Амалиёти технологӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Саҳифаи нав: '''Амалиёти технологӣ''' — қисми раванди технологӣ, ки коргар ва ё гурӯҳи коргарон дар як к...
 
х иловаи Гурӯҳ:Илмҳои техникӣ бо ёрии HotCat
Сатри 11: Сатри 11:
== Сарчашма ==
== Сарчашма ==
{{ЭМТ}}
{{ЭМТ}}

[[Гурӯҳ:Илмҳои техникӣ]]

Нусха 04:24, 23 май 2018

Амалиёти технологӣ — қисми раванди технологӣ, ки коргар ва ё гурӯҳи коргарон дар як коргоҳ, дар шароити истеҳсолоти автоматӣ бошад, бе иштироки коргарон ё таҳти назорати онҳо иҷро мекунанд.

Амалиёти технологӣ автоматӣ, нимавтоматӣ, мошинӣ, мошиниву дастӣ мешавад. Амалиёти технологӣ бо тағйирнопазирии объекти истеҳсолот ва таҷҳизот ифода меёбад. Амалиёти технологӣ барои муайян кардани ҳосилнокӣ ва банақшагирии кори таҷҳизот, истифода намудани афзору асбоб, назорати сифат ва мӯҳлати иҷроиши кор, инчунин барои меъёрбандии техникаи меҳнат воҳиди асосии ҳисобу китоб ба шумор меравад.

Дар шароити истеҳсолоти автоматонидашуда амалиёти технологӣ қисми анҷомёфтаи раванди технологиест, ки муттасил дар хати автоматии иборат аз якчанд дастгоҳи бо олоти нақлиётию таҳвилӣ бо ҳам пайвастшуда иҷро карда мешавад.


Эзоҳ

Сарчашма

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.