Ёрмуҳаммади Сучонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ёрмуҳаммади Сучонӣ
Ёрмуҳаммад Назармамадов
Таърихи таваллуд 1955(1955)
Зодгоҳ деҳкадаи Сучон, ноҳияи Шуғнон, ВАКБ, ҶШС Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ  Тоҷикистон
Пеша олим

Ёрмуҳаммади Сучонӣ (Ёрмуҳаммад Назармамадов; 1955, деҳкадаи Сучон, ноҳияи Шуғнон, ВАКБ, ҶШС Тоҷикистон) — рӯзноманигор, муҳаққиқи таъриху фарҳанг.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ёрмуҳаммади Сучонӣ соли 1955 дар деҳкадаи Сучони ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дида ба ҷаҳон кушодааст. Хатмкардаи (1977) факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин мебошад. Дар Радиои Тоҷикистон, матбуоти даврии тоҷик ва энсиклопедияи миллии тоҷик кор кардааст. Солҳои охир корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон аст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллифу мураттиби «Тақвими фарҳангӣ» (2002, 2003), «Тақвими санаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2013, 2014, 2015, 2016)[1], «Солнома — мавлудномаи ашхоси шинохташудаи Тоҷикистон», «Дорандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт», «Дорандагони Ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт» мебошад. «Китобхонаи миллии Тоҷикистон. Маълумотнома», «Арбобони фарҳанги тоҷик» омодаи чопанд. Таҳияи «Соҳибунвонҳо ва ҷоизадорони Тоҷикистон» анҷом ёфтааст. Дар матбуоти даврии тоҷик беш аз 300 матолиб ба табъ расонидааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]