Анвар Бобоҷонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Анвар Бобоҷонов
Анвар Қӯзиевич Бобоҷонов
Таърихи таваллуд 15 феврал 1948(1948-02-15)
Зодгоҳ Истаравшан, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 14 декабр 2010(2010-12-14) (62 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар номаълум
Фазои илмӣ таърих, варзиш
Ҷойҳои кор Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (1975)
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1987)

Анвар Бобоҷонов (Бобоҷонов Анвар Қӯзиевич; 15 феврали 1948, Ӯротеппа, вилояти Ленинобод — 14 декабри 2010, Душанбе) — таърихнигор, доктори илмҳои таърих (1999), профессор (2002), Мураббии шоистаи ҶТ (1994).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Анвар Бобоҷонов хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (1975) ва шуъбаи ғоибонаи факултети таърихи УДТ (1987). Коргари 3аводи консервии шаҳри Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан, 1969—1971), директори Мактаби варзишии назди Шӯрои Ҷамъияти марказии ихтиёрии варзишии Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон (1975—1977), ноиби ректор оид ба варзиш ва тарбияи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (1977—1979), раиси Шӯрои Ҷамъияти марказии ихтиёрии варзиши Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон (1979—1983), мудири кафедраи техникӣ (1983—1992) ва ноиби ректор оид ба илми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (1993—1994). Аз соли 1995 мудири шуъбаи варзиш, таълимоти олимпии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Анвар Бобоҷонов аз соли 1973 ба корҳои илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи таърихи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон машғул аст. Соли 1990 дар мавзӯи «Инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ҶШС Тоҷикистон дар солҳои 1971—1985» рисолаи номзадӣ ва соли 1998 дар мавзӯи «Таърихи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон дар солҳои 1917—1997» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 50 китобу дастури таълимӣ ва мақолаҳои илмӣ дар соҳаи варзиш. Таҳти роҳбарии ӯ 3 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд. Анвар Бобоҷонов ҳамчун узви комиссияи давлатӣ дар таҳияи Қонуни ҶТ «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» (1997), «Консепсияи миллии инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни ҶТ «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» (2007) иштирок намудааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Қоидаи гӯштини миллӣ ⁄⁄ Гӯштингирӣ. Д., 1983;
  • Становление и развитие Таджикского института физической культуры им. М. И. Калинина. Д., 1986;
  • Шахпаймоён. Д., 1987; Гӯштини миллии тоҷикон. Д., 1996;
  • Варзиши миллӣ ва бозиҳои тоҷикон. Д.,1997;
  • Спортивный век Таджикистана. Д., 1998;
  • Таърихи тарбияи ҷисмонии тоҷикон. Д., 2007.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]