Алт (сози мусиқии торӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Алт — сози тории камончадоре, ки сохти скрипкаро дошта, ҳаҷман калонтар аст. Сабаби аз скрипка (violino) паст садо додани алт ин аст, ки ҳаҷман аз он калонтар буда, ба қадри квинта (панҷ садо) паст ҷӯр мешавад. Торҳои алт чунин ҷӯр доранд: тори IV — до (с), тори III — сол (д), тори II — ре1 (d1), тори I — ля1 (а1). Меъёри овози алт аз «до»-и октаваи хурд то «ми»-и октаваи сеюмро фаро мегирад. Нотаҳо барои соз дар мифтоҳи алт ва скрипка навишта мешаванд. Тарзи навохтану хусусиятҳои овозбарории алт ба скрипка шабоҳат дорад. Намунаҳои нахустини Алт ҳанӯз дар миёнаи асри XVI пайдо шуда буданд. Устои бузурги итолиёӣ скрипкасоз А. Страдивари намунаҳои беҳтарини Алтро кор карда баромадааст. Муддати зиёд аст, ки Алт дар квартетҳои торӣ истифода бурда мешавад. Дар оркестр алт дар гурӯҳи созҳои тории камончадор баъди скрипкаҳо навишта шуда, овозҳои мобайнро пурра месозад. Алт ҳамчун сози якканавозӣ низ аз миёнаи асри XIX маъмул аст. Дар ансамбл (иштирокчии ҳатмии квартети созҳои камончадор) ва оркестри симфонӣ (одатан дар оркестр 8 — 10 алтнавоз) истифода мешавад. Алтро чун сози якканавозӣ низ ба кор мебаранд.

  • Сози мисини нафасие бо унвони «Алтгорн», ки дар оркестрҳои нафасию ансамблҳо истифода мебаранд.
  • Овози пасти занона (ба таври дигар контралто) ва овози пасти кӯдакона - Алт номида мешавад.
  • Партияи овозҳои пасти занонаро, ки дар хорҳо ва ансамблҳои овозӣ вуҷуд доранд, низ Алт меноманд.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.18. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]