Айбдоршаванда

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Айбдоршаванда дар асоси м.48 КМҶ ҶТ шахсе ҳисоб мешавад, ки дар хусуси ӯ аз рӯйи тартиби муқарраркардаи қонун дар бораи ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашидан қарор бароварда шудааст. Қонунҳои мурофиавии ҷиноятӣ ба мақомоти таҳқиқу тафтишот, прокуратура ваколат додааст, ки ҳар як ҷинояти содиршударо ошкор кунад, далелҳои басандаро ҷамъ намуда, шахсро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашад, чораҳои пешгирӣ татбиқ намояд, амалиётҳои тафтишотиро гузаронида, ҷиноятҳоро исбот намояд. Дар баробари ин қонун муфаттиш ва шахси таҳқиқбарандаро вазифадор менамояд, ки ҳуқуқҳои айбдоршавандаро, ки онҳо дар қ.2 м.48 КМҶ ҶТ нишон дода шудааст, таъмин намояд. Қонуни мурофиавӣ кафолатҳои таъмин намудани ҳуқуқҳои айбдоршавандаро нишон дода таъкид кардааст, ки дар ҳолати риоя нашудани ин ҳуқуқҳо оқибатҳои муайян ба вуҷуд меояд. Айбдоршаванда иштирокчии мурофиа мебошад. Ӯ ҳақ дорад барои амалӣ намудани ҳуқуқҳои худ талошҳо кунад, арзу илтимосҳо намояд. Айбдоршаванда метавонад оид ба айби эълоншуда нишондод диҳад, хоҳиш намояд, ки бо иҷозати муфаттиш дар гузаронидани амалиётҳои тафтишотӣ иштирок кунад. Нишондоди айбдоршаванда яке аз намудҳои далел ба ҳисоб меравад, ӯ дар нишондоди худ метавонад иқрор шавад, метавонад айби эълоншударо рад кунад, умуман нишондод надиҳад. Дар давраи тафтишот муфаттиш вазифадор аст, ки ҳолатҳои парвандаро ҳаматарафа пурра ва холисона тадқиқ намуда, ҳам ҳолатҳои вазнинкунанда ва ҳам ҳолатҳои сабуккунандаи кирдорро санҷад. Қонуни мурофиавӣ ҳуқуқҳои мурофиавии айбдоршавандаро нишон дода қайд кардаасг, ки айбдоршаванда метавонад талаб намояд, ки ба ӯ чӣ гуна айбро бор карданианд, мушаххастар ин айб аз кадом ҷиноятҳо иборат аст. Муфаттиш вазифадор аст. ки тибқи талаботи м. 142 КМҶ ҶТ қарор дар бораи ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашидан барорад. На дертар аз ду шабонарӯз айбдоршавандаро бо мазмуни қарор шинос намуда, ӯро ба сифати айбдоршаванда пурсад (м. 147 КМҶ ҶТ). Дар навбати худ айбдоршаванда ҳақ дорад, ки оид ба айби эълоншуда баёнот диҳад. Айбдоршаванда баъд аз эълон кардани айбдорӣ ҳақ дорад оид ба пурсиши шоҳидҳои нав, гузаронидани экспертиза, ревизия ва дигар ҳаракатҳои тафтишотӣ дархост намояд. Муфаттиш вазифадор аст. ки оид ба рад намудани дархостҳои айбдоршаванда қарори асоснок барорад. Айбдоршаванда метавонад аз болои ҳаракатҳои муфаттиш ба прокурор арз кунад (м.219 КМҶ ҶТ). Айбдоршаванда баъд аз тамом шудани тафтиши пешакӣ ҳуқуқи бо ҳамаи маводи парванда шинос шудан дорад (м.201 КМҶ ҶТ).[1].

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.29-30