклий Абашидзе: Тафовут байни таҳрирҳо
х clean up using AWB |
CommonsDelinker (баҳс | ҳисса) Replacing Flag_of_Georgian_SSR.svg with File:Flag_of_the_Georgian_Soviet_Socialist_Republic.svg (by CommonsDelinker because: File renamed:). |
||
Сатри 6: | Сатри 6: | ||
|тавсифи акс = |
|тавсифи акс = |
||
|вазифа = Раиси Шӯрои Олии РСС Гурҷистон |
|вазифа = Раиси Шӯрои Олии РСС Гурҷистон |
||
|парчам = Flag of Georgian |
|парчам = Flag of the Georgian Soviet Socialist Republic.svg |
||
|аввалдавр = [[12 июл]]и [[1971]] |
|аввалдавр = [[12 июл]]и [[1971]] |
||
|охирдавр = [[14 ноябр]]и [[1990]] |
|охирдавр = [[14 ноябр]]и [[1990]] |
Нусха 12:38, 22 май 2018
гурҷӣ: ირაკლი ბესარიონის ძე აბაშიძე | |
12 июли 1971 — 14 ноябри 1990 | |
Пешгузашта | Двали, Рафаэл Рафаэлович |
Ҷонишин | Гамсахурдия, Звиад Константинович |
|
|
Таваллуд |
10 (23) ноябр 1909 |
Даргузашт |
14 январ 1992 (82 сол) |
Мадфан | |
Ном ҳангоми таваллуд | гурҷӣ: ირაკლი აბაშიძე |
Ҳизб | |
Таҳсилот | |
Касб | шоир, сиёсатмадор |
Фаъолият | шеър |
Ҷоизаҳо |
Ира́клий Виссарио́нович Абаши́дзе (гурҷӣ: ირაკლი ბესარიონის ძე აბაშიძე; 10 (23) ноябр 1909 — 14 январи 1992) — шоир ва ходими ҷамъиятии гурҷӣ, академик АИ РСС Гурҷистон (1960). Раиси Шӯрои Олии РСС Гурҷистон (1971). Раиси Садорати ИН Гурҷистон (1953 — 67), сармуҳаррири Энсиклопедияи Советии Гурҷистон. Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1979).
Зиндагинома
Дар деҳаи Хони губернияи Кутаиси ба дунё омадааст. Шеърҳояш аз соли 1928 чоп шудаанд.
Эҷодиёт
Дар маҷмӯаҳои ӯ «Шеърҳо» (1932), «Шеърҳои нав» (1938), силсилаи шеърҳои «Сурудҳои даравгарон», «Гурия шукуфон аст», «Шаби шикорчиён» (1950 — 51) ва ғайра ҳаёти нав, ишқи Ватан, меҳнати фидокорона ва диловаронаи халқи эҷодкор тараннум шудааст. Дар мавзӯи ҶБВ (1941 — 45) ва корнамоии диловарони ҷанг шеърҳои «Капитан Бухаидзе», «Суруди марди маҷрӯҳ», «Ба хотираи Леселидзе» ва ғайраро офаридааст.
Дар силсилаи шеърҳои «Фаластин, Фаластин» (гурҷӣ: პალესტინა, პალესტინა, 1963, Мукофоти давлатии Гурҷистон ба номи Руставелӣ, 1966), «Бо пайраҳаҳои Руставелӣ» ва (гурҷӣ: რუსთველის ნაკვალევზე; мукофоти ба номи Ҷ. Неру, 1972) ва «Ин сурудҳои Гурҷистони ман аст» (1971) зиндагии душвору мураккаб ва олами ботинии шоири бузурги гурҷӣ тасвир ёфтааст.
Китобҳои «Қаробат» (1966), «Маҷмӯаи шеърҳо» (1982) аз хусуси мавқеи ҷамъиятии шоир, таърихи Гурҷистону халқи кишвар, дӯстии халқҳо ва сулҳ баҳс мекунанд.
Шеърҳои Абашидзе ба забони халқҳои собиқ СССР ва хориҷӣ, аз ҷумла ба забони тоҷикӣ (шеърҳои «Ба шоири Ҳинд», «Ба шоирони Шарқ», «Дӯстиро завол нест», «Се қалъа») чоп шудаанд.
Осор
- Ба шоирони Шарқ, дар маҷмӯа «Эътиқод», Д., 1982.
- Избранные стихи. Тбилиси, 1984
- Ищу заветный след. Москва, Детская литература, 1979. Перевод Е. Евтушенко, Н. Гребнева, М. Максимова, А. Межирова, Н. Тихонова, Б. Ахмадулиной, П. Шубина
- Избранное: Стихотворения. — М., 1979.
Мукофотҳо
- Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (22.11.1979)
- 4 ордени Ленин (17.04.1958; 02.04.1966; 18.12.1969; 22.11.1979)
- ордени Ҷанги ватанӣ дараҷаи 2 (11.03.1985)
- 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат (24.02.1946; 22.12.1959)
- ордени Дӯстии халқҳо (16.11.1984)
- ордени «Нишони Фахрӣ» (31.01.1939)
- медали «Барои шуҷоати меҳнатӣ» (29.08.1960)
- медалҳо
Эзоҳ
Адабиёт
- Маргвелашвили Г. Ираклий Абашидзе. — Тб., 1958.
Пайвандҳо
Ираклий Абашидзе. Сайти «Герои Страны».
- Абашидзе Ираклий Виссарионович // Большая советская энциклопедия : [в 30 т.] / гл. ред. А. М. Прохоров. — 3-е изд. — М. : Советская энциклопедия, 1969—1978.
Сарчашма
Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.
- Зодагони 23 ноябр
- Зодагони соли 1909
- Зодагони Империяи Русия
- Даргузаштагони 14 январ
- Даргузаштагони соли 1992
- Аъзои Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ
- Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ
- Дорандагони ордени Ленин
- Дорандагони ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи II
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Дорандагони ордени Дӯстии халқҳо
- Дорандагони ордени «Нишони Фахрӣ»
- Сарфарозшудагон бо медали «Барои шуҷоати меҳнатӣ»
- Барандагони Мукофоти давлатии ҶШС Гурҷистон ба номи Шота Руставели
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Мақолаҳо дар бораи ходимони давлатӣ бидуни тасвир дар Викианбор