Аккосӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Аксбардорӣ)

Аксбардорӣ, фотография (аз юн. photos — рӯшноӣ + grapho — менависам, сабти рӯшноӣ)

  1. Маҷмӯи методҳои бавуҷудоварандаи тасвир бо роҳи акскунонидани нурҳои равшанидиҳанда ва ё инъикосшуда дар рӯйи матоъи эҳсоскунандаи нур ва қабули минбаъдаи ин тасвирот ба матоъи шаффоф ва ё ношаффоф. Усули нави аккосӣ ба истифодаи таҷҳизоти нурпошӣ вобаста аст. Дар ин марҳила тасвир яклухт набуда, ба сигналҳои электромагнитие вобаста аст, ки болои ҷузъҳои тасвир меафтанд. Ин равия зуд инкишоф ёфт, вале аксбардории рақами аккосиро бо технологияи компютерӣ муваффақ кунонд;
Дастгоҳи аккосии Canon EOS-1V
  1. Тасвири асл (муаллифӣ, нашриётӣ), ки тасвири позитивии дар акскоғаз инъикосшударо мефаҳмонад ва барои истеҳсоли матбаавӣ ба кор меравад. Сиёҳу сафед ва ранга мешавад.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Муродов М. Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ. Муҳаррир Ш. Комилзода. — Душанбе: Аржанг, 2016. — 480 с. — С. 9. ISBN 978-999-47-43-37-7