Амаравати: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
No edit summary
х VASHGIRD moved page Амараватӣ to Амаравати
(бе тафовут)

Нусха 04:42, 23 май 2018

Маҳалли аҳолинишин
Амараватӣ
англ. Amaravati
Кишвар  [[|]]
Шаҳр Андхра-Прадеш
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис асри III то м.[1]
Масоҳат
  • 1 170 га
Баландии марказ 36 ± 1 м
Минтақаи замонӣ UTC+05:30[d]
Аҳолӣ
Аҳолӣ 434 тан
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 08645
Нишонаи почта 522020
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Амараватӣ (англ. Amaravati) — шаҳр дар штати Маҳараштраи Ҳиндустон, дар соҳили рости дарёи Кришна.

Таърих

Аҳолии шаҳр 434 ҳазор нафар (2010) мебошад. Амаравати бо ёдгориҳои меъмориаш машҳур буда, туризм ва истеҳсоли матоъҳои пахтагӣ манбаъҳои асосии даромадаш мебошад.

Ёдгориҳои таърихӣ

Амаравати яке аз марказҳои буддоияи аҳди қадим буда, дар ҳудуди он осори меъмории давраи давлатдории Сатаваханҳо (махсусан сулолаи Андҳра) боқӣ мондааст. Машҳуртаринаш ступа – мақбара-маъбади (гунбазшакл) мансуби а. 2 пеш аз мелод, муқаддасоти буддоиён мебошад. Нигораҳои рӯидевории ин маъбуда, ки ба рӯзгору ҳаёти заминии Буддо ва таълимоти ӯ дахл доранд, хеле ҷолибанд. Девори давродаври он чаҳор дарвозаи ба чаҳор самти олам нигаронидашуда дошта, бо услуби хоси санъати буддоӣ (сутунҳо ва пайкари шерҳо) оро дода шудаанд. Маъбадҳои дертар биноёфта дорои барелйефҳои гуногунмазмун, аз ҷумла тасвири апсарҳо – олиҳаҳои рақсанда («раққосаҳои илоҳитабор»-и бошишгоҳи шоҳони Андҳра) мебошанд.

Баъзе намунаи муҷассамаҳои Амаравати дар осорхонаҳои Мадрас ва Британия маҳфузанд. Мактаби пайкарасозии Амаравати ба санъати буддоии Ҳиндустони Ҷанубӣ ва Шри-Ланка таъсири амиқ расондааст.

Эзоҳ

Сарчашма

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.