Адаптатсия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Адаптатсия (аз лотинӣ adaptation – мутобиқат, созгорӣ) — қобилияти ба шароити муҳит мутобиқ гаштани мавҷудот. Дар натиҷаи адаптатсия мавҷудот ҳангоми тағйир ёфтани шароити сукунат аз маҳвшавӣ эмин мемонад. Дар ҷараёни таҳаввулот аксар аломату хусусиятҳое, ки дар як шароит ба вуҷуд меоянд, дар шароити нав нодаркор ва ҳатто зарарнок мешаванд. Таҳаввулоти дивергентӣ ва конвергентӣ навъҳои адаптатсия мебошанд. Ҳангоми таҳаввулоти дивергентӣ аз як сарнасли умумӣ мавҷудоти ҷойи сукунаташон гуногун инкишоф меёбанд. Масалан, ҳамаи ҳайвоноти ширхӯри ҳамроҳакдор, ки дар шароити гуногун зиндагӣ мекунанд (гавазну заргӯш дар рӯи замин, маймуну санҷоб дар дарахт, кит дар об ва ғайра), аз ҷонварони панҷадори ҳашаротхӯр ба вуҷуд омадаанд. Бо вуҷуди ин, дар натиҷаи адаптатсия миқдор ва шакли дандонҳо, дарозӣ ва миқдори устухонҳои дасту по, зичӣ ва ранги мӯйи онҳо тағйир ёфтаанд. Дар аснои таҳаввулоти конвергентӣ намуди зоҳирии баъзе ҳайвоноте, ки пайдоишашон гуногун аст, бинобар якхела будани шароити зиндагӣ монанд мешавад. Масалан, пойҳои кӯрмуш ва калламуши халтадор дар натиҷаи адаптатсия барои заминканӣ мувофиқ гаштаанд, ҳол он ки ғизои кӯрмуш ҳашарот буда, ғизои калламуши халтадор ҷонвари хоянда аст. Организмҳо аз нигоҳи физиологӣ низ ба шароити сукунат мутобиқ мешаванд. Масалан, дар натиҷаи адаптатсия баъзе ҳайвонот ба хоби зимистона мераванд, парандаҳо ба мамлакатҳои гарм мекӯчанд ва ғайра.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]